Хабарҳо
«DUSHANBE CUP»
Навраси тоҷик ғолиби мусобиқа шуд
Сомон Амонов, теннисбози тоҷик, дар Мусобиқаи байналмилалии «Dushanbe Cup» байни наврасони то 14-сола, ки 128 варзишгар аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркия, Эрон, Дания, ИМА, Исроил, Ҳиндустон, Фаронса, Малайзия, Белгия, Украина, Чин ва Олмон иштирок доштанд, барандаи мақоми аввал гашт. Медалҳои нуқра ва биринҷиро Анатолий Тсибулко (Қазоқистон) ва Саидамир Саидазимов (Ӯзбекистон) гирифтанд.
Байни духтарон Вероника Лян, Кейра Ким, Муслимахон Турдимуродова аз Ӯзбекистон ҷойҳои ифтихориро ба даст оварданд.
Дар қувваозмоиҳои ҷуфтӣ миёни писарон Сомон Амонов (Тоҷикистон), Анатолий Тсибулко (Қазоқистон) ғолиб шуданд. Миёни духтарон Кейра Ким, Олеся Петрова (Ӯзбекистон) пирӯз омаданд.
Ба иттилои Абдурасул Муҳиддинов, ноиби раиси Федератсияи тенниси Тоҷикистон, соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи байналмилалии «Dushanbe Open» (23 – 28 апрел), «Tajikistan Open» (2 – 7 май), Ҷоми Федератсияи тенниси Тоҷикистон (9 – 14 май), Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба теннис (8 – 13 август), «Dushanbe Open» (15 – 20 август), «Dushanbe Cup» (3 – 8 октябр) ва «Somoni Cup» (10 – 15 октябр) миёни наврасон ва ҷавонон дар назар аст.
Носир Бозор – сармураббии мунтахаби бонувони Тоҷикистон оид ба ҷудо
Тибқи иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Носир Бозор сармураббии дастаи мунтахаби бонувони кишвар оид ба ҷудо таъин шуд.
Мавсуф Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ аз намуди гӯштии самбо ва ҷудо, дорандаи литсензияи дараҷаи байналмилалии «А», Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ҳамчунин, президенти Федератсияи кураш ва сармураббии тими мунтахаби самбои кишвар мебошад.
Акнун, дар дастаи мунтахаб Муҳаммадмурод Абдураҳмонов мардонро ва Носир Бозор бонувонро тамрин медиҳанд.
Дастаи Станислав Черчесов чемпиони Маҷористон гардид
Тими футболи «Ферентсварош» зери роҳбарии сармураббии рус Станислав Черчесов пеш аз муҳлат чемпиони Маҷористон шуд.
Бар пояи иттилои сомонаи sports.ru, ин 3-юмин ҷоиза дар корномаи мураббигии мутахассиси рус мебошад. Қаблан, бо «Легия» чемпион ва барандаи Ҷоми Лаҳистон дар масими 2015/16 гашта буд.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 6041