иқтисод
ҶОМЕА. ВАЗЪИ ПАРТОВГОҲҲО ДАР МАҲАЛ НИГАРОНКУНАНДА БОҚӢ МЕМОНАД!
Тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист кафили саломатӣ ва болидаруҳӣ буда, масъулияти ҳар як шаҳрванди кишвари азизамон ба шумор меравад. Агар хоҳем, ки рӯзгори обод, зиндагии бофароғат, фарзандони тансиҳату солимфикр дошта бошем, пас моро мебояд, тозакору муҳитпарвар ва бунёдкори ҳаёти хеш бошем. Вале, мутаассифона, на ҳама дарки ин маънӣ кардаем. Агар тавони тоза кардани партовҷойҳоро надорем, бояд ба партовгоҳ табдил додани ин ё он ҷойи маҳали зист раҳ надиҳем. Гарчанде дар батанзимдарории ин ҳолатҳо ниҳодҳои махсус вазифадоранд, вале дар якҷоягӣ мо метавонем дар сатҳи баланд ба иҷрои ин кор муяссар шавем.
Тавре аз суҳбат бо масъулон ва сокинон бармеояд, дар бисёр шаҳру навоҳии кишвар гирду атрофи партовгоҳҳо кушода буда, боиси озурдагӣ ва нороҳатии сокинон гаштааст. Масалан, дар даромадгоҳи ноҳияи Файзобод, қисмати шарқии он партовгоҳи доимӣ тибқи қарори раиси ноҳия ҷойгир шудааст, ки таъсири он ба муҳити атроф зиёд ба назар мерасад. Аз ҷумла, партов дар соҳили дарёи Элок ғун омада, бо омадани селоб пурра шуста мешавад ва аз ин ҳисоб захираҳои обӣ чун манбаи ҳаёт ва зебоии табиат зарар мебинанд. Партовгоҳ, инчунин, ба оромгоҳи дарноҳиябуда таъсири манфӣ мерасонад, ки ин вазъи баамаломада сокинонро ба ташвиш овардаву боиси шикоят карданашон гардидааст.
Дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Спитамен бошад, гирду атрофи партовгоҳҳо девор гирифта нашудаву нигоҳдории онҳо ба талаботи экологӣ ҷавобгӯ нест. Партовгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ тамоман хусусӣ гардонда шудааст. Ин ҷо яке аз сокинони ноҳия замини барои нигоҳдории партовро аз худ карда, ба идораи хоҷагии манзилию коммуналӣ барои кашондани пасмондаҳо меъёр гузоштааст. Ҳол он ки қоидаи дуруст (зери хок) ва ботартиб ҷо кардани партов дар партовгоҳ аз тарафи худи ӯ риоя намешавад. Дар кӯчаи Соҳилии шаҳри Ҳисор бошад, аз сабаби шартнома набастани баъзе сокинон бо идораи хоҷагии манзилию коммуналӣ канали “Хонақоҳ” зарар дида истодааст. Бинобар сабаби набудани нуқтаҳои партовҷамъкунӣ вазъ, бахусус дар деҳотҷойҳо, бисёр ташвишовар мебошад. Хусусан, дар деҳоти дурдаст, ҳолати пайдоиши партовҷойҳои ғайрирасмию парешон дар маркази ҷамоатҳо, деҳаҳо, қад-қадди роҳҳо, ҷӯю обравҳо ва соҳилҳои дарёҳо ба миён омадааст.
АЗ ИФЛОСШАВИИ МУҲИТИ ЗИСТ ТО КОРИ ИДОРАҲОИ МАСЪУЛ
Ифлосшавии муҳити зист аз партовҳо ба одам тавассути ҳаво, об, хӯроки иборат аз маҳсулоти рустанӣ таъсири бад мерасонад. Пайвастагиҳои кимиёие, ки ба хок дохил мешаванд, ҷамъ шуда, ба мавҷудоти дигар низ, зарар мерасонанд. Аз ин ҳисоб ҳосилхезии заминҳо вайрон мешавад. Муҳимтар аз ҳама, манбаъҳои обии кишварамон зарари ҷиддӣ мебинанд.
Ба иттилои Ҳасан Асоев, коршиноси соҳаи экология, бо пешрафти илму техника чор унсури табиат, аз ҷумла об ва захираҳои обӣ, бештар осеб дида истодаанд. Хавфи таъсиррасонӣ марҳила ба марҳила сурат мегирад, хусусан аз таъсири манфии партовҳои кишоварзӣ ва сахти маишӣ, оби кӯлу дарёҳо зудтар ифлос мешаванд. Ҳамчунин, партов аз корхонаҳои саноатӣ ва ташноб сифати обро ба таври назаррас мекоҳонад. Барои ин, вусъат додани санҷишу омӯзиши сифати обҳо бо назардошти беҳбудии фаъолияти озмоишгоҳҳо ва коркарди оби партов нақши пешгирикунанда мебозад.
Дар ҷумҳурӣ барои ба танзим даровардани партовҳо Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҳамчун мақоми ваколатдор, КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” чун идораи хизматрасон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муваззафанд.
Кумита ва бахшҳои он дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳо пайваста ташаббусҳои экологии “Тозагии маҳал” ва “Тозагии соҳил” гузаронда, соли сипаришуда бо ҷалби намояндагони табақаҳои гуногуни аҳолӣ ба миқдори 9 244 м3 партов ба партовгоҳҳои расмӣ бароварда шуд. Чанде пеш дар расонаҳои хабарӣ дар бораи аз оғози сол дар пойтахти кишвар ва дигар шаҳру ноҳияҳо гузарондани чунин ташаббусҳо низ иттилоъ расид, ки ин аз ҳисси масъулияти раёсату бахшҳои ҳифзи муҳити зист дарак медиҳад. Вале бо сабаби он ки шумораи аҳолӣ сол ба сол меафзояд, дар як рӯз як нафар наздики 1 кило ва корхонаю муассисаҳо солона 114,3 кило партов мебароранд, кумита иқтидор ва тавоноии сари вақт тоза кардани онро надорад. Аз ин рӯ, ба кор бештар нозирони минтақавӣ ҷалб карда мешаванд.
КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” дар навбати худ (аз соли 2001 инҷониб) ба аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо хизматрасонии санитарӣ анҷом дода, ҳамасола то 500 ҳазор метри мукааб партов бароварда, дар партовгоҳҳо безарар мегардонад.
Ба иттилои Аҳлиддин Хоҷаев, сардори шуъбаи истифодабарии хоҷагии манзилию коммуналӣ, гармидиҳӣ ва механикии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, идораи мазкур ҳарчанд худмаблағгузор бошад ҳам, барои ба аҳолӣ расондани хизматрасонии босифат кӯшиш менамояд. Дар тавозуни корхона 52 партовгоҳ мавҷуд аст, ки ба ғайр аз партовгоҳҳои шаҳрҳои Бохтар ва Хоруғ, боқимонда бинобар сабаби маҳкам набудани атрофашон ба талаботи экологӣ ҷавобгӯ нестанд.
Маълум гардид, ки нуқтаҳои партови ба талабот ҷавобгӯнабуда дар ноҳияҳое ҳастанд, ки идораи хоҷагии манзилию коммуналӣ надоранд. Дар ҷумҳурӣ 63 шаҳру ноҳия мавҷуд аст, ки танҳо 12 шаҳру ноҳияи он идораи хоҷагии манзилию коммуналӣ дорад. Дар ин ҷо низ аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ барои ташкил ва ободонии партовгоҳҳои марказӣ маблағҳои мақсаднок ҷудо намешаванд. Ҳол он ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ барои ташкил ва ободонии иншоотҳои коммуналӣ ҷудо намудани маблағҳо муқаррар гардидааст. Дар ноҳияҳо барои ташкили партовгоҳҳои нав танҳо қитъаи замин ҷудо шудаасту халос.
ЛОИҲАҲО ДУРУСТ АМАЛӢ НАМЕШАВАНД
Тибқи маълумоти расмӣ, дар тавозуни корхонаҳои тобеи КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” 538 техникаи махсуси коммуналӣ қарор дошта, аз ин 233 адад барои партовкашӣ аст. Ин миқдор техника агар барои тоза кардани партову пасмондаҳо дар шаҳри Душанбе расидагӣ кунад, барои шаҳру деҳоти дигар нокифоя аст. Таъминот ва барқарорсозии техникаю дигар иншооти коммуналӣ ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ низ вобаста мебошад. Дар ин хусус аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳо дархостҳои лоиҳавӣ оид ба ҷалби маблағҳои сармоягузорони дохилию хориҷӣ ба Барномаи давлатии сармоягузорӣ барои солҳои 2016 - 2018 ва 2019 - 2021 низ, ворид шуданд, аммо амалӣ нагардиданд. Танҳо чанд лоиҳаи “Идоракунии партовҳои сахти маишӣ” қисман иҷро шуда, асосан, шаҳрҳои Бохтар ва Хоруғро фаро гирифтанд. Дар доираи лоиҳа, дар шаҳри Бохтар 56 нуқтаи ҷамъоварии партов бо қуттиҳо ва рӯшноӣ таъмин гардида, дар партовгоҳи доимии шаҳри Левакант шароити ба навъҳо ҷудо кардани партов фароҳам оварда шуд. Аммо, бо вуҷуди ин, ҳолати ифлоскунии ҷӯйбори “Хонум” дар шаҳри Бохтар ба мушоҳида мерасад. Ҳанӯз ҳам партови истеъмолӣ (пасмондаи хӯрок) на ба қуттии ба навъҳо ҷудошуда, балки ба каналу ҷӯйборҳо партофта мешавад ва аксари ҳолатҳои ғайриқонунӣ ошкоргардида низ, ба ин ҳол мансубанд. Дар доираи татбиқи лоиҳа дастгоҳи безараргардонии лампаҳои каммасраф низ бояд насб мешуд, мутаассифона, иҷро нагардид. Лоиҳаҳо ду - се маротиба тамдид ёфта, то ҳол идома доранд.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.04.2022 №: 81 Мутолиа карданд: 1829