иҷтимоиёт
ШЕЪРУ ШОИР. ШУНИДАН КАЙ БУВАД МОНАНДИ ДИДАН!
Моҳи апрелро кӯдакону наврасони мо бесаброна мунтазир мешаванд, зеро дар ин моҳ ҳамасола Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон баргузор мегардад. Ин ҳамоиши муҳими фарҳангӣ имкон медиҳад, ки фарзандони мо бо адибони дӯстдоштаашон рӯ ба рӯ вохӯрда, ба саволҳои худ посух ёфта, инчунин, шеъру таронаҳои навқаламонаи худро пеши адибон қироат намоянд. Таъсири чунин вохӯриҳо ба мафкура ва ҳатто ояндаи насли нав таъсири амиқ дорад.
Кӯдакону наврасон, ки ояндаи миллатанд, тадриҷан дарк менамоянд, ки танҳо илму дониш шахсиятҳои бузургро ба камол расондааст ва ин мақому эҳтиромро бе мутоила наметавон молик шуд. Ба ин хотир, чорабинии мазкур дар бисёре аз ноҳияҳои кишвар баргузор шуда, сол ба сол доираи фарогирии он зиёд мегардад.
Ҷашнвораи мазкур, ки бо ташаббуси Вазорати фарҳанги кишвар доир мегардад, ҳамаи шаҳру навоҳии мамлакатро фаро гирифта, бисёр хотирмон ва пурмуҳтаво мегузарад. Дар баробари ин, аз вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хоҳиш мекардем, ки вохӯрии шоирону нависандагон барои калонсолон низ, ҳамасола гузаронда шаванд.
Ёд дорем, ки дар замони шуравӣ бо иштироки адибони маъруф, ба мисли Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Раҳим Ҷалил, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир ва Гулрухсори Сафӣ бо хонандагону мухлисони шеър маҳфилҳо баргузор мегардиданд. Дар толор, клуб ва хонаҳои маданият ҷойи нишаст намеёфтед. Аз чунин маҳфилҳо ҷавонон пурра бо андешаву тафаккури нав, нақшаҳои тозаву созанда бадар меомаданд.
Мутафаккире фармудааст: «Таърихи ҷаҳон аз саргузаштҳои инсонҳои бузург иборат аст». Ин андеша бори дигар собит мекунад, ки суҳбати одамони наҷиб ва шахсиятҳои таъсиргузор ба зеҳни ҷавонон қобили ситоиш аст. Агар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон тавассути шуъбаи тарғиби адабиёт адибонро ба дидори мухлисони ошиқони сухан расонанд, метавонем ба мақсадҳои неки худ зудтар бирасем. Албатта, барои ин маблағ ва мошини махсус лозим аст. Дар ин маврид, ба Иттифоқи нависандагон вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм дасти мадад расонанд, шод мешавем.
Дар рустоҳои дурдасти кишвар ҳазорон пиру барно умр ба сар мебаранд, ки боре ҳам дар маҳфилҳои ширу шакар, тарона, театр ва синамо набудаанд. Мароми рӯзгорашон ранҷ бурдан дар сари замин ва пеш бурдани рӯзгор аст. Агар ба пеши онҳо шоир равад, ҳунарманд равад, дилаш шод ва рӯҳаш чӣ қадар болида мешавад, тасаввурнопазир аст. Лаззате, ки аз вохӯриву суҳбати зинда кас мебардорад, бо кайфияти маҷозии он ҷои қиёс надорад. Беҳуда мардум нагуфта: «Шунидан кай бувад монанди дидан!»
Фарангез ОДДИЕВА,
омӯзгори Гимназияи ба номи Асадулло Ғуломов,
ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.04.2022 №: 81 Мутолиа карданд: 551