Хабарҳо
Ҷаҳон дар як сатр
Мир24. Президентҳои Россия ва Туркия Владимир Путин ва Реҷеп Тайип Эрдоган зимни суҳбати телефонӣ вазъи Украинаро баррасӣ карданд. Дар ин бора котиби матбуоти Роҳбари Россия Дмитрий Песков хабар дод.
Lenta.ru. Вазири корҳои хориҷии Россия Сергей Лавров лаҳзаи ҳақиқатро дар муносибатҳои байналмилалӣ эълон кард. Ба гуфтаи вай, дар ояндаи наздик ҷаҳон бояд тасмим бигирад, ки оё башарият ба Оинномаи СММ амал мекунад ё иҷоза медиҳад, ки фишори як тарафи ҷудогона бо гурӯҳи давлатҳои расман мустақил, ки дар зери таъсири сиёсию иқтисодии давлати дигар қарор доранд, барқарор шавад.
Lenta.ru. Агенти давлатии Сурия SANA гузориш дод, ки неруҳои мудофиаи зиддиҳавоии Сурия ҳамлаи ҳавоии Исроилро дар осмони пойтахти ин кишвар зада гардонданд.
RT. Сафири Уругвай дар Москва зимни мусоҳиба бо рӯзномаи «La Ere» гуфт, ки кишвараш ҳеҷ гуна таҳримоти иқтисодӣ алайҳи Россия ҷорӣ накардааст ва онро пуштибонӣ наменамояд. Уругвай, инчунин, ҷонибдори рушди тиҷорат бо Россия мебошад.
ТАСС. Як шаҳрванди Малайзия, ки дар интиқоли қочоқи маводи мухаддир гунаҳкор дониста шуд, дар Сингапур эъдом гардид.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 8944