logo

Хабарҳо

Маскав ва Пекин инфрасохтори заруриро барои тиҷорат бо асъори миллӣ фароҳам овардаанд

РИА Новости. Маскав ва Пекин тамоми инфрасохтори гузариш ба тиҷорат бо асъори миллиро бунёд кардаанд. Дар солҳои охир афзоиши ҳиссаи муомилот бо рубл ва юан дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила мушоҳида мешавад,- гуфт муовини вазири корҳои хориҷӣ Игор Моргулов.
"Дар мавриди ҳисоб-баробаркуниҳои мутақобила, рӯй-додҳои ахир рӯшан нишон доданд, ки маҳз асъори миллӣ боэътимодтарин ва бехатартарин шакли пардохт мебошанд. Мо дар ин самт бо Чин инфрасохтори зарурӣ бунёд кардем: дар Россия як бонке мавҷуд аст, ки барои пардохти юан ваколатдор шудааст, ҷуфти рубл-юан дар биржаи Маскав муомила карда мешавад ва байни бонкҳои марказӣ созишнома дар бораи мубодилаи асъор баста шудааст", - таъкид кард дипломат.
Ба гуфтаи Моргулов, солҳои ахир саҳми асъори миллӣ дар муомилоти Россияву Чин ба таври назаррас афзуда, дар нимаи аввали соли гузашта ҳудуди 25 дарсадро ташкил додааст.
 
 
 
Беларус дар ҷаласаи Комиссияи СММ оид ба аҳолӣ ва рушд ширкат кард
Мир24. Беларус омода аст бо тамоми шарикони байналмилалӣ муколамаи созанда, эҳтиромона ва мутақобилан судмандро анҷом диҳад. Дар ин бора муовини намояндаи доимии Беларус дар СММ Павел Евсеенко дар ҷаласаи Комиссияи аҳолӣ ва рушд изҳор дошт.
«Беларус даъват мекунад, сиёсати хашмгинона, ки имрӯз системаҳои иқтисодиро халалдор месозад ва ҷаҳонро ба вартаи фақру гуруснагӣ тела медиҳад, хотима ёбад. Имрӯз рушди устувори ҳар як миллат ба муколама, амал ва тасмимҳои ҳамаи кишварҳо вобаста аст», - гуфт Евсеенко.
Дипломат ёдовар шуд, ки Беларус ду сол боз таҳти фишори фаъоли Ғарб қарор дорад. Вайрон кардани занҷирҳои таъминот ва мушкилоти ғизо, инчунин, ба давлатҳое, ки чораҳои маҳдудкунандаро оғоз кардаанд, таъсири манфӣ мерасонад. Беларус чунин мешуморад, ки ин бояд қатъ карда шавад. Тибқи маълумоти СММ, тақрибан ду миллиард нафар дар ҷаҳон аз норасоии ғизо ранҷ мебаранд.
 
 
 
Мулоқоти Путин бо Гутерриш  
 
Мир24. Президенти Россия Владимир Путин дар Кремл бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш мулоқот кард. Роҳбари Россия дар бораи чӣ гуна ҷараён доштани музокирот бо Украина сухан гуфт.
«Мо ҳанӯз умедворем, ки бо роҳи дипломатӣ ба созишҳо ноил мешавем. Мо дар ҳоли гуфтушунидем ва онро рад намекунем. Гузашта аз ин, зимни музокирот дар Истанбул мо тавонистем ба як пешравии хеле ҷиддӣ ноил гардем. Гуфтушунид идома дорад ва он дар шакли онлайн баргузор мешавад. Бо вуҷуди ин, умедворам, ки ин моро ба натиҷаи мусбат мерасонад», - таъкид кард Президенти Россия.
«Мо аз муколамаи ду кишвар ва аз иродаи нек барои пешбурди он ҷонибдорӣ мекунем», - гуфт дар навбати худ Дабири кулли СММ. Владимир Путин, ҳамчунин, иброз дошт, ки Россия ҳамеша аз СММ пуштибонӣ мекунад ва онро як созмони универсалӣ ва беназир медонад.
 
 
 
Чин: «Масъулони ҳамлаи террористӣ дар Карочӣ муҷозот хоҳанд шуд»
 
Синхуа. Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Чин дар шарҳи ҳамлаҳои террористӣ дар Карочии Покистон гуфт, ки хуни чиниҳо набояд беҳуда рехта шавад ва ҳар касе дар ин ҷиноят даст дорад, ҳатман ҷавоб хоҳад дод.
Ба гуфтаи дипломати чинӣ, рӯзи сешанбе як микроавтобуси мусофирбари Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишгоҳи Карочӣ тарконда шуд, ки дар натиҷа се омӯзгори чинӣ кушта ва як нафари дигар захмӣ шуд. Дар миёни покистониҳо низ қурбониҳо зиёданд. Вай гуфт, ки Чин маҳкумияти шадиди худро аз ин ҳамлаи террористӣ, ҳамчунин, таслияти амиқ барои талафоти ҷонӣ ва ҳамдардии самимӣ ба қурбониён ва наздикони қурбониён баён мекунад. 
Ёрдамчии вазири корҳои хориҷии Чин У Сзянхао аз ҷониби Покистон тақозо кард, ки билофосила таҳқиқи ҳамаҷонибаи ин ҳодиса, боздошт ва муҷозоти масъулони комили қонунро бигирад ва барои таъмини амнияти шаҳрвандони Чин дар Покистон ва ҷилавгирӣ аз такрори чунин ҳодисаҳо тамоми тадобири имконпазирро биандешад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 9124
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед