logo

Хабарҳо

Мавқеи Тоҷикистон дар радабандии амнияти озуқаворӣ 10 зина боло рафт

Даҳумин намояи (индекси) глобалии амнияти озуқаворӣ - 
The Global Food Security Index нашр шуд, ки тибқи он Тоҷикистон мавқеашро соли 2021 нисбат ба соли 2019 даҳ зина беҳтар кардааст. 
Кишвари мо дар ин раддабандӣ 51,6 имтиёз ба даст оварда, миёни 113 мамлакати ҷаҳон дар ҷойи 83-юм қарор гирифт. Тоҷикистон соли 2019 дар мавқеи 93-юм ва соли 2020 дар  зинаи  85-ум буд. Имтиёзи бадастоварда ба Тоҷикистон имкон дод, ки мавқеи худро дар гурӯҳи кишварҳои дорои сатҳи муътадили (муносиби) амнияти озуқаворӣ нигоҳ дорад.
Ба иттилои АМИТ «Ховар», тавре дар пажӯҳиш зикр шудааст, агар соли 2020 дар Тоҷикистон ба ҳар сари аҳолӣ ҳамагӣ 5 кг гӯшт истеҳсол шуда бошад, то охири соли 2021 ин рақам ба 19 кг расидааст. Инчунин, истеҳсоли шир низ боло рафта, аз 51 литр ба ҳар сари аҳолӣ дар соли 2020  то ба 114 литр дар соли 2021 афзоиш ёфтааст.
 
 
Мулоқоти вазири маориф ва илм бо роҳбари БОҶ
Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода дар суҳбат бо Адҳам Мусаллам, роҳбари намояндагии Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, гуфт, ки бо дастгирии БОҶ дар доираи амалисозии кумак оид ба таъмини ғизои мактабӣ дар деҳоти кишвар 435 ҳазору 667 кӯдаки оилаҳои осебпазир дар 2000 мактаби 52 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон бо ғизо таъмин мегардад. Ин наздики 50 дарсади ҳамаи хонандагони синфҳои ибтидоии мамлакатро ташкил медиҳад. 
Ҳамчунин, бо мусоидати Пажӯҳишгоҳи ғизои соҳавии Россия дар озмоиши моделҳои нави ғизои мактабӣ, мутамарказонии он ва ташкили имконият барои ғанигардонии фондҳои ғайрибуҷетии мактаб ёрии амалии техникӣ расонда мешавад. Дар ҳамкорӣ бо шарики техникии худ, яъне Пажӯҳишгоҳи ғизои соҳавии Россия, инчунин, дар мувофиқа бо вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, 50 мактаби пилотӣ аз 15 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ (35 мактаб дар вилояти Хатлон ва 15 мактаб дар водии Рашту шаҳри Роғун) барои таъмири ошхона ва таъмини таҷҳизоти хӯрокпазӣ интихоб гардиданд. То имрӯз 126 лоиҳаи грантии хурд аз ҷониби БОҶ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба маблағи 616 ҳазор доллари ИМА амалӣ шудааст.
 
 
Муовини вазир сафири Қазоқистонро ба ҳузур пазируфт
Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихан Турехановро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё табодули афкор намуданд.
 
 
Таҳкими ҳамкорӣ бо СЕКО
Дар мулоқоти муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода зимни мулоқот бо муовини директори Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ (СЕКО) Ришар Шеневар зикр шуд, ки татбиқи барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ (GTEX), дастовардҳо ва самтҳои афзалиятноки ҳамкории минбаъда баррасӣ гардиданд.
Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо вобаста ба ҳамкориҳои судманд бо Ҳукумати Конфедератсияи Швейтсария дар самти рушди соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, фаъолияти Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо, Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Тоҷикистон, Портали савдои Тоҷикистон сухан ронда, ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар самтҳои зикргардида пешниҳодҳо манзур кард.
Намояндаи СЕКО пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистонро пазируфта, таъкид намуд, ки Барномаи нав дар самти рушди занҷираи арзиши иловашудаи маҳсулоти кишоварзӣ мавриди таҳия қарор дошта, дар доираи он дар қатори дигар кишварҳо ба роҳ мондан ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии ба содирот нигарондашудаи Тоҷикистон низ пешбинӣ шудааст.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 9036
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед