logo

сафарҳо

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА

 
28 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Данғара ташриф оварданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва роҳбарияти ноҳияи Данғара самимона истиқбол гирифтанд.
Дар ноҳияи Данғара Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст марҳилаҳои 3 ва 4-уми Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Марҳилаи аввали Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” бо иқтидори коркарди 10 ҳазор тонна нахи пахта ва истеҳсоли 7600 тонна риштаи баландсифат моҳи августи соли 2016 бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуда буд.
Сехи ресандагии 1 дорои дастгоҳи «Ритер»-и шветсарӣ буда, асосан, риштаҳои навъи 30 - 60, ки мато ва кешбофии аълосифат аз он омода мешавад, истеҳсол менамояд.
Марҳилаи дуюм соли 2018 бо иқтидори истеҳсолии наздик ба 15 ҳазор тонна коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли 7600 тонна ришта дар як сол мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Сехи ресандагии 2 дорои дастгоҳи «Телв Чеслери» олмонӣ буда, барои истеҳсоли риштаҳои пневмомеханикии навъи 10-32 истифода мешавад.
Марҳилаҳои навбатӣ дорои 3 даври пурраи коркарди ришта буда, дар он истеҳсолоти бофандагӣ, рангуборкунӣ ва дӯзандагӣ пешбинӣ гардидаанд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2018 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди се коргоҳи нав, аз қабили корхонаи истеҳсоли ришта бо иқтидори коркарди 25 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол, рангубор ва истеҳсоли матоъ оғоз бахшида буданд. То имрӯз таҷҳизоти истеҳсолоти бофандагӣ, рангуборкунӣ ва дӯзандагӣ пайваст карда шуда, 190 адад дастгоҳи дӯзандагӣ барои дӯхти либос ва 1 мошини худкори буранда, 2 ҷуфт мошини тарроҳӣ, 1 дастгоҳи гулдӯзӣ ва 3 ҷуфт дастгоҳи дарзмолкунӣ насб гардидаанд.
Дар сехи бофандагӣ 70 дастгоҳи калони даврашакл мавҷуд буда, барои бофтани газвор, аз қабили матоъҳои яктарафа ва дутарафаи риштадор истифода мешавад, ки иқтидори солонаи истеҳсоли он зиёда аз 7 ҳазор тоннаро ташкил намуда, талаботи истеҳсолотро бо матои газвор таъмин мекунад.
Дар сехи матоъҳои кешбофӣ, 216 дастгоҳи бофандагии  матои бараш 2 метру 80 сантиметр насб гардида, асосан матоъҳои аълосифат барои либос ва рахти хоб истеҳсол мекунад. Иқтидори солонаи истеҳсолот ба 20 миллион метри мураббаъ баробар буда, талаботи корхонаро бо матоъҳои барои либосдӯзӣ ва рахти хоб нигарондашуда қонеъ мегардонад.
Дар марҳилаи сеюми корхона коргоҳи рангубори матоъ дорои 11 дастгоҳи рангкунии аз ҷиҳати экологӣ тоза ва аз ҷиҳати истифодаи қувваи барқ каммасраф, 2 дастгоҳи рангубори ришта ва як дастгоҳи андозагирӣ, ду ҷуфт дастгоҳ барои андозагирӣ ва тарҳи кӯрпа мавҷуд аст. Ҳаҷми истеҳсоли солонаи рангубори матоъҳои газвор бо рангҳои гуногун зиёда аз 3000 тоннаро ташкил медиҳад.
Дар коргоҳи дӯзандагӣ имкон аст, ки дар як сол зиёда аз 1 миллион адад либоси гуногун истеҳсол шавад.
Тибқи маълумоти оморӣ дар корхона то имрӯз 183 ҳазор дона либоси гуногун, 37,22 тонна матои рангуборшуда, 50,14 тонна газвор ва 5 миллиону 35 ҳазор метри мураббаъ матои кешбофӣ, истеҳсол гаштааст.
Маҳсулоти тайёри корхона, аз қабили сарулибос, ришта ва матои кешбофӣ ба кишварҳои Россия, Туркия, Беларус, Полша, Озарбойҷон, Чин ва Покистон содирот мешаванд.
Аз ҳисоби даромади корхона ба буҷети Тоҷикистон аз соли 2016 то имрӯз зиёда аз 150 миллион сомонӣ маблағ ворид гардид.
Айни замон дар марҳилаи якуми лоиҳа 269 нафар, марҳилаи дуюм 138 нафар, марҳилаи сеюм 262 нафар ва дар марҳилаи чорум 260 нафар ва дар маҷмуъ, 1250 нафар ба кор ҷалб шудааст. Оянда имкон аст, ки бо баланд бардоштани иқтидори корхона ва ташкили се баст дар коргоҳҳо шумораи коргарон ба 2000 нафар расонда шавад.
Бояд гуфт, ки Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” аз лиҳози иқтидори истеҳсолию технологӣ дар Осиёи Марказӣ беназир буда, дар ҳамкорӣ бо сармоягузорону мутахассисони Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёд шудааст. Он бо пешрафтатарин технологияи коркарди пахта ва тавлиди маҳсулот аз ширкатҳои бонуфузи Чин, Шветсария ва Олмон муҷаҳҳаз мебошад.
Дар корхона 32 номгӯи маҳсулоти ресандагӣ истеҳсол мешавад. Дар маҷмуъ, иқтидори истеҳсолии ресандагии маҷмааи нассоҷӣ коркарди қариб 25 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол буда, дар он барои 530 нафар мутахассису коргарони маҳаллӣ ҷойи кори доимӣ муҳайё гардид.
Бояд гуфт, ки бо мақсади таъмини корхонаи мазкур бо ашёи хоми маҳаллӣ, аз ҷумла пахтаи аълосифат бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар асоси нақшаи бунёди маҷмаа 14,5 ҳазор гектар замин ҷудо гардид. Дар ин қитъаҳо барои таъмини корхона бо ашёи хом кишти пунба ба роҳ монда мешавад.
Ширкати “Ҷунтай-Хатлон Син Силу” дар ноҳияҳои Дӯстӣ, Ёвон, Ҷалолиддини Балхӣ ва Данғара дорои 6000 гектар замин барои кишти чигит ва ду корхонаи пахтатозакунӣ мебошад. Ашёи хом, яъне пахтаи дар ин ноҳияҳо аз ҷониби Ширкати “Ҷунтай-Хатлон Син Силу” истеҳсол ва барои коркард дар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” равона мегардад.
Анҷом ва ба истифода додани марҳилаҳои сеюм ва чоруми лоиҳаи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Тестил” “Парки кишоварзию саноатии нассоҷии Ҷунтай Син Силу Тоҷикистон”-ро ҳамчун яке аз бузургтарин ва мукаммалтарин маҷмааи кишт ва коркарди пахта, ресандагӣ ва бофандагӣ дар Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон муаррифӣ мекунад. Корхона тамоми силсилаи саноати ресандагӣ, бофандагӣ, рангуборкунӣ ва дӯзандагиро дар бар мегирад.
Ифтитоҳи марҳилаҳои 3 ва 4-уми Маҷмааи нассоҷии “Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил” дар панҷсолаи “Солҳои рушди саноат” ва дар доираи татбиқи ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар дастоварди арзанда маҳсуб меёбад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.04.2022    №: 82    Мутолиа карданд: 3108
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед