иҷтимоиёт
ФАРҲОД РАҲИМӢ: «ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛ ОҒОЗИ МАРҲИЛАИ НАВИ РУШДИ ИЛМИ ТОҶИК АСТ»
Агар ба таърихи инкишофи илм назар афканем, мебинем, ки донишмандони тоҷик тули асрҳо бо кашфиёту дастовардҳои илмиашон садҳо гиреҳи нокушудаи олами афлоку табиатро боз намуда, илмҳои тамаддунсозеро асос гузоштаанд. Он гуна, ки номи Закариёи Розӣ дар таърихи башарият чун асосгузори кимиё ва фармакология сабт гардидаасту Абуалӣ ибни Сино пизишки тавоно, ахтаршинос, кимиёдон, риёзидону физикдон. Дар радифи ин донишмандони бузург, таърих номи даҳҳо олими забардасти тоҷикро ҳифз намудааст, ки дар рушди илми башарият нақши муниру мондагор гузоштаанд, ки ҳақиқати бебаҳс аст. Ҳоло суоли матраҳ ин аст, ки вазъи имрӯзаи илми тоҷик дар кадом сатҳ аст ва он дар рушди ҷомеа то чӣ андоза нақш дорад? Ба хотири дарёфти посух ба саволи мавриди назар, хабарнигори мо бо Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, суҳбати вижае доир намуд, ки фишурдаи он пешкаши хонандагон мегардад.
- Дар меҳвари сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илм ва маориф дар кишвари мо аз самтҳои афзалиятнок маҳсуб меёбанд ва дар ин боб лоиҳаву барномаҳои зиёде баҳри рушди мудовими соҳа тарҳрезӣ ва амалӣ шудаанд. Оё метавон гуфт, ки давраи истиқлолият оғози марҳилаи нави рушди илми тоҷик аст?
-Бале, баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ Академияи илмҳо ба мушкилиҳои печидае мувоҷеҳ гардид. Ба сабаби норасоии кадрӣ, молиявӣ ва озмоишгоҳӣ баъзе аз кишварҳо академияи илмҳояшонро муваққатан бастанд. Аммо зери сиёсати илмпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маркази асосӣ ва ҳамоҳангсозии илми тоҷик - АМИТ на танҳо ҳифз шуд, балки дастгирӣ ёфт ва рушд кард. Имрӯз дар Академияи мо 26 муассисаи илмӣ фаъолият дорад. Пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ, агентиҳо, хадамотҳо ва пойгоҳҳои илмии мо дар саросари мамлакат фаъолияти босамару густарда мебаранд. Ҳамасола маблағгузорӣ ба илм меафзояд, пойгоҳҳои озмоишӣ мустаҳкам мегарданд. Олимони мо дар самтҳои гуногун корҳои илмӣ - тадқиқотие анҷом медиҳанд, ки натиҷаҳои онҳо аз ҷониби институтҳои байналмилалии илмӣ - тадқиқотӣ пазируфта мешаванд. Ба хотири ҷалби ҷавонони болаёқат ба илм соли 2014 дар АМИТ магистратура ва зинаи доктор Ph.D таъсис ёфтанд. Дар ин зинаҳо беш аз 1500 нафар ба корҳои илмӣ, тадқиқотӣ ва пажӯҳишӣ машғул аст, ки 70 дарсади онҳо дар самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ кор мебаранд.
- Илми кайҳоншиносии тоҷик дар ҷаҳон соҳиби мавқеи устувору сазовор аст. Аммо, дар баробари ин, баъзе самтҳои илм қафо мондаанд. Аз ҷумла, соҳаҳои зоология, паразиталогия, рустанипарварӣ ва ҳифзи онҳо аз ҳашарот.
- Мо мактабҳои хуби физикӣ, математикӣ, заминларзашиносӣ, астрономия дорем ва дар ин самтҳои илм хеле пеш рафтаем. Медонед, ягона пойгоҳи омӯзиши нурҳои кайҳонӣ дар ҷаҳон ин пойгоҳи илмии Помир -Чақалтай аст, ки дар ноҳияи Мурғоб, дар баландии 4370 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Олимони мо ин ҷо зарраҳоеро, ки 13 миллиарду 700 миллион сол боз дар галактика мавҷуданд, мушоҳида намуда, хосиятҳои физикӣ, кимиёвии онҳоро меомӯзанд. Дар ҳар як зарра тамоми тағйироте, ки 13 миллиарду 700 миллион сол боз дар галактика рух медиҳанд: ҳароратӣ, мавҷӣ, электромагнитӣ, тарқишҳо, таъсири аз байн рафтани миллионҳо ситораҳо ва пайдоиши ситораҳои нав изи худро дар ин зарраҳо гузоштаанд. Ва мо онҳоро меомӯзем, то ояндаи коинотро пешгӯӣ намоем. Яъне, агар гузаштаи коинотро омӯзем, ояндаи онро пешгӯӣ кардан имконпазир мегардад.
Илми нуҷум (астрономия) низ чун дар асрҳои қадиму миёна пайваста дар рушду такомул аст. Мо 3 расадхонаи бузург дорем. «Шарора» дар баландии 800, «Санглох» 2300 метр аз сатҳи баҳр ҷойгиранд ва пойгоҳҳои техникиашон пурра ба талаботи давр мувофиқанд. Олимони мо аслан ҷирмҳои осмониеро меомӯзанд, ки дар наздикии Замин ҳаракат мекунанд ва эҳтимоли бархӯрд ба Заминро доранд. Натиҷаи корҳои илмии бадастовардаи олимон дар сатҳи ҷаҳон эътироф мегарданд. Расадхонаи дигари мо дар маҳали Шорбулоқ баландтарин дар ҷаҳон мебошад. Дар баландии 4500 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст ва ҳоло таъмиру тармими он идома дорад ва ояндаи наздик ба фаъолият оғоз хоҳад кард.
Дар самти физика, математика низ донишмандони соҳа натиҷаҳои хуби илмӣ ба даст оварда, дар маҷаллаҳои машҳури илмии ҷаҳонӣ матлаб нашр намудаанд. Ҳамчунин, мактаби хуби илмии кимиё дорем. Аммо, саволи шумо низ бамавқест. Дар ҳақиқат баъзе самтҳои илм ба мушкилот мувоҷеҳанд. Чунончи, физикаи ядро, геология. Дар ин самт норасоии кадрӣ дорем, теъдоди зарурии докторони илм, узви вобаста ва пайвастаи АМИТ намерасанд. Дар соҳаи зоология ва паразитология низ. Кишвари мо аграрист ва ҳашароти зиёде ба хоҷагиҳо зиён мерасонанд. Барои маҳви онҳо мутахассисони хуб заруранд, ки надорем. Дар соҳаи генетикаи рустаниҳо низ. Баҳри бартараф сохтани камбудиҳо мо бо 150 маркази илмии ҷаҳон созишномаҳои ҳамкорӣ бастем.Тасмим гирифтем дар самтҳое, ки худамон имкони тарбияи мутахассисони баландихтисоси илмиро надорем, дар хориҷи кишвар омода созем.
- Зиёд намудани ҳосилнокии заминҳо аз масъалаҳои умдае мебошад, ки ҳалли он ба донишмандон бастагии зиёд дорад. Ин ҷо масъалаи аз замин рӯёндани ҳосили фаровон, яъне серҳосил намудани заминҳо бояд ҳаллу фасл гардад, ки ин ба коркарди тухмиҳои хушсифати ба касалиҳо, иқлим ва дигар зараррасонҳо тобовар вобаста аст. Ҳалли масъала, ки ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва некуаҳволии мардум мусоидат менамояд, дар Академия чӣ гуна роҳандозӣ шудааст?
- Мавзуи мавриди назаратон яке аз самтҳои асосии фаъолияти олимони АМИТ ба шумор меравад ва дар ин самт солҳо боз корҳои илмию таҳқиқотӣ идома доранд. Олимон навъҳои гуногуни тухми картошка, гандум, чигити ба иқлими кишвар тобоварро коркард намудаанд, ки имрӯз дар хоҷагиҳо кишт ва ҳосили нисбатан фаровон рӯёнда мешавад. Ин, албатта, оғози кор аст, зеро дар пажӯҳишгоҳҳо омӯзиш дар ин самт идома дорад ва оянда ба натиҷаҳои хубтар метавон ноил гашт.
Яке аз вазифаҳое, ки дар ин самт назди олимон гузошта шудааст, истеҳсоли нуриҳои фосфордор ва таъмини соҳаи кишоварзӣ бо он мебошад, зеро чунин нуриҳо аз хориҷ ворид мешаванд. Ҷустуҷӯҳои олимони геолог нишон доданд, ки дар баъзе мавзеъҳои диёр маъдани фосфорит мавҷуд аст. Аз ҷумла, дар ноҳияи Данғара, шаҳрҳои Исфара, Панҷакент, ағбаи Анзоб ва Қаратоғи ноҳияи Шаҳринав. 3 сол аст, ки олимони мо ба омӯзиши ин маъдан ва ғанӣ гардондани таркиби он машғуланд. Мо, аллакай, технологияи истеҳсоли онро таҳия намудем ва дар корхонаи хурди илмӣ- истеҳсолӣ, ки дар назди АМИТ фаъолият мебарад, як миқдор нурии амофос, суперфосфат истеҳсол карда, барои таҷриба ба Институти ботаника супурдем. Натиҷаҳои бадастомада мусбатанд. Бовар дорам, ки Вазорати саноат ва технологияҳои нав дастоварди моро дар амал татбиқ менамояд.
Мушкили рақами як, ки инсоният ба он рӯ ба рӯ аст, гармии бесобиқаи ҳаво мебошад. Мушоҳидаҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки баъзе гиёҳҳое, ки хусусияти шифоӣ доранд, дар минтақаҳои баланд хубтар месабзанд, аммо дар водиҳо баръакс. Зироатҳо низ. Ҳоло олимони мо мавриди минтақабоб намудани тухмиҳо дар ноҳияҳои гуногуни кишвар ва рӯёндани ҳосили фаровон кор мебаранд. Айнан чунин корҳо дар самти гиёҳҳои шифобахш ва аз онҳо истеҳсол намудани маводи доруӣ идома доранд.
- Воқеан, омӯхтани гиёҳҳои шифобахш ва аз онҳо омода намудани маводи доруӣ аз мавзуъҳое мебошад, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд. Огоҳӣ дорем, ки чанд сол аст олимон дар ин самт кор мебаранд, аммо натиҷаҳо назаррас нестанд. Чаро?
- Сари ин мавзуъ дар Маркази инноватсионии биологияи тиб ва ҳам дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳо гурӯҳи махсуси олимон тадқиқот мебаранд ва корҳои зиёд анҷом додаанд. Соли гузашта «Атласи гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон»-ро нашр намудем. Дар замони авҷи бемории коронавирус аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ 12 маводи фаъоли биологиро дар шакли озмоиш ихтироъ карданд. Ҳамагӣ чанд ҳафта пеш нахустин доруи табобати коронавирус, ки донишмандони тоҷик аз гиёҳҳои шифобахши кишвар омода намудаанд, дар мақомоти дахлдор расман ба қайд гирифта шуд. То имрӯз аз он беш аз 2 ҳазор нафар табобат ёфт. 4 сол мешавад, ки хоҷагии морпарварӣ (серпентария) дорем. Дар он Гурзову Кӯбро ва морҳои дигар, ҳам барои омӯзиши илмӣ ва ҳам барои ҷамъ кардани заҳр ва оянда аз заҳри онҳо омода намудани малҳамҳои гуногуни табобатӣ, парвариш мешаванд. Аз заҳри мор моеи гурзотаксин, ки бозёфти олимони тоҷик дар замони шуравист ва ҳоло дар тиб, ба ҳангоми ҷарроҳӣ истифода мешавад, истеҳсол менамоем. Ин моеъ ҳоло аз хориҷи кишвар ворид мегардад. Мо истеҳсоли онро дар шароити лабораторӣ ва корҳои озмоиширо дар ин самт анҷом додем. Акнун вақт расидааст, ки саноатчиён истеҳсоли онро роҳандозӣ намоянд. Мушкили асосии мо ҳамин аст, ки натиҷаҳои илмиамон озмоишианд ва дар шакли грамм, миллиграмм ва зиёди зиёд килограмм истеҳсол мешаванд. Вазифаи олим ҳам, ҳамин аст. Дар истеҳсолот ҷорӣ намудани он кори саноатчиён ва истеҳсолот мебошад.
- Аз назари Шумо вазъи имрӯзи илми тоҷик то кадом андоза қонеъкунанда аст ва агар хоҳем, ки ба дастовардҳои боз ҳам назаррас ноил гардем, кадом монеаҳоро бояд бартараф созем?
- Имрӯз на танҳо илми тоҷик, балки илми ҷаҳонӣ ба баъзе буҳронҳо рӯ ба рӯ аст ва яке аз онҳо дастрасӣ ба технологияи пешқадам, таҷҳизот ва лавозимоти озмоишгоҳиест, ки тавонанд дохили нанозарраро бинанд. Агар дар асри XIX барои як кашфиёт ё таҳқиқоти илмӣ 100 сомонӣ харҷ мешуд, дар асри XX ин ба 100 ҳазор сомонӣ расид ва имрӯз барои кашфиёти хуб мо ба 100 миллион сомонӣ ниёз дорем. Илм имрӯз зиёд харҷталаб гардидааст.
Аммо ин ки беш аз 400 мақолаи олимони мо дар маҷаллаҳои машҳури илмии ҷаҳонӣ нашр гардидаанд ва агар миқдори мақолаҳои илмии олимонамонро бо аҳолии кишварҳо қиёс намоем, тақрибан ҳама дар як сатҳ ҳастем. Дигар ин ки имрӯз дар ҳама экспедитсияҳое, ки мо ташкил менамоем, олимон аз мамлакатҳои гуногуни олам иштирок менамоянд. Дар соҳаи физикаи квантӣ ва физикаи назариявӣ бо олимони пешрафтаи сатҳи ҷаҳонии Олмон ва давлатҳои дигари Аврупо ҳамкорӣ дорем, ки мақолаҳои муштараки мо пайваста нашр мешаванд. Дар самти бостоншиносӣ, геология, паразитология низ. Ва ин маънои онро дорад, ки баробарвазн ҳастем. Бо он имконоти дастрас ва таваҷҷуҳе, ки ба илм дар ҷумҳурӣ зоҳир мегардад, метавонем дар сатҳи байналмилалӣ корҳои илмию таҳқиқотии сатҳи ҷаҳониро низ, анҷом бидиҳем.
-Ташаккур барои суҳбат.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.04.2022 №: 82 Мутолиа карданд: 755