сиёсат
ЧАШМИ ХОИНОНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК НЕКИРО НАМЕБИНАД!
Солҳои 90-ум мо хеле хурд будем, аммо аз суханони волидонамон дарк мекардем, ки вазъияти мамлакат дар ҳоли ниҳоят сангин қарор дорад. Зеро душманони миллат он солҳо аз камтаҷрибагии давлатдорӣ истифода карда, Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба коми оташи ҷанг фурӯ кашиданд. Сараввал дар маркази пойтахт майдони “Шаҳидон” ташкил намуда, чанде мардуми гаправу зудбоварро ба доми фиреби худ кашида, бар зидди давлату миллати худ бархезонданд.
Ин ҳодисаҳоро дида, кас ба ҳайрат меояд, ки чӣ тавр ин тоифа ватанфурӯшон бар ивази чанд пул ё ваъдаи соҳиби мансаб шудан, даст ба хароб сохтани Ватани худ мезананду халқро ба кӯчаи гумроҳӣ мебаранд. Майдон ташкил намуда, дар он нафарони фирефтаи суханҳои бардурӯғи зархаридони хориҷиро ҷамъ намуданд. Аз суханрониҳои ронандаи Кабирӣ маълум аст, ки чӣ гуна ба доми фиреби онҳо афтодааст.
Роҳбарони майдони “Шаҳидон” нақшаи ба даст овардани давлатро кашиданд, аммо иродаи мардумро ба инобат нагирифтанд.
Ҷамъоварии издиҳом дар он давра чандон мушкил набуд. Мақсад аз ташкил намудани майдони “Шаҳидон” ин диққати роҳбарони онвақтаи мамлакатро ба худ ҷалб кардан буд, яъне гурӯҳи оппозитсионерҳо мехостанд, ба ин васила, мақсадашонро баён намоянд. Зимоми давлатдориро ба дасти худашон гиранд. Хушбахтона, тири нопоки онҳо хок хӯрд, зеро мардуми соҳибақлу бофарҳанг низ майдони худашонро ташкил намуда, тарафдорони давлату Ҳукумати қонуниро сарҷамъ намуданд.
Ба назари мо, мухолифин фикр ҳам надоштанд, ки барои ба даст овардани як давлат танҳо хоҳиши хоҷагони хориҷӣ бас нест. Мардуми ҳар як миллат ғурури миллӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ, ҳимояи марзу буми аҷдодиро на танҳо дар ақлашон, балки дар ҷисму ҷонашон мепарваранд. Дар давлати Иттиҳоди Шуравӣ зиндагӣ кардан дар он вақт ин маънии онро надошт, ки мардум аз ғояҳои миллии хеш барканор мондааст, асолати тоҷику мусалмон буданро фаромӯш кардааст, ё танҳо “дилсӯзон”-и миллат дар хотир доштанду роҳашро меёбем гуфта, давлатро ба дасти худ гирифтанӣ шуданд.
Ҳоло мо фаромӯш накардаем, ки ҳамон майдонҳои ташкилкардаи душманони миллат Тоҷикистонро ба чи ҳолати ногувор оварда расонд. Тамоми аркони давлатро фалаҷ карданд, мамлакатро ба вартаи нестшавӣ оварданд, дар оташе, ки онҳо ангезааш доданд, зиёда аз 150 000 шаҳрванди мамлакат ҷон бохт, 50 ҳазор кӯдак ятим монд ва як миллион аҳолӣ гурезаи иҷборӣ шуд. Ҳазорон мардуми тоҷик дар ғарибӣ ҷон бохт, ки ҳанӯз қабристонеро дар Афғонистон бо номи “гӯристони фирориёни тоҷик” ном мебаранд. Ин ҳама натиҷаи майдони ташкилкардаи хоинони миллат мебошад.
Дар тамоми давру замон мақсади нопок амалӣ намешавад, зеро мардуме, ки ботини ифлос дорад, ҳеҷ гоҳ ба орзуҳои разилонаи худ расида наметавонад. Барои мисол, Адолф Гитлерро меорем, чи шуд, бе ному нишон, ҳамчун разили рӯи олам дар таърих номашро гузошту рафт. Мардум номи ӯро танҳо дар мавриди муноқишаҳо ва бадномӣ ба ёд меораду халос. Намояндагони ТТЭ ҲНИ-ро низ мардуми тоҷик дар ҳамин хел маврид ба хотир меорад.
Шамил НАЗАРЗОДА
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.04.2022 №: 82 Мутолиа карданд: 887