Хабарҳо
КОНИБОДОМ. БУНЁДИ КОРХОНАҲОИ НАВИ ИСТЕҲСОЛӢ
Дар доираи эълон гаштани солҳои 2022-2026 - солҳои рушди саноат дар шаҳри Конибодом бунёди чанд корхонаи нави истеҳсолӣ оғоз ёфт, ки то охири сол мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.
Аз ҷумла, бо ибтикори соҳибкор Сафаралӣ Бобиев корхонаи муосири ҶШК “Конибодом” оид ба бандубасти меваи хушк шуруъ шуда, насби таҷҳизот ҷараён дорад.
Тавре Аҳадҷон Муллоҷонов, сарвари корхона, иттилоъ дод, хати технология аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ворид шуда, аз лиҳози сохт ҷавобгӯи меъёрҳои ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, дар он бандубасти ҳамаи намуди меваи хушк: хурмо, зардолу, шафтолу, себ, олу ва олуча ба роҳ монда мешавад. Нерумандии дастгоҳҳо дар як моҳ то 1400 тоннаро ташкил дода, маҳсулот барои бозори маҳаллӣ ва хориҷи кишвар нигаронда шудааст. Интизор меравад, ки аввалин маҳсулоти корхона то Ҷашни Ваҳдати миллӣ пешкаши харидорон гардад. Дар он зиёда аз 50 нафар бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин хоҳад гашт.
Инчунин, дар шаҳр бо ташаббуси ҶДММ “Тоҷ-Эко” коргоҳҳои хурди коркарди партов ба истифода дода шуд. Дар коргоҳи аввал ба хелҳо ҷудо кардани партов роҳандозӣ шуда, онҳо ҷиҳати коркарди ниҳоӣ ба дигар корхонаҳои азими кишвар ва хориҷ ирсол мегарданд.
Дар коргоҳи дувум бошад, аз ҳисоби партовҳои резинӣ маҳсулоти сӯзишвории “пиролиз” истеҳсол шуда, он дар коргоҳҳои тавлидотии мамлакат фаровон истифода мешавад.
Ба иттилои сарвари корхона, соҳибкор Искандар Қодиров, инчунин, бунёди коргоҳи хурди коркарди партовҳо аз маҳсулоти бофандагию ресандагӣ оғоз шудааст. Аз ҳисоби бунёди истеҳсолоти нав 80 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор мешавад.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5612