logo

Хабарҳо

Путин яке аз пояҳои калидии давлатдории Россияро ном бурд

Lenta.ru. Владимир Путин, Президенти Россия, изҳор дошт, ки яке аз пояҳои асосии давлатдории Россия ватандӯстӣ мебошад. Сарвари давлат, инчунин, ватандӯстиро яке аз муҳимтарин арзишҳои ҷомеаи Россия номид. Вай таъкид кард, ки муҳаббат ба Ватан дар лаҳзаҳои ҳалкунанда нисбат ба кишвар зуҳур менамояд. Путин гуфт, ин ваҳдати мардум кафолат медиҳад, ки Россия ба мушкилтарин чолишҳо посухи муносиб диҳад.
Путин иброз дошт, ки ҷомеаи Россия  ягонагии худро беш аз пеш нишон медиҳад. Сарвари давлат ба нотавонии Ғарб барои аз дохил хароб кардани кишвар ишора кард.
Қаблан Дмитрий Медведев, муовини раиси Шурои амният, дар бораи ватандӯстӣ ҳарф зада буд. Ба гуфтаи ӯ, ватандӯстӣ на тарзи фикрронӣ, балки амал аст. 
 
 
Беларус то соли 2025 содироти озуқаро ба 8 миллиард доллар мерасонад
 
Мир24. Беларус ният дорад то соли 2025 содироти маводи ғизоиро ба 8 миллиард доллар расонад. Дар ин бора вазири кишоварзӣ ва озуқаи ҷумҳурӣ Игор Брило зимни Форуми VI байналмилалии “Гӯшти Беларус” изҳор намуд.
«Охири соли 2021 кишвари мо аз рӯи индекси глобалии амнияти озуқаворӣ дар байни 113 кишвари ҷаҳон дар ҷойи 36-ум қарор дошт. Бо вуҷуди ин, мо рушд ва пешрафтро идома медиҳем. Мо мехоҳем комплекси агросаноатии худро ба зинаи нави тараққиёт барорем, - иброз кард Брило. 
Ба гуфтаи ӯ, ҳукуматдорони кишвар ният доранд, ки дар панҷ соли оянда тавлидоти маҳсулоти кишоварзиро 14 дарсад афзоиш дода, то соли 2025-ум  9,2 миллион тонна шир ва 2,1 миллион тонна гӯшт истеҳсол намоянд. 
 
 
Изҳороти Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев
 
Синхуа. Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев дар мулоқот бо Иля Дарчиашвили, вазири корҳои хориҷии Гурҷистон, изҳор дошт, ки Озарбойҷон, Гурҷистон ва Арманистон, бахусус дар давраи баъд аз низоъ, имкони хуби ҳамкориҳои сеҷониба доранд. 
Ҷониби Озарбойҷон ба ин омода аст. Сарвари Озарбойҷон таъкид кард, Гурҷистон низ ба ин мавқеъ шарик аст ва изҳори умедворӣ намуд, ки Арманистон дарк хоҳад кард, ки ин ягона роҳи истиқрори субот ва амният дар минтақа аст. Ӯ афзуд, ки ҳар ду мамлакат дар бобати тараққиёти Қафқози Ҷанубӣ ақидаи умумӣ доранд.
Дарчиашвили аз дастгирии Илҳом Алиев дар рушди муносибатҳои Озарбойҷону Гурҷистон баҳои баланд дода, ба зарурати тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба таъкид намуд.
Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон ба Президенти Озарбойҷон даъватномаи Сарвазир Ираклий Гарибашвилиро ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Гурҷистон расонд.
 
 
Дар Ӯзбекистон навхонадорон бояд озмоиши ДНК супоранд
 
CentralAsia (UZ) . Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, аз 1 июли соли 2023 дар ин кишвар санҷиши молекулавӣ-генетикӣ (ДНК) барои шахсони ба ақди никоҳ воридшаванда  роҳандозӣ мегардад. 
Санҷиш аз ҳисоби зану шавҳар дар Маркази ҷумҳуриявии солимии репродуктивии аҳолӣ ва шуъбаҳои минтақавии он гузаронда мешавад. Дар ҷумҳурӣ никоҳҳои байни хешу табор сурат мегиранд, бинобар ин, ташхиси пешакии геномӣ муайян карда метавонад, ки оё зану шавҳар ба ҳам мувофиқанд ё не ва пайванди онҳо ба саломатии наслҳои оянда чӣ гуна таъсир мерасонад.
Президент дастур дод, ки то 1 июл лоиҳаи қонунеро, ки тартиби гузарондани санҷиши молекулавӣ-генетикии шахсони никоҳшаванда, инчунин, ташхиси лаборатории биоматериалӣ аз занони ҳомила барои ташхиси молекулавӣ-генетикӣ гирифташударо пешбинӣ мекунад, таҳия намоянд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5295
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед