logo

Хабарҳо

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОХТМОНИ БИНОҲОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ВУСЪАТ МЕЁБАД

“Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба 
маориф – сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад”.
 
Ин суханҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардид. Ҳамзамон, ҷиҳати рушди соҳаи маориф аз ҷониби Сарвари давлат ба масъулин як қатор  супоришҳо дода шуданд.
Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ҷиҳати иҷрои дастури маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат ва истиқболи арзандаи Ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд. Аз ҷониби раиси шаҳр Парвиз Акрамзода ва масъулони соҳа дар тамоми деҳоти дуру наздик доир ба бунёди биноҳои нави таълимӣ, беҳтар намудани шароити таълиму тарбия бо фаъолону соҳибкорон, кумитаи падару модарони муассисаҳои таълимӣ суҳбату мулоқотҳо баргузор ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷараён гирифтанд.
Ин амали созанда самараи нек ба бор овард. Танҳо дар се моҳи соли ҷорӣ бо мақсади муҳайё намудани шароити таҳсил дар назди  24 муассиса сохтмони 24 бинои нави таълимӣ ба нақша гирифта шуд, ки  дорои 239 синфхонаи иловагӣ буда, барои 5640 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст. Илова ба ин, ҷиҳати ба тарбия фаро гирифтани кӯдакон дар шаҳр сохтмони 3 муассисаи томактабӣ барои 460 нафар кӯдак ба нақша гирифта шудааст.
Айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар тамоми муассисаҳо муташаккилона идома дошта,  иншооти мазкур  дар доираи амалисозии тадбирҳои созанда ба истиқболи Ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатӣ  мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5396
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед