logo

Хабарҳо

Сироҷиддин Муҳриддин Вук Жугичро ба ҳузур пазируф

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Вук Жугичро ба ҳузур пазируфт.
Ҷонибҳо масъалаҳои рушди муносибатҳои Тоҷикистону САҲА-ро дар чаҳорчӯбаи се ченаки ҳамкорӣ: низомӣ - сиёсӣ, иқтисодӣ – муҳитзистӣ ва инсонӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
 
 
Ҳамкорӣ дар самти ислоҳоти милитсия 
Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ, дар дидор бо иҷрокунандаи роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Вук Жугич ва дигар намояндагони дафтари мазкур гуфт, ки солҳои охир равобиту ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон бо Дафтари барномаҳои САҲА тақвият ёфта истодааст.
Ба иттилои вазорат, дар вохӯрӣ доир ба татбиқи минбаъдаи Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025, инчунин, густариши ҳамкориҳо, дастгирӣ дар самти ислоҳоти милитсия ва ҳалли мушкилоти мавҷудаи мақомот андешаҳои муҳим баён шуданд.
 
 
Робитаҳои байнипорлумонӣ бо Чин густариш меёбанд 
Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Раҳимӣ Фарҳод бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тзи Шумин мулоқот намуд.
Тавре Наврӯз Қурбонзода, ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлатӣ, ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, мулоқот бо дархости ҷониби Чин сурат гирифта, оид ба густариши робитаҳои байнипорлумонии ду кишвар, инчунин, зарурати барқарор кардани вохӯриву тамосҳо дар сиғаи ҳузурӣ сухан рафт.
 
 
Таҳкими ҳамкориҳо бо Эрон дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Дар мулоқоти вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ таъкид гашт, ки айни замон байни муассисаҳои таълимии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва як қатор муассисаҳои илмиву таълимии Эрон ҳамкориҳои судманд тавассути якчанд шартномаҳо ба роҳ монда шудаанд.
Ҷонибҳо вобаста ба табодули таҷрибаи табибони ду кишвар дар самти ворид намудани усулҳои нави ташхис ва табобат, баргузории машваратҳои омӯзишӣ дар шакли маҷозӣ, ба бозомӯзӣ ва такмили ихтисос  фаро гирифтани кормандони соҳа ва дигар самтҳои афзалиятнок сухан ронданд.
 
 
Созишнома миёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва Донишкадаи забонҳои хориҷии Самарқанд
Байни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишкадаи забонҳои хориҷии Самарқанд созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. 
Ҷонибҳо дар асоси созишнома рушди робитаҳои илмӣ-инноватсионӣ, фарҳангӣ, инчунин, таъмини табодули таҷрибаро миёни кормандону донишҷӯён ба роҳ монда, дар самти ташкили чорабиниҳои муштарак иқдом менамоянд, - иттилоъ дод хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд.
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров феълан бо 100 муассисаи олӣ ва олии касбии ватаниву хориҷӣ ҳамкориҳои илмиву таълимӣ ва мубодилавию фарҳангӣ дорад.
 
 
Қоидаи нав барои донишҷӯён - даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ
Донишҷӯёни Тоҷикистон, ки барои хизмати аскарӣ уҳдадоранд, имкон пайдо мекунанд пеш аз муҳлат имтиҳон супоранд. Дар ин бора фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо шуда, ба муассисаҳои олии кишвар ирсол гардидааст.
Тавре аз Вазорати маориф ва илм ба “Ҷумҳурият” хабар доданд, тартиби муқарраршуда барои гузарондани имтиҳоноти ҳатмии пеш аз муҳлат ва аттестатсия ба донишҷӯёни курсҳои чорум ва панҷум, ки мехоҳанд дар сафи Артиши миллии Тоҷикистон хизмат кунанд, дахл дорад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 6534
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед