logo

сафарҳо

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА

ИДОМАИ САФАРИ КОРӢ

БОҒИ ФАРҲАНГИЮ ФАРОҒАТӢ ДАР ШАҲРАКИ ДАНҒАРА
28 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Данғараи ноҳияи Данғара Боғи фарҳангию фароғатиро расман ифтитоҳ намуда, бо шароити он шинос шуданд.
Иншоот дар масоҳати 0,60 гектар замин бунёд гардида, аз комплекси маҷмуавии истироҳатию варзишӣ ва биноҳои муосири савдою хизматрасонӣ иборат мебошад ва барои саёҳату истироҳати сокинон, машғулияти ҷавонону наврасон ба намудҳои гуногуни варзиш макони беҳтарини фароғат маҳсуб меёбад.  
Боғи фарҳангию фароғатӣ ва гулгашти зебо бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор истиқбол намудани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар ин замина, таъмини шароити беҳтари истироҳат ба сокинон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Фариддуни Абдусалом бо санъати баланди меъморӣ сохта шудааст. Дар маҷмааи нав бинои тарабхонаи дуошёнаи замонавӣ барои гузарондани маҳфилу чорабиниҳо бо 132 ҷойи нишаст, майдончаи варзишӣ барои футболи хурд ва бозӣ барои кӯдакон, 2 мағозаи фурӯши обҳои ташнашикан, яхмос ва маҳсулоти тезтайёр ҷойгир мебошад.
Дар  майдончаи варзишӣ ва бозӣ барои кӯдакон, ки ҷавобгӯи талаботи замон бунёд шудааст, минбаъд ҷавонону наврасон имкон доранд, ки ба бозиҳои футбол ва дигар намуди варзиши сабук машғул шаванд.
Бо мавриди истифода қарор гирифани боғи фарҳангию фароғатӣ ва бунёди якчанд иншоот дар он беш аз 20 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори мувофиқ таъмин гаштанд.    
Сарвари давлат иқдоми соҳибкори ватаниро ҷиҳати бунёди чунин як боғу гулгашти замонавӣ, ки бо муосиртарин шароит таъмин аст шоистаи таҳсин хонда, ба масъулон ҷиҳати тозаю озода нигоҳ доштани боғ ва анҷоми босифати сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Аз рӯи тарҳ дар ин ҷо барои сайругашт ва комил сохтани истироҳати ҳам ҷавонону наврасон ва ҳам калонсолон беш аз 10 ҳазор гулу буттаҳои рангоранги мавсимӣ ва 200 бех ниҳоли дарахтони ороишию сояафкан шинонда шудаанд. Суҳбаткадаҳои бо нақшу нигори миллӣ ороёфта, 4 фаввораи замонавӣ, 22 нишастгоҳ, 110 чароғаки равшандиҳанда ва дигар иншооти ёрирасоне, ки дар дохили боғи фароғатӣ бунёд гардидаанд ба ҳар як нафар руҳу илҳоми тоза мебахшанд. Дарахтон ва гулу буттаҳо ба таври муосир обрасонӣ гардида, роҳравҳои боғи навтаъсис бо санъати баланди меъморӣ сафолакпӯш гардидаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз боздид аз шароити боғи навбунёд дар ҳамин ҷо дар доираи сиёсати инсонпарваронаи хеш бо 50 нафар ятими кулл суҳбати самимӣ анҷом доданд.
Тавре таъкид гардид, дастгирии шахсони имконияташон маҳдуд ва яккаву танҳо дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат қарор дошта, барои нигоҳубин, ба таҳсил фаро гирифтан ва соҳибшуғл намудани онҳо аз ҷониби давлат тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегарданд.
Дар доираи иқдомҳои иҷтимоии роҳбарияти давлат дар ин рӯз 50 нафар ятими кулли муассисаҳои таълимии ноҳияи Данғара бо туҳфаҳои Пешвои миллат, ки аз сарулибоси мактабӣ, пойафзол, сарулибоси зимистона, китобҳои бадеӣ ва шириниҳо иборат буданд, қадр шуданд.
 
ИФТИТОҲИ БИНОИ ФИЛИАЛИ БДА ҶТ “АМОНАТБОНК” 
Дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”-ро ифтитоҳ намуданд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки иншоот аз 10 ошёна иборат буда, дар 3 қабати аввали он бонк, дар 5 ошёна манзилҳои истиқоматӣ ва дар ошёнаи даҳум меҳмонхона ҷойгир гардидаанд. Дар таҳхона бошад, ҳуҷраи бойгонӣ, ошхона ва ҳуҷраҳои техникии бонк мавҷуд мебошанд.
Дар маҷмуъ, дар бинои нав мутобиқ ба талаботи замони муосир барои кормандон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.
Масоҳати умумии бино 6 748 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Намои берунии бинои Филиали Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” дар ноҳияи Данғара бо санъати баланди меъморӣ ва унсурҳои муосири шаҳрсозӣ бунёд ёфтааст. Атрофи иншоот бо сангҳои ороишӣ зебо гардонда, гулу буттаҳои ороишӣ ва сояафкан шинонда шудаанд.
Дар назди бино иншооти ёрирасон, аз қабили обанбор, таваққуфгоҳи нақлиёт ва ҷой барои истироҳату фароғат мавҷуд мебошад. 
Баъди шиносоӣ бо шароити кор дар бинои нав Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони Бонки мазкурро барои мутобиқ ба талаботи замони кунунӣ бо истифода аз технологияи рақамӣ ба роҳ мондани хизматрасониҳо ба мизоҷон вазифадор карданд.
 
МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ ДАР ДЕҲОТИ ЛОЛАЗОР 
28 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Офтобрӯяи деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 80-умро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншоот аз ду ошёна иборат буда, дорои 8 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла синфхонаи компютерӣ, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ мебошад.
Дар Муассисаи нави таълимӣ 9 омӯзгор ба таълиму тарбияи 159 хонанда машғул аст.
Иншоот бо мизу курсӣ, таҷҳизоти муосири омӯзишӣ ва дигар аёниятҳои хониш муҷаҳҳаз гаштааст.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 80 дар доираи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми соҳибкорону шахсони бонангу номуси ноҳия бе ҷалби маблағҳои буҷетӣ мутобиқ ба талаботи замон ва бо сифати баланд сохта шудааст.
Барои дар мавсими сармо таъмин намудани синфхонаҳо бо гармӣ системаи гармидиҳандаи буғӣ сохта шуда, атрофи иншоот сафолакпӯш ва бо шинондани гулу бутта ва ниҳолҳои сояафкану ороишӣ ободу зебо гардидааст.
Ҳамчунин, дар назди Муассисаи таълимӣ майдончаи варзиш барои бозии футбол, волейбол ва баскетбол бунёд ёфтааст.
 
БОЗДИД АЗ КООПЕРАТИВИ ИСТЕҲСОЛИИ “СОМОНҶОН” 
Дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти парвариш ва нашъунамои зироатҳои кишоварзӣ дар Кооперативи истеҳсолии “Сомонҷон” шинос шуданд.
Мавриди зикр аст, ки Кооперативи истеҳсолии “Сомонҷон” серсоҳа буда, хоҷагидорон бо истифода аз оби фаровону замини ҳосилхез ва риояи меъёрҳои агротехникӣ ба кишту парвариши сабзавоту полизӣ, ғалладона, зироати техникӣ ва боғу токзор машғул мебошанд.  
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар Кооперативи мазкур дар майдони 500 гектар гандум, 100 гектар ҷав, 150 гектар пахта, 150 гектар сабзавоту полизӣ ва дар 120 гектар ҷуворимаккаи дон кишт карда шудааст, ки ҳоло маҳсулоти кишоварзӣ нашъунамои хуб дошта, аҳли заҳмат нақша доранд ҳосили фаровон рӯёнанд.
Дар 1,5 гектар сабзӣ, 20 гектар картошкаи навъи “Тоҷикистон”, дар 18 гектар пиёзи тухмии навъи “Субҳи Вахш” ва пиёзи навъи “пешпазак” кишт шудааст, ки рӯзҳои наздик ҳосили он ҷамъоварӣ мегардад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боғҳои хоҷагӣ аз парвариши ниҳоли дарахтони мевадиҳанда, аз ҷумла бодом, шафтолу ва олуи сиёҳ, шиносоӣ пайдо карданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар Кооперативи истеҳсолии “Сомонҷон” дар масоҳати беш аз 480 гектар боғ бунёд гаштааст, ки аз он 230 гектар себ, 142 гектар бодом, 73 гектар олу, 15 гектар чормағз, 8 гектар ангур, 7 гектар шафтолу, 3 гектар нок ва 2 гектарро гелос ташкил медиҳад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти назарраси хоҷагидорони Кооперативро, ки бозгӯи ҷонибдории амиқ аз сиёсати аграрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, намуна арзёбӣ карда, ба меҳнати садоқатмандонаи аҳли заҳмат баҳои баланд доданд.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва дастовардҳои меҳнатии хоҷагии ҷангали ноҳия дидан карданд. Дар намоиш маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавоту полизии тару тоза, ғалладона ва неъматҳои табиӣ, муаррифӣ шуд.
 
МАҶМААИ ПАРВАРИШИ ЧОРВОИ ХУШЗОТИ КООПЕРАТИВИ 
ТИҶОРАТИИ “РАҲМОНҶОН” БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
28 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба Кооперативи тиҷоратии “Раҳмонҷон” ташриф оварда, Маҷмааи парвариши чорвои хушзотро ба истифода доданд. 
Кооперативи тиҷоратии “Раҳмонҷон” соли 2002 дар деҳоти Корези ноҳия дар масоҳати зиёда аз 3 ҳазору 749 гектар таъсис дода шуда, айни замон дар хоҷагӣ 1 ҳазору 143 сар чорвои калони шохдор, аз ҷумла 80 сар зоти “сементал”, 90 сар зоти “шведӣ”, 110 сар “сиёҳалои тоҷикӣ” ва 863 сар чорвои маҳаллӣ, парвариш меёбад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти хоҷагӣ дар самти васеъ намудани имкониятҳои истеҳсолӣ ва таъмини талаботи бозори истеъмолӣ бо маводи ғизоӣ баҳои баланд дода, меҳнаткашонро барои истифодаи ҳарчи бештари имкониятҳои табиӣ ҳидоят намуданд.    
Чорвои ширдеҳ дар хоҷагии мазкур 450 сарро ташкил менамояд ва зиёд намудани саршумори он яке аз ҳадафҳои асосии роҳбарияти хоҷагӣ ба шумор меравад. Бо ин мақсад, имсол дар хоҷагӣ 360 сар насл гирифта шуд, ки назар ба солҳои гузашта зиёд аст.
Бо мавриди истифода қарор додани Маҷмааи парвариши чорвои хушзот дар хоҷагӣ зиёда аз 40 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид.
Парвариши чорвои майда самти дигари Кооперативи тиҷоратии “Раҳмонҷон” ба шумор рафта, бо ин мақсад, ҳоло 6 ҳазор сар гӯсфанд, аз ҷумла мешҳо 4 ҳазор ва барра 3 ҳазору 680 сарро ташкил менамояд. Шумораи бузҳо бошад, 1 ҳазору 186 сарро ташкил дода, то кунун 500 сар насл гирифта шудааст. Ҳамзамон, дар хоҷагӣ 60 сар асп парвариш меёбад.
Барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти парҳезӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 сар мурғ, ҳазор сар бедона ва ҳазор сар кабк парвариш мешавад. Аз ин танҳо дар як рӯз қариб 8 ҳазор дона тухм истеҳсол мегардад.
Бо мақсади рушди соҳаи моҳипарварӣ дар заминҳои хоҷагӣ 4 ҳавзи парвариши моҳӣ ташкил карда шудааст, ки дар таъмини аҳолӣ бо чунин маҳсулот мусоидат менамояд.  
Сардхонае, ки дар дохили хоҷагӣ мавҷуд аст, ғунҷоишаш 40 тонна маҳсулот буда, ба талаботи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ҷавобгӯ мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми пешгирифтаи роҳбарияти хоҷагиро ҷиҳати таъмини аҳолии ноҳия бо гӯшту шир муҳим арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки ин амал метавонад дар самти фаровонии бозори истеъмолӣ мусоидат намояд.
 
БОЗДИД АЗ МАВЗЕЪҲОИ САЙЁҲИИ НОҲИЯИ ДАНҒАРА
28 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар ноҳияи Данғара дар яке аз мавзеъҳои зебо ва хушбоду ҳаво беш аз 4000 сар навъҳои гуногуни парандагони нодир, аз ҷумла кабки дарӣ, мурғи даштӣ, мурғҳои фиръавн ва ҳилолро, ки ба табиати Тоҷикистон мутобиқ ҳастанд, ба табиат сар доданд.
Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зиёд намудани ҳайвоноти нодир, бахусус парандаҳо, қарори махсус қабул намуда буд ва дар доираи татбиқи ин қарор то имрӯз дар саросари кишвар барои рушди соҳа, парвариши бештари парандаҳои нодир, ки ба Китоби сурхи Тоҷикистон ворид шудаанд, тадбирҳои мушаххас амалӣ мегарданд.
Баъди эълон шудани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва беҳтар кардани вазъи фаъолияти мамнуъгоҳҳои кишвар таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ, аз ҷумла шикорчиён, ба имкониятҳои рушди туризми байналмилалии Тоҷикистон бештар мешавад.
Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оянда бо назардошти имкониятҳои фарох, боду ҳавои мусоид ва замини зархез барои парвариши парандагону ҳайвоноти нодир, дар ҳудуди ноҳияи Данғара мамнуъгоҳҳо бунёд мегарданд.
Дар ноҳияи Данғара барқарорсозии муҳити экологӣ, набототу ҳайвонот ва парандагони он хуб ба роҳ монда шудааст.
Табиати нотакрору биҳиштосои Тоҷикистон имрӯзҳо диққати сайёҳони дохилию хориҷиро бештар ба худ ҷалб кардааст. Вобаста ба ин, Сарвари давлат ба роҳбарияти ноҳия ба масъалаи вусъати парвариши парандаҳо, зиёд намудани саршумори онҳо, инчунин, оид ба ҷоннок намудани корҳои ободонӣ, ба тартиб даровардани ҳудуди мамнуъгоҳҳо ва тавассути ин тадбирҳо муҳайё намудани заминаи рушди туризм, дастуру супоришҳо доданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.04.2022    №: 83    Мутолиа карданд: 3070
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед