иҷтимоиёт
АДАБИЁТ ВА ТАФАККУРИ ТАҲЛИЛИИ ҲАСТИШИНОСӢ
(Чанд мулоҳиза пиромуни тақризи
муфассал таҳти унвони “Дар бораи
як китоби дарсӣ”-и профессор,
узви вобастаи АМИТ С. Ятимов
(“Илм ва ҷомеа”, 2022, №1 (28),
бознашри он дар
“Адабиёт ва санъат”, 2022,
№ 14 (2141), аз 7-уми апрел, саҳ. 10-12)
Меъёри ҳар навишторе, ки ба таҳқиқи ин ё он соҳаи илму маърифат ихтисос дорад, устувор будани мантиқи андеша аст. “Ҳунари мантиқ, - навиштааст Ибни Рушд, - мавҷудияти сабаб ва амалро эътироф мекунад ва чунин мешуморад, ки амалро маҳз ба шарофати дарки сабабҳои он метавон дуруст фаҳмид. Инкори ин маъно инкори худи маърифатро дорад” (Ибни Рушд, “Инкори инкор”, иқтибос аз «Избранные произведения мыслителей стран Ближнего и Среднего Востока IX–XIV вв.». - М., 1961. – С. 510.). Ба назар чунин мерасад, ки дар ин иқтибос як андешаи ба хосу авом хеле мафҳум баён шудаст: фаҳми зуҳури ҳар ҳодиса рабти бевосита ба омилҳое дорад, ки он ҳодисаро ба вуҷуд овардаанд, дар мавриди мо – нашри як китоби дарсие, ки бе тасаввури дурусти сабабҳои таълифи он наметавон моҳияти онро дарк кард.
Китоб "Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти классикии тоҷику форс" унвон дошта, моҳият ё аҳамияти он дар худи номи китоб дарҷ шудааст: онҳое, ки бояд хонандагони ин китоб бошанд, бояд аз бисёр масъалаҳои марбут ба ҷаҳонбинӣ, дидгоҳҳои маънавӣ ва афкори ҳаётдӯстонаву инсонпарварона ва дунёгароёнаи бузургони мо огаҳ шаванд ва ин андешаҳоро бо имрӯзи давлатдории миллии мо, ки унсури дунявият дар қонуни асосии он (моддаи якум) махсус зикр шудааст, дар ҳоли қиёс ба таҳлил гирифта тавонанд.
Аз пафос ё руҳияи тақриз (ба андешаи мо, навиштаи муаллиф аз ҳадди як тақриз хеле бурун рафта, моҳиятан рисолаи назарии илмиро мемонад) чунин тасаввур ҳосил мешавад, ки муаллифро дар баробари чигунагии мантиқи андеша дар мақолаҳои китоб (маводи адабие, ки мавриди таҳқиқи мавзуъ қарор гирифтааст), инчунин, чӣ гуна ба ин мавод сарфаҳм рафтани хонанда ҷиддан машғул доштааст. Ҳамин ҷиҳат аст, ки пиромуни на фақат мафҳуми дунявият, балки масоили бунёдии суханшиносӣ – назариёти маърифати бадеӣ, иртибототи бадеӣ ва функсияҳои гуногуни адабиёт ҳамчун як шохаи дарахти ҳунар афкори судманд ва ҷолибро аз нигоҳи илми адабиётшиносӣ баён кардааст.
Мавзуоти алоҳидае, ки ба таҳлили жарфӣ дучор шудаанд, аз қабили “Давлати миллӣ ва дунявият”, “Баъзе масъалаҳои назариявӣ дар маҷмуа”, “Манбаъҳои назарияи дунявӣ”, “Нигоҳе ба муҳтавои китоб”, “Дар бораи забони маҷмуа”, “Дунявият, назария ва методологияи таҳқиқ, “Оид ба сарчашмаҳои афкори дунявият” ҳамагӣ ишора ба он мекунанд, ки калидвожаи асосии китоб – дунявият (ба андешаи мо – дунёгароӣ – Ҳ.Р.) ҳанӯз дар илмҳои фалсафа ва инсоншиносиву гуманитарӣ дар доираҳои илмии ҷумҳурӣ дуруст ҳазм нашудааст, гарчи дар паҳнаи улуми сиёсатшиносӣ ва фалсафаи иҷтимоии ҷаҳонӣ осори зиёде таълиф шуда. Барои банда, ки соле пеш зарурати ҷустуҷӯи маводи миллӣ роҷеъ ба масоили дунявият ба миён омада буд, ба ҷуз чанд мақолаву маъруза ва афкори парокандаи дар мавриде гуфташудаи мутахассисин дигар чизе ба каф наомад ва чунин ҳол гувоҳи он аст, ки то чӣ андоза илми мо, бахусус он улуме, ки ба масоили ҷаҳонфаҳмиву тафаккур шуғл доранд, дар ҳошияи тараққӣ мондаанд...
Аввалин таассуре, ки баъди мутолиаи ин рисола ба дидаи тафаккур нақш мебандад, ҳамин аст, ки ин пажӯҳиш натиҷаи назари як файласуф ва сиёсатшиноси ҳирфаӣ ба адабиёти бадеист. Бо мафоҳими илмӣ сару кор гирифтани муаллиф ва аз ғирболи тафаккури фалсафӣ гузарондани маводи адабӣ исботи андешаи болост: фалсафа ҳамеша бо мафҳумҳо ифода мешавад. Аз сӯйи дигар, фалсафа ва ҳар масъалае, ки бо он алоқадор аст, бахусус ғояҳо ва маслакҳои фалсафӣ, таълимоту назариёти пешқадами он, ҳамеша барои адабиёти бадеӣ сарчашмаи эҷод буд ва ҳаст.
Ба фарзи мисол, андешаҳои барои он давр бисёр муҳими файласуфи асри XVIII Англия Ҷон Локк (1632-1704, махсусан дар рисолаҳояш: “Таҷрибаҳо оид ба маърифати инсонӣ”, “Таҷрибаҳо роҷеъ ба қонунмандиҳои табиат”, “Мулоҳизаҳо доир ба тарбият” ва ғ.) оид ба нодуруст будани идеяҳои фитрӣ ва аз таҷрибаи ҳиссӣ ҳосил шудани онҳо, ки барои калисо зарбаи ҳалокатбор буд, адибони маъруфи ҳамон марҳиларо (аз ҷумла, Дефо, Филдинг, Смолетт, Бёрнсро) ба таълифи осоре такон дод, ки ҷунбиши маърифатпарвариро аз нигоҳи ҳунарӣ таъмин мекардагӣ шуданд. Аҳли фалсафаи инглиси ҳамон айём Ҷон Толанд (1670-1722), Дэвид Гартли (1705-1757), Ҷозеф Пристли (1733-1804), граф Шефстбери (1671-1713) зидди истибдод ва ҷаҳолати динӣ бархостанд ва мағзи афкори ҳикматии онон мавзуоти осори ҳунарии аҳли адаб шуд.
Ҷон Локк дар ҷумлаи аввали рисолааш “Таҷрибаҳо оид ба маърифати инсонӣ” навишт: “Ҳамин хирад аст, ки инсонро аз дигар мавҷудоти ҳискунанда фарқ мекунонад ва боло мегузорад. Он ба мисли чашм аст, ки имкони ҳамаро дидан медиҳад, аммо худро наметавонад бубинад. Заҳмат ва ҳунари зиёде лозим, ки онро дар фосила гузошта, объекти омӯзиш қарор дода бошӣ...” (Локк Дж. Сочинения в 3-х т. Т.1. Опыт о человеческом разумении. (Философское наследие. Т.93). - М.: Мысль, 1985. - С. 91). Ҳамин гуна равиши нави дидани манзараҳои рушди ҷомеаи башариро дар ин аср барои аҳли қалам файласуфи бузурги немис Иммануил Кант муҳайё кард. Ӯ на танҳо ба методи диалектикии маърифати ҳастӣ ибтидо гузошт, балки роҳи ҷадиди инъикоси воқеиятҳо ва ҳақиқатҳои зиндагиро барои қаламкашони замонаш муқаррар кард.
Назари ин олим оид ба он ки маҳз санъату ҳунар (ки адабиёт як шохаи он аст) ҳамагуна ихтилофоти фикриро дар фалсафа аз миён мебардорад ва иқоъ ё гармонияи миёни озодиву зарурат маҳз дар адабиёт ба мушоҳида мерасад, инқилоби андеша дар аҳди маорифпарварии ин кишвар буд. Кант доир ба вазъу ҳолати маънавии инсон “Танқиди хиради амалӣ” ном рисолае таълиф кард ва ғояи “қарзи инсонӣ”-ро ба миён ниҳод. На тарсу ҳавасмандӣ, “балки ҳидояти дохилии маънавӣ бояд инсонро ба қарзаш тобеъ намояд”, - навиштааст ӯ дар ин рисола (Кант И. Критика практического разума. – М.: Эксмо, 1998. – С.104). Дар радифи масали машҳури “ончунон рафтор кун, ки бихоҳӣ дигарон бо ту низ ҳамчунон рафтор карда бошанд”, Кант принсипи қонуни умумиро гузошт: “Ҳамон гуна рафтор намо, ки куллияи иродаи ту ҳамзамон принсипи қонуни умумӣ ҳам бошад”.
Андеша ва ғояҳои фалсафии ин олим ба адабиёти ҳамондавраи Олмон дар мисоли Шиллер, Лессинг, Винкелман ва дигарон таъсири файёз расонд. Агар имрӯз ба хештан суол кунем, ки як сабаби аслии пешрафти бесобиқаи кишварҳои аврупоӣ дар чист, ҳамоно ба мадди аввали андеша мубориза ва ҷаҳду талошҳои файласуфону адибон бо таассубу хурофоти динӣ ва мафкураи схоластикӣ тасаввур мешавад: парастиши хирад, васфи инсони “табиӣ”, ба вуҷуд овардани ҷаҳонбинии ҷадид ва озод аз ҳама гуна тааллуқоти ғайриилмӣ... Ин адибону файласуфон чунин мешумурданд, ки дунёро афкору ақидаҳои зиндагидӯстона идора мекунад ва аз ин рӯ, вазифаи ҳам илм ва ҳам адабиёт ҳамин аст, ки фаҳму дарки дурусти ҳақиқатро ба зеҳни мардум бирасонанд.
Дар қиёс аз маорифпарварони олмониву инглисӣ донишмандони фаронсавӣ инсонро холиқи таърих хонда, ҳама гуна саҳву иштибоҳоти таърихро натиҷаи ҳукмронии афкору ғояҳои ғалат, ахлоқи бад ва низоми нодурусти идоракунӣ хонданд. Ба инсон вогузор намудани ҳаққи табиии ӯ, ба вуҷуд овардани сохтори одилонаи иҷтимоӣ, рушди донишҳои илмӣ ва озод шудан аз сарпарастии калисо ва назорати диндорон идеяҳои асосии ҳам илми фалсафа ва ҳам адабиёту ҳунарҳои нафисаи ин кишвар буд. Даҳҳо донишмандон дар ин роҳ қурбони зулм ва истибдод шуданд, ки дар ин хусус сухани файласуфи машҳури Фаронса Дени Дидро (1713 - 1784) шуҳрат ва ҳақиқате дорад: “Файласуфон ашхоси руҳониро зиёд танқид кардаанд ва онҳо низ дар бораи файласуфон чизҳои бад гуфтаанд, аммо ягон файласуф руҳониеро накуштааст, руҳониён бошанд, бисёр файласуфонро ба қатл расонидаанд”...
Хеле мулоҳизаҳои муаллифи рисола, донишманди фалсафаи иҷтимоӣ ва илми сиёсат С. Ятимов ба табиат ва моҳияти адабиёти бадеии ҳунарӣ, таносуби он бо воқеияти зиндагӣ, зарурати офариниши асарҳое, ки тавонанд ниёзҳои маънавии ҷомеаро дар ҳоли ҳозир, ки Тоҷикистон дар марҳалаи истиқлол бо он ниёзҳову иқтизоҳо рӯ ба рӯ шудааст, бароварда тавонад, ихтисос дорад. Ҳанӯз дар муқаддимаи рисолаи пешинашон (Адабиёт ва диалектикаи ҳаёт. – Душанбе: ҶДММ “Ганҷ нашриёт”, 2019. – 248 с.) профессор С. Ятимов зикр кардаанд: “...адабиёт фақат он вақт ба мақсади хеш муваффақ мешавад, ки аз қонуният, раванд ва мафҳумҳои диалектикӣ бештар, амиқтар баҳравар гардад, ба онҳо такя кунад, тавассути абзори бадеӣ дар тафсири воқеият аз илм бештар истифода намояд. Охирин, чӣ тавре маълум аст, маҷмуи донишҳои дар таҷриба санҷидашуда, ба мақсади таъмини рӯзгори беҳи инсон мебошад” (ҳамон рисола, саҳ. 5-6).
Андеша дар ин иқтибос, агар то андозае ба дурусту саҳеҳ будани ҷаҳонбинии адиб (шоиру нависандаву драманавис), огоҳии ӯ аз раванду ҷараёнҳои фикриву иҷтимоӣ ва дигар хасоиси олами вақоеъ ишора кунад, то андозае дигар ба истифодаи эҷодкоронаи дастовардҳои илм (хусусан, фалсафа, ки умдатарин қонунмандиҳои табиат, илм ва ҷомеаро таҳқиқ мекунад) низ ангушти ишора мебарад.
Ин ишораҳо аз он ҷиҳат дурустанд, ки ҳам адабиёт ва ҳам анвои дигари ҳунарҳо моҳиятан шаклҳои гуногуни шуури ҷомеа мебошанд, фарқ дар ин аст, ки бо тарзу ифодаҳои мухталиф баён мешаванд, яке дар шакли мафҳумҳо, дигаре тавассути образ, ки онро нақши парвардаи хаёли адиб ҳам мегӯянд. Ҳунари ҳар халқ (хосса адабиёти бадеии хатти ҳунарӣ) ҳаёти ҳамон мардум, хӯю хислат, руҳи ҳамон халқ ва айни замон арзишҳоеро ифода мекунад, ки ба тамоми башарият дахл доранд. Осори безаволи Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Гомер, Данте, Шекспир, Гёте, граф Толстой ва дигар адибони номвари дунё ба хонанда имкон медиҳанд, ки ҳаёти маънавию руҳонии кулли башариятро дар хештан эҳсос бикунад.
Дар ин хусус В. Г. Белинский, мунаққиди бузурги рус чунин навиштааст: “Дар кадом шакле ҳаёти инсон нагзарад, вай барои ҳама фаҳмост, зеро агар шакл иваз шавад ҳам, ғояи офаридаи эстетикӣ ҷовидонист. Прометейи Эсхил, ки дар кӯҳ салб шудааст ва уқобе ҷигари ӯро ҳамарӯза мешикофад, шакли комилан юнонист, аммо идеяи иродаи бешикасти одамӣ ва энерҷии руҳ, ки ҳатто дар ҳоли азият ҳам ифтихоре дорад, имрӯз ва фардо ҳам қобили фаҳму дарк буда метавонад. Дар Прометей ман инсонро мебинам, дар уқоб манбаи азият, дар посухи Прометей ба Зевс иқтидори руҳ, характери оҳанини инсонро. Чи лозим ба ман, ки дар кору ҳаёти ҳиндувони қадим худоҳо ва фариштаҳо гӯё дахолат мекардаанд, инҳо барои ман аз дарки муҳтавои “Сакантула”-и ҳиндуҳо монеъ намешаванд. Ман ҳама чизҳои хос ба ҳиндуҳоро як сӯ мегузорам ва моҳияти инсонии ин асарро дармеёбам: ҳамин чизҳои ба одамон хос, чи барои ҳинду, чи барои русу олмониҳо як хел аст” (Белинский В.Г. Собр. соч. Т.2. – М., 1953. – С. 173).
Ин андешаи Белинский гувоҳи он аст, ки адабиёт (ҳамчун ҳунари суханварию суханофарӣ) ва ҳама анвои дигари ба он алоқадори ҳунар қобилияти тамоси бевоситаро бо шаклҳои дигари шуур доранд, аз ин бештар, маҳз забон, ки тавассути он мундариҷаи эстетикии асари бадеӣ фароҳам оварда мешавад, воситаи ташаккули ҳама гуна шуур, аз ҷумла шуури илмӣ, мантиқӣ, фалсафӣ, публитсистӣ, ба шумор меравад, яъне сохтори шуури образноки адабиёт беш аз ҳама ба сохтори мантиқӣ қаробат дорад. Барои ҳамин ҳам, адабиёт дар матни хеш таносуби унсурҳои фалсафа, публитсистика ва дигар илмҳоро дар шакли мантиқии ба ин илмҳо хос ба вуҷуд меорад.
Ҳамин ҷиҳат аст, ки дар матни “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ аносири ҳунарӣ, фалсафӣ ва таърихӣ ба ҳам омадаанд, “Ҷанг ва сулҳ”-и Лев Николаевич Толстой, чи аз ҷиҳати мазмун ва чи аз ҷиҳати шакл, ҳамчун синтези ҳунари нависандагӣ, таърих ва фалсафа ба дидаи фаҳм мерасад. Фридрих Энгелс дар замонаш, баъди мутолиаи асарҳои Оноре де Балзак гуфта буд, ки аз асарҳои илмии иқтисодшиносону муаррихон дида, аз эҷодиёти ин адиб роҷеъ ба ҷузъиёти иқтисод бештару комилтар дониш гирифтааст.
Донишмандони дигар низ аз асарҳои Чарлз Диккенс ва Уилям Теккерей ончунон иттилооти воқеии сиёсиву иҷтимоӣ гирифтаанд, ки ягон донишманди таъриху сиёсату мардумшиносӣ ин қадар мавод барои андеша надодаанд. Аз дигар навъи ҳунарҳо (мусиқиву рақсу муҷассамасозиву меъмориву кандакорӣ ва ғ.) чунин бардошт ҳосил кардан ғайриимкон аст, аз ин ҳунарҳо танҳо ҳаяҷону шафқат дар қалби бинандаву шунаванда ҳосил мешаваду халос. Сухан ин ҷост, ки асари бадеӣ тавассути сухан эҷод мешавад ва сухан қудрати тавлиди андешаро дорад, образи бадеӣ бошад, эҳсосоти инсониро тагурӯ мекунад. Агар илм эҳсосоти одамро маърифат бикунад, адабиёт онро ифода мекунад. Агар илм чизеро собит карданӣ бошад, адабиёт онро нишон медиҳад ва ба қазовати хонанда вогузор менамояд.
Андешаи дигаре, ки баъди мутолиаи ин рисолаи профессор С. Ятимов ба зеҳн мерасад, ин аст: оё адабиёт ва таҳқиқи он чунин вазифа доранд, ки ба шаклгирии ҷаҳонфаҳмии инсон таъсир расонанд? Чунин пурсиш дар матни рисола нест, аммо ҳар касе, ки онро бо чашми мутолиа (на қироату хониши сарсарӣ) нигариста бошад, ҳамин гуна фикр ҳатман ба мағзаш хоҳад омад. Бешакку шубҳа, посух мусбат хоҳад буд: адабиёт ҳамеша дар садади таъсир расондан ба инсонҳо, тағйир додани шакл ва навъи муносибати одамон ба воқеият аст. Ин натиҷа дар ҳоле даст хоҳад дод, ки агар ҷаҳонбинии инсонҳо дигаргун шавад.
Адиб воқеиятро бо такя ба ҷаҳонбинии хеш пажӯҳиш мекунад ва инсонро маҷбур месозад, ки фазои беҳудуди ҳастии худашро ҳис кунад, робитаи зиндаи замонҳо, яксон будани ғаму хатарҳо, орзую умедҳоро барои ҷумла одамизод дарк намояд. Ҷаҳонбинии адиб даҳҳо роҳи ифодаро дар асари бадеӣ дорад: тасвири манзараҳои фарохи ҳаёт бо ҳама бурду бохтҳояш, гоҳо панду насиҳату бо таъбиру маҷозу дигар саноеи адабӣ ифода кардани он чики мехоҳад. Риояи ҳадди эътидол дар зуҳури мавқеи адиб нисбат ба воқеот ва мавзуоти мавриди баррасӣ шарти асосии маҳбубият пайдо кардани ҳама гуна осори ҳунарист. Аслан адиб бояд нақл кунад ва нишон бидиҳад, ҳукм кардан бояд рисолати хонанда бошад.
Николай Гаврилович Чернишевский, ки бо рисолаи илмии “Муносибати эстетикии ҳунар ба воқеият” шуҳрат дорад, ҷойе менигорад: “Ҳунар (адабиёт, аз ҷумла – Ҳ.Р) ба ҷуз бозтоби воқеият вазифаи дигаре ҳам дорад: фаҳмондани ҳаёт...” (Чернышевский Н.Г. Избранные статьи. – М., 1978. – С. 112). Адабиёт ҳама чизҳоеро ба тасвир мегирад, ки инсон дар воқеият бо онҳо дар муносибат мешавад. Ҳангоми шиносоӣ бо падидаҳои ҳаёт инсон наметавонад ҳукми хешро, мавқеи худро баён накунад. Адиб ҳам ҳамчунин аён (дар авҷ ё конфликти асар) ва ноаён (дар пасманзари ҳаводис) ҳукми худ, назари фардии худро ифода мекунад: бадиро бад, некиро нек менигорад.
Хулосаи андешаи мост, ки ҳам дар тақриз, ки ба ҳукми рисолаи назарист ва ҳам дар китоби мавриди тақриз (бо шарти ислоҳ шудани норасоиҳояш, махсусан забони китоб) ҳамин гуна муносибат – ҳаққониву некбинона ба тасвир гирифтани масъалаҳои тафаккур дида мешавад ва бояд чунин бошад.
Албатта, дар рисола чанд масъалаи дигаре ҳаст, ки шарҳ мехоҳанд. Аммо навиштори мо ҳадафе надорад, ки ҳамаи онҳоро ба эътибор бигирад. Сабки вижаи профессор С. Ятимов муҷазбаёнӣ, бо як назар ва ба таври хулоса ифода кардани маъниву мазмунҳоест, ки барои адабиёт ва рушди назариёти он хеле аҳамият доранд.
Ҳафиз РАҲМОН,
адабиётшинос,
устоди Донишгоҳи
миллии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.04.2022 №: 83 Мутолиа карданд: 712