иҷтимоиёт
«ЗАРАФШОН». 90-УМ СОЛГАРДИ РӮЗНОМАИ ВАТАНСАРО МУБОРАК БОД!
Шумораи нахустини рӯзнома 1-уми майи соли 1932 бо номи «Коммунисти Панҷакент» аз чоп баромадааст. Он замон муассисонаш Кумитаи ҳизби коммунист ва Шурои намояндагони халқи шаҳр буданд. Рӯзнома бо ду забон - тоҷикӣ ва ӯзбекӣ нашр мешуд.
То соли 1934 бо кӯшишҳои муҳаррири рӯзнома А. Отахонов ва котиби масъули он Ҷунайдулло Эсоев нашрияи «Коммунисти Панҷакент» дар матбааи шаҳри Самарқанд бо теъдоди 1000 нусха ва моҳе ду маротиба ба табъ мерасид. Ин далелро бастаи соли 1934-и рӯзнома асоснок мекунад. Дар саҳифаи охири шумораҳои ин сол чунин маълумот омадааст: «Чопхонаи давлатии Уз (Ӯзбакистон) шаҳри Самарқанд. Заказ 2031». Ҳангоми ҷустуҷӯ як нусхаи ин рӯзномаро, ки аз моҳи июни соли 1934, дар шаҳри Самарқанд ба дасти чоп расидааст, дарёфт шуд. Он бо хати лотинӣ буда, аз ду саҳифа ё худ як варақ иборат аст. Дар шумораи мазкур дар маҷмуъ, 19 мавод нашр шудааст, ки калонтарини он дар ду сутун (36 сатр) ҷойгир аст.
«Коммунисти Панҷакент» яке аз аввалин рӯзномаҳои ноҳиявӣ буд. Соли 1934 80 мухбири коргару деҳқон бо он ҳамкорӣ менамуд. Фаъолияти ин нашрия давраҳои зеринро дар бар мегирад: аз замони таъсис то оғози солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ; солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945); солҳои баъдиҷангӣ ва барқароркунӣ; давраи бозсозӣ ва замони соҳибистиқлолӣ.
Дар давраи аввал нашрия аз нигоҳи сифати мавод ва теъдоди нашр пеш рафта, ба талабот ва таъиноти умумии рӯзнома мувофиқ гардидааст. Дар давраи дуюм, ки солҳои ҷангиро фаро мегирад, «Коммунисти Панҷакент» новобаста аз он, ки аксари ходимони он ба фронт даъват шуданд, фаъолияташро қатъ накард. Аммо, дар ин давра, теъдоди нашри рӯзнома кам ва фосилаи чопаш гоҳо номуназзам гардид. Бо вуҷуди ин, нашрия то ҳадди имкон дар тарғиби сиёсати ҳизб ва давлат дар ҷанбаи ҳушёрии сиёсӣ амал карда, дар роҳи ба меҳнати дучанд сафарбар кардани мардум, ёрӣ ба фронт, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва муборизаи беамон ба муқобили фашизм бо нигоштаҳои оташин мубориза бурдааст.
Давраи сеюмро метавон “давраи тиллоӣ” номид. Дар ин давра на танҳо нашрия аз ҷиҳати шаклу мазмун тағйир ёфт, балки ба минбари боэътимоди таблиғи рӯзноманигорону кормандони ҳизбӣ ва ба майдони сухани як зумра шоирону нависандагон ва фарҳангиёни диёр табдил ёфт. Соли 1962 дар замони муҳарририи Зайниддин Насриддинов рӯзномаи «Коммунисти Панҷакент» тағйири ном карда, унвони «Зарафшон»-ро гирифт.
Дар солҳои аввали истиқлол бо иллати кашмакашиҳои дохилӣ, фалаҷ гардидани шохаҳои ҳокимият ва заиф шудани иқтисодиёт чопи аксари нашрияҳои даврӣ, аз ҷумла рӯзномаи «Зарафшон», муддате қатъ гардид. Баъдан гоҳ коғаз, гоҳ дурии матбаа, гоҳ норасоии маблағ садди роҳи нашри он мегардид. Дар муддати як сол теъдоди нашри он аз 17 000 нусха ба 1000 адад поён рафт. Бо вуҷуди ин мушкилиҳо, ҳайати эҷодии рӯзнома кӯшиш намуданд, ки имкониятҳои мавҷударо истифода бурда, фаъолияти худро қатъ насозанд, бо теъдоди кам ҳам бошад, иртиботи худро бо хонандагон нигоҳ доранд.
Имрӯзҳо ҳам нашрия дар самти тарғиби дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ ва боло бурдани сатҳи маънавиёти ҷомеа саҳми босазо гузошта истодааст.
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.04.2022 №: 83 Мутолиа карданд: 675