logo

иҷтимоиёт

ВАСИЛАИ МУҲИМИ РИВОҶИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТ

(Андешаҳо дар атрофи мақолаи “Дар бораи як китоби дарсӣ”-и профессор С. Ятимов)
 
Дар ҳаёти инсону ҷомеа илми ҳақиқию ростин василаи ҳалли ҳама гуна мушкилот аст. Онро бузургони адабу ҳунар дар ҳолату вазъиятҳои мухталиф раҳнамои пешрафт ва қутбнамо ба ҷониби қуллаи мақсуди одамӣ шарҳ дода, бо ибораҳои басо пурмаънову зебо, аз қабили «чароғи равшани дил», «ҷавшани тан», «тоҷи сар»-у «қуфлкушои ҳама дарҳо», «нигини мулки шоҳон» ситоиш кардаанд.
 
Воқеан, маҳз натиҷаи омӯзиши илмҳост, ки башарият такмили ҷаҳонбинӣ ва фаҳму дарки амиқтари олами ашё карда, дунёи зисти хешро тағйир медиҳад. Ҳамин илм аст, ки андешаи инсон сайқал меёбад, он мустақил ва фарогир мегардад ва дар натиҷаи бо таҷриба собит шудани назариёти илмӣ афкори вижаи инсон дар муҳити миллӣ ва ҷаҳонӣ нақшгузор мешавад. Анҷоми кори ҳар илме ба он мерасонад, ки одамӣ ҷаҳонро «бо чашми хирад» менигарад ва мебинад, ки ба қавли пири шуарои Аҷам Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ин дунё «ҳамчу дар-ёст в-аз накукорӣ» бояд «киштие созаду аз он гузарад». 
Мақола-тақризи доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор С. Ятимов бо номи «Дар бораи як китоби дарсӣ» (“Ҷумҳурият” 4 апрели соли 2022), ки ба ҳусну қубҳи китоби дарсии гурӯҳи олимони Академияи миллии илмҳо Қосимшо Искандаров, Раҳматкарим Давлатов, Ҷамолиддин Саидзода, Беҳрӯзи Забеҳулло, Сайидхоҷа Ализода, Нозим Нуров, Шамсиддин Нуриддинов, Ҳафиз Раҳмон “Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти классикии тоҷику форс” (Душанбе, 2021, 310 саҳ.) ихтисос дорад, аз муқаддимаву ҳафт бахш – давлати миллӣ ва дунявият, баъзе масъалаҳои назариявӣ дар маҷмуа, манбаъҳои назарияи дунявӣ, нигоҳе ба муҳтавои китоб, дар бораи забони маҷмуа, дунявият, назария ва методологияи таҳқиқ, оид ба сарчашмаҳои афкори дунявият ва хулоса иборат аст. 
Мақолаи мазкур, гарчи ба мазмуну муҳтавои ҳамин китоб дахл дошта бошад ҳам, аммо маслиҳату машварат ва тавсияҳои муаллифи он арзиши баланди илмӣ доранд ва ба андешаи мо, бояд зимни омода кардани дигар кутуби тадрисӣ нуктаҳои назарӣ ва хулосаҳои он бояд ба эътибор гирифта шаванд. 
Муаллифи тақриз дар муқаддимаи мақола бо истинод аз андешаҳои Арасту нукоти муҳими дар таърихи инсоният доиман ба ҳам алоқаманд ва ҳамбаста будани давлату маорифро таъкид месозад, ки сабабашро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар Паёми навбатӣ иброз доштаанд: «Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад”.
Рушду нумӯи миллат аз анъана, урфу одат, ҷаҳонбинии миллӣ ва дигар омилҳои асосӣ вобастагӣ дорад ва ин ташаккулу ривоҷ дар муҳити давлат, мавқеи ҷуғрофӣ, вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҳамбастагии ногусастанӣ дорад. Дар ин маврид пойгоҳи асосии тафаккури миллӣ худшиносию худогоҳии миллӣ буда метавонад. Бадеҳист, ки агар худшиносии миллӣ устувор бошад, ҷаҳонбинии миллӣ мустаҳкам ва тавсеа меёбад, зеро мағзи он аз таърих, забон, фарҳанг, ифтихороти миллӣ ва дигар ганҷинаи маънавии миллат сарчашма мегирад. Таърихи куҳану навин гувоҳ аст, ки суботи давлатдорӣ дар заминаи мавҷудият ва амали чунин арзишҳо таъмин шудааст. 
Муаллифи мақола дар қисмати “Давлати миллӣ ва дунявият” қайд мекунад, ки «муташаккилӣ ва устувории ин система (давлат – Г. Ж.) аз фаъолияти муназзами соҳаҳои он, ки дар алоқамандӣ, вобастагӣ ва ҳамоҳангии якдигар қарор доранд, сарчашма мегирад. Ташаккули идеология, маънавиёт ва ҷаҳонбинӣ аз самтҳои ҳаётан муҳими сиёсати давлатдорӣ аст». Шароити мусоид, рабту низоми муайян фароҳам овардан дар соҳаи илму маориф ва мактаб ва ҷабҳаи муътақидкунанда будани соҳаи илму маориф вобаста ба сохти давлатдорист.
 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд: “Ҳоло дар ҷомеаи мо насли нави соҳибистеъдод, илму донишдӯст ва фарҳангпарвару забондон ба камол расида истодааст ва мо бояд онҳоро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ намоем”. Аз ин рӯ, профессор С. Ятимов таъкид мекунад, ки соҳаи маорифро зарур аст, ки чопи китобҳо ва васоити таълимиро “ба пояҳои сохти конститутсионӣ – давлатдории миллӣ” мутобиқ гардонад, зеро маводи чопӣ “мақсад ва моҳияти зиндагиро меомӯзонанд. Масири кунунӣ ва ояндаи онро муайян месозанд. Тарз ва усули муносибат ба воқеияти сиёсиро нишон медиҳанд. Табиат, муҳтаво ва таъиноти инсонро дар ҷомеа аз нигоҳи илмӣ тафсир мекунанд”.
Дар қисмати «Баъзе масъалаҳои назариявӣ дар маҷмуа” муаллифи мақола дар асоси таҳлили муқаддимаи китоб, ки таълифи он ба қалами Ҳафиз Раҳмон тааллуқ дорад, масъалаи аҳамияти ақлу хирад ва донишро баррасӣ мекунад. Ақл дар заминаи дониши дурусту ҳақиқӣ ба зинаи дигари камолоти инсон, яъне хирад, мерасад ва, ҳамчунон, ки устод Рӯдакӣ мегӯяд, фақат “мардумони бихрад” донишро “гирд карданду гиромӣ доштанд, то ба санг андар ҳаме бингоштанд”. Дар ин замина муаллиф таъкид медорад, ки “китобҳои дарсӣ ва воситаҳои таълимӣ бояд сирф дар асоси талаботи илмӣ ва методӣ таълиф гарданд. Мафҳум ва истилоҳот тибқи ҳамин усул бидуни эҳсоси духӯрагӣ ва мавҳумот истифода шаванд”. Ба ҳамин васила, муқарриз зарур мешуморад: аҳамияти баррасии қисмати назариявии мавзуи матраҳшаванда нишон дода шавад; ҳангоми пешниҳоди мавзуи омӯзиш ҳатман қудрату тавони хонанда ба дарки масъала ба эътибор гирифта шавад; муҳаққиқ ба доштани дониши комилу мушаххас ва ба ҳадаф расидан эътимод дошта бошад. 
Дар қисмати “Манбаъҳои назарияи дунявӣ» дар асоси таҳлилу баррасиҳо зикр мегардад, ки сарчашмаҳо барои тақвияти дурустии фикр ва исботи андеша дуруст интихоб гарданд ва аз онҳо ба хонанда он нукоте айнан пешкаш гардад, ки дар асоси омӯзиш ва таҷрибаҳо дурустии он мушаххасан собит шудааст.
Дар қисмати «Нигоҳе ба муҳтавои китоб» дар заминаи омӯзиши чанд мақола таъкид мегардад:
1. Мақсад ва ҳадафи таълифи китоби дарсӣ ё васоити таълимӣ зина ба зина ба хонанда нишон дода шавад ва ин ҳолат ба тарз ва методи таълиф вобастагии қавӣ дорад.
2. Бояд методи дуруст ва нишонрас интихоб гардад ва муаллиф ҳаматарафа омода бошад.
3. Барои муътақид гардондани хонанда аз методҳои илмии асоснок ва пазируфташуда истифода барад.
4. Ҳангоми таҳқиқ ба духӯрагию дудилагӣ роҳ надиҳад ва бо овардани далелҳои раднопазир хонандаро водор созад, то итминон кунад, ки мавзуъ ҳалли дурустро ёфтааст.
Ҳангоми таҳлили бахши дуюм масъалаи пайвандии фикр, гусаста нагардидан, пайгирӣ намудани мавзуи асосӣ бо вуҷуди тағйири субъекти таҳқиқ қайд шудааст, яъне, ҳамзамон, таъкид мегардад, ки пайдарпайӣ дар баррасии мавзуи асосӣ дар мақолаҳо ё бобу фаслҳои китоб муттасил риоя шавад. Таҳлил бо нишондоди намунаҳо тарзе сурат гирад, ки ҳатман тасдиқи афкори муҳаққиқ бошад ва барои хонанда ибратомӯзу илҳомбахш ва таъсиргузор гардад ва ба омӯзиш ҳидоят кунад. Дар бахши сеюм муқарриз дидааст, ки муаллиф «барои кушодани мавзуъ аз назарияи умумии инъикоси воқеияти ҷамъиятӣ тавассути сухани бадеӣ хуб истифода кардааст» ва пешниҳод намудааст, ки андеша бояд бонизом бошад ва марҳила ба марҳила ҷамъбаст гардад. Методҳои илмӣ дар доираи мавзуъ дуруст истифода шаванд. Дар таҳлилу арзёбии мавзуи баррасишаванда ихтилофоти андеша роҳ наёбад, то хонанда раҳгум назанад. 
Дар қисмати «Дар бораи забони маҷмуа» муқарриз овардааст, ки муаллиф бояд бикӯшад, ки забони нигориши китоби дарсӣ равону сода бошад, то ки хонанда бештар ба умқи мавзуи пешниҳодшуда сарфаҳм равад ва вақти хешро барои дарёфти маънои калимаҳои камистеъмолу ношинос сарф накунад.
Дар бахши «Дунявият, назария ва методологияи таҳқиқ»-и мақола баъд аз баррасии масъала муаллиф пешниҳод мекунад, ки барои ба мушкилӣ дучор нашудан бояд объект ва предмети таҳқиқи илмӣ мушаххас гардад. Мантиқи ифодаи назару андеша ва хулосабарориҳо муносибу мувофиқ бошанд. Моҳияти ҳадафу мақсад равшан ва возеҳ бошад. Дар китоби дарсӣ бояд саволҳои барои имтиҳони хонанда дар мавриди дараҷаи аз худ кардани мавзуъ дар доираи мавзуъ ва ҳадафи мавод таҳия шаванд.
Дар бахши «Оид ба сарчашмаҳои афкори дунявият» дар раванди баррасии китоб гуфта шудааст, ки китобҳои таълимӣ дар ташаккул ва тақвияти ҷаҳонбинии миллӣ василаи асосӣ маҳсуб меёбанд ва аз рӯйи зарурат таҷдиди назар мешаванд ва он дар асоси анъанаҳои таърихӣ роҳандозӣ мегардад ва фақат бузургтарин донишмандон ҷуръат мекарданд чунин иқдомро пеш гиранд. Муҳаққиқоне, ки китоби дарсӣ менависанд, бояд дарк кунанд, ки дар назди давлат, миллат ва ояндаи он масъулияти бузурге ба дӯш доранд.
Дар хулоса бо умеди ояндаи нек бо нидои «руҳи зиёӣ тавъам бо неруи мардумӣ ва худшиносии миллӣ бузургтар, қавитар аз ҳамаанд!» муҳаққиқонро водор месозад, ки бо созгор намудани малакаи дониши хеш ба талаботи замони муосир дар пешрафти илми миллӣ ва тарбияи ҷаҳонбинии миллӣ саҳмгузор бошем.
Ҳамин тариқ, баъд аз мутолиаи ин мақола ё тақриз ба чунин андеша омадем, ки тақриз бо таҳлил, истифодаи сарчашмаҳои муътамади илмӣ, баррасии амиқ, мӯшикофона, беғараз ва шаффоф таълиф шудааст. 
Доир ба манзалати илмию таълимии китоби “Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти классикии тоҷику форс” ибрози андеша намуда, барои беҳтару хубтар гардидани он ҳамчун китоби дарсӣ тавсияҳои илман асоснок пешниҳод кардааст ва, ҳамзамон, ба андешаи мо, дар муқаддима ҳафт фасл ва хулосаи мақола равиши навиштани китоби дарсиро ба муҳаққиқон дастур дода, аҳамияти онро барои рушди маорифи миллӣ таъкид кардааст. Муаллифи мақола дуруст хулоса кардааст, ки илму маориф пойдевори давлату миллат буда, саодати ҳар миллате аз он вобаста аст, ки он дар ҳаёти иҷтимоӣ чи нақшу рисолатеро ба ҷо оварда метавонад. 
 
Ж. ГУЛНАЗАРЗОДА,
доктори илмҳои филология
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.05.2022    №: 84    Мутолиа карданд: 632
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед