logo

иҷтимоиёт

РАДИОТЕАТР. МАРҲИЛАҲОИ РУШД ВА ДУРНАМО

Радиои «Тоҷикистон» аз рӯзҳои аввали таъсис бо ходимони театр ва кино робитаи наздик дошта, комёбиҳои намоёни онҳоро ташвиқ менамояд. Ин алоқамандӣ имрӯз бо шаклу услуби нав равнақ дорад. Дар заминаи он шаклҳои “Радиотеатр”, “Театр дар назди микрофон”, “Театри як актёр”, новеллаҳои радиоӣ, портретҳои эҷодӣ, радиоинсенировкаҳо, радиофилмҳо, радиомазҳакаҳо ва хонишҳои бадеӣ ва каломи мавзуни радиоӣ ташаккул ёфт ва ба бахши такмилёбандаи адабӣ-драмавӣ мубаддал шуда, радиодраматургияро инкишоф бахшид. Дар солҳои аввали радиошунавонӣ дар роҳи ташвиқу тарғиби санъат душвориҳои ҷиддӣ мавҷуд буданд. Сустии базаи моддии муассисаҳои санъат ва набудани зарфиятҳои лозимии техникии радиоӣ душвории асосӣ ба шумор мерафтанд. Дар ин баробар, барномаҳои адабӣ-драмавии радиои “Тоҷикистон” ҳамчун қисми таркибии барномаҳои радиоӣ баробари пайдоиши худи радиошунавонӣ ташаккул ёфта, инкишофи он маҳз ба фаъолияти чанд соҳа: радиошунавонӣ, алоқа, адабиёт ва санъат марбут аст. 
Барномаҳои драмавии «Радиотеатр», «Театр дар назди микрофон», «Театр дар меҳмонии шунаванда», “Радиопостановка”, «Радиопйеса», «Радиокомпозитсия» ва «Радиоинсенировка» миёни шунавандагон хеле маъмуланд. Қадимтарин барномаи «Театр дар назди микрофон», ки лентаи он то имрӯз маҳфуз аст, «Мутриби нобино» ном дошта, соли 1947 сабт шудааст. Мазмуни он аз рӯзгори ҷавони нобиное ҳикоят мекунад, ки бар хилофи яъсу ноумедӣ ба суруду мусиқӣ майл пайдо карда, тадриҷан ба як оҳангсози маъруф табдил меёбад.
Як сарчашмаи ба вуҷуд омадани гуфторҳои драмавии радиои “Тоҷикистон" таъсиси театри касбӣ аст. Вақте 7 ноябри соли 1929 пардаи аввалини театри тоҷик боз шуд, он боиси пайдоиши жанри нав-драматургия дар адабиёт низ гардид. Дигар омили таъсиси барномаҳои драмавии радиои “Тоҷикистон” баргузор шудани даҳаҳои адабиёт ва санъати тоҷик дар Маскав ва дар дигар кишварҳои Иттифоқ буд. Масалан, нахустин Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Маскав, ки аз 12 апрел то 22 апрели соли 1941 баргузор шуда буд. Маскав ба қабули иштирокчиёни даҳа ҳаматарафа тайёрӣ дида, мавод ва хабару гузоришҳоро дар бораи Тоҷикистон пахш мекард. Дар ин давра, “Кумитаи умумииттифоқии радио пахши радиоспектаклҳоро ба нақша гирифта, сабти арияҳо аз операи “Шӯриши Восеъ”, “Коваи оҳангар” ва намоиши мусиқии “Лола” дар грампластинкаҳоро ба радиои тоҷик тавсия кард”. Дар ин асно, санъаткорони тоҷик азназаргузаронии ҷамъии спектаклҳоро ташкил намуданд, ки тадриҷан ба ташаккули радиотеатрҳо ва “Театр дар назди микрофон” мусоидат карданд.
Муҳаққиқ Низом Нурҷонов дар китоби «Маҳмудҷон Воҳидов» нигоштааст: “Радиотеатр солҳои 1936-1937, баъди андак таҷриба овардани нахустин театри миллӣ, сабзидани актёрони он ба вуҷуд омад. Баъзе намоишҳои хуб ба мисли «Макр ва муҳаббат» ва «Оршин мол олон» аз тариқи радио мустақим пахш шуданд. Баъдтар, намоишҳо андак ихтисор ёфта, дар лента сабт гардиданд ва гоҳ-гоҳ аз радио садо медоданд. Баъзе аз ҳикоя, достон ва қиссаҳо махсус барои шунавонидан таҳия гардидаанд”.
Дар сохтори радиои “Тоҷикистон” барномаҳои драмавӣ солҳои 1960, баъди таҷриба касб кардани нахустин мутахассисони театри миллӣ ва дар таҳияи асарҳои саҳнавӣ пайдо шудани радиорежиссура-радиотеатрҳо, ташаккул ёфт. Ҳамин тавр, дар радио нахустин асарҳои драмавии саҳнавӣ барои шунавондан пешбинӣ шуданд. 
Баъди солҳои 70-уми асри гузашта, аниқтараш нисбатан такмил ёфтани зарфияти техникаи соҳа кори ходимони радио, актёрон ва коргардононро барои таҳияи радиотеатрҳо осонтар кард. Масалан, агар пештар барномаҳоро як дафъа мешунавониданд, акнун беҳтарин асарҳоро дар хазинаи радио маҳфуз дошта, дар мавридҳои зарурӣ такроран пахш мекарданд. Пештар, агар барои таҳиягар ягон қисми бозии актёрони барнома маъқул намешуд, имкони техникии такроран беҳтар бозидани нақшҳо набуд ва он дертар пайдо шуд.
Аз тарафи дигар, нуфузи маънавии радиотеатрҳо боиси ташаккули он гардиданд. Ҳамзамон, мазмуну мундариҷаи онҳо пайваста рангоранг мегардиданд. 
Бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ дар гуфторҳои адабӣ-драмавии радиои “Тоҷикистон” руҳияи бозсозӣ ва ҷанбаи амиқи миллӣ ба вуҷуд омад. Ходимони бахши адабӣ бо истифода аз сабку услубҳои гуногуни бадеӣ дар ифодаҳои ҳақиқати воқеаҳои даврони истиқлол ва таърихи ғании халқи худ саҳми арзанда гузоштанд. Аммо, дар солҳои аввали истиқлол гуфторҳои драмавӣ кам сабт гардиданд, ки ин ба вазъи номуътадили сиёсӣ ва норасоии маблағ алоқаманд буд. Дар ин давра, ҳамкории радио бо театрҳо суст шуд ва ҳатто худи театр бар асари низоъҳои шаҳрвандӣ ҳолати ногувор пайдо кард. Фаъолияти он вобаста ба талаботи давр муайян ва ҷавобгӯ набуд. Мардум аз театр ва театр аз мардум то ҷое дур гардид. Дар Театри ба номи Лоҳутӣ соле як ва ё ду намоишнома баргузор мегардиду бас.
Радиои «Тоҷикистон» аз рӯзҳои аввали бунёди худ тарғибгари театр буд ва комёбиҳои онро ташвиқ мекард, вале ин маънои онро надорад, ки ин дастгоҳ ҳама гуна намоишҳои театриро сабт ва пахш мекунад, балки аз рӯйи рисолат радио танҳо ҳамон спектаклеро сабт мекунад, ки он мазмунан ва сифатан баланд буда, дар тарбияи ахлоқию маънавии шунаванда саҳмгир шуда тавонад. Ходимони театр низ дар ташаккули барномаҳо ва аз ҳар ҷиҳат ҷолиб баромадани онҳо саҳм гузоштанд, ки ҳоло маҳсули заҳмати онҳо дар “Хазинаи тиллоӣ”-и радио маҳфуз аст. Шумораи умумии гуфторҳое, ки давомнокиашон аз 45 дақиқа то 3-4 соатро ташкил медиҳад, қариб ба 300 гуфтор мерасад. Маҳз радиои «Тоҷикистон» ба сифати нахустин радиои ватанӣ мазмуни намоиши театриро ба аудиторияи васеъ муаррифӣ кард, зеро агар намоишро дар саҳнаи театр 200-300 нафар тамошо карда тавонад, пас, тавассути радио, телевизион, интернет, пахши онлайн миқдори алоқамандон садҳо маротиба меафзояд. 
Бовар дорем, ки агар радио, телевизон ва театр роҳҳои нави тарғиби якҷояи санъати театриро ба роҳ монанд, метавонанд фарҳанги театрии ҷомеаро баланд бардошта, шумораи мухлисони театрро зиёд намоянд ва ба ин восита, роҳи нави тарбияи эстетикии мардумро ба вуҷуд оранд. Радиотеатр на танҳо имрӯзу фардо, балки садсолаҳо ба мардум хизмат карда, ҳамчун падидаи ёдгори оғози марҳилаи тозаи тамаддуни тоҷикон боқӣ хоҳад монд. Бинобар ин, хуб мешуд, ки радиодраматургия дар барномаҳои таълимии соҳаи журналистика дохил карда шавад. 
Имрӯз ҷаҳони мутамаддин Тоҷикистонро шинохту эътироф кард, робитаҳои иқтисодиву фарҳангӣ бо мамолики олам устувор гардид ва ҳамаи ин таҳаввулот тақозои онро доранд, ки кулли анвои ҳунар, назири мусиқиву театр, радиову телевизион, адабиёту синамо ва дигар омилҳои фарҳангӣ моҳияти чунин падидаҳои замонро инъикос намоянд. Дар радиотеатри давраи нав мавқеи асосиро бояд образи одами нав - намояндаи замони бузургтарин дастовардҳои техникӣ, шахсияти дорои тафаккури миллӣ ва бунёдкор соҳиб шавад. Дар ин замина, дар адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик асарҳои ҷолиб кам нестанд, танҳо масъулият зарур аст, ки мувофиқи тақозои замон ва сиёсати нави давлатдорӣ онҳоро ба фаҳми насли наврас созгор сохта, аз рӯйи он сенарияи филмҳо, драмаҳо ва радиоинсенировкаю хонишҳо созем.
 
Обидҷон САИДЗОДА,
директори радиои “Тоҷикистон”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.05.2022    №: 84    Мутолиа карданд: 679
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед