иҷтимоиёт
ДАВЛАТИ ДУНЯВӢ. ШАКЛИ ОЛИТАРИНИ ТАЪМИНИ ОЗОДӢ ВА РУШДИ ҶОМЕА
Давлати дунявӣ чунин давлате мебошад, ки дар сохтори он ҳокимияти давлатӣ ва дин аз ҳамдигар ҷудо буда, он ба воситаи меъёрҳои гражданӣ идора мешавад, на меъёрҳои динӣ ва дар ин самт қарорҳои ниҳодҳои давлатӣ асосноккунии динӣ дошта наметавонанд. Намунаи чунин давлат аксарияти кулли давлатҳои муосири ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Мутахассисони зиёде бар он ақидаанд, ки давлати дунявӣ шакли олитарини таъмини озодии виҷдон барои шаҳрвандон мебошад. Ҳамзамон, дар давлати дунявӣ дин ба идоракунии давлатӣ, муносибатҳои оммавӣ-ҳокимиятӣ, ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои ҳуқуқию сиёсӣ дахолат намекунад.
Масъалаи ниҳоят муҳим, вале баҳснок ин муайянсозии нишонаҳои асосии давлати дунявӣ мебошад. Дар таҳқиқоти дастрас зикри аз 2 то 12 адад нишонаҳои асосии давлати дунявиро мушоҳида намудан имкон дорад. Баъзе аз ин ақидаҳоро муқоиса ва ҳамоҳанг намуда, аз байни онҳо чунин нишонаҳоро метавон муҳимтарин ҳисоб намуд:
1) мавҷуд набудани ягон дини расмӣ ё давлатӣ;
2) қоидаву меъёрҳои динӣ ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқӣ хизмат намекунанд;
3) низоми таълиму тарбияи давлатӣ характери ғайридинӣ дошта, ҳадафи ташаккули ин ё он намуди муносибатро ба дин пайгирӣ намекунад;
4) таъмини баробарии ҳуқуқии ҳама гуна иттиҳодияҳои динӣ ва ғайра.
Дар ин росто бояд таъкид намуд, ки ба сӯи давлатдорӣ нигарондани дин ва сохторҳои он ногузир ба рушди ҳар гуна ҷомеа халали ҷиддӣ ворид месозад. Дар нисбат ба сӯи давлатдорӣ кашидани дини Ислом ё худ сиёсишавии ислом низ ҳама муҳаққиқон бар як ақидаанд, ки ин раванд ба паҳншавии ҳаракатҳои ифротгароӣ мусоидат карда, амнияти ҳар гуна кишварро зери хатар мегузорад ва садди роҳи рушди давлат мегардад. Ин аст, ки ҳатто аксарияти кулли худи аҳолии давлатҳои арабии исломӣ ҳам муқобили сиёсишавии ислом ва истифодаи он бо мақсадҳои сиёсӣ баромад мекунанд. Аз ҷумла, дар давлатҳои арабии Лубнон 74 фоиз ва дар Ироқ 73 фоизи пурсишшудагон (назарпурсиҳои соли 2019) зидди сиёсишавии дини Ислом ва бунёди давлати теократӣ ақида баён кардаанд.
Аз дигар ҷониб, бояд зикр кард, ки бунёди давлати дунявӣ шарти асосии рушди давлатдории ҳар як халқу миллат ва омили муҳимтарини болоравии сатҳи ҳаёти иқтисодию иҷтимоии аҳолии ҳар як ҷомеа мебошад. Беҳуда нест, ки омили асосии рушди давлатҳои миллии аврупоиро ибтидо аз асрҳои XVII-ХVIII маҳз дар секуляризатсияи ҳаёти ҷамъиятӣ, яъне аз саҳнаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дур сохтани калисо ва ходимони динӣ медонанд. Ба ақидаи мутахассисони зиёд баъд аз итмоми Ҷанги якуми ҷаҳонӣ пеш гирифтани роҳи бунёди давлати дунявӣ дар Туркия низ сабаб гардид, ки имрӯз он ба пешрафтатарин давлатҳои ҳавзаи ислом табдил ёбад.
Маҳз ҳамин нақши бунёдии давлати дунявиро дар рушди ҷомеа ба эътибор гирифта, тибқи моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати мо давлати дунявӣ эълон шудааст. Давлати дунявӣ дар кишвари мо ба таърифи дар боло зикргардидаи ин мафҳум ва нишонаҳои он ба пуррагӣ мутобиқат мекунад. Аз ин рӯ, тибқи моддаи 8 Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мафкураи ҳеҷ як иттиҳодияи динӣ наметавонад, ҳамчун мафкураи давлатӣ эътироф шавад. Ҳамзамон, тибқи Конститутсияи ҷумҳурӣ дар давлати мо иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд. Давлат бошад, фаъолияти иттиҳодияҳои диниро назорат ва танзим мекунад. Аз ҷониби дигар, таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки хусумат ва бадбинии мазҳабиро тарғиб мекунанд, инчунин, таъсиси ҳизбҳои хусусияти динидошта дар давлати мо манъ шудааст.
Дар моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» низ муносибати давлат ва иттиҳодияҳои динӣ муқаррар шудааст, ки тибқи он ҳеҷ як мафкураи динӣ ҳамчун мафкураи давлатӣ ва умумиҳатмӣ эътироф намешавад. Мутобиқи принсипи ҷудоии иттиҳодияҳои динӣ аз давлат бошад, иттиҳодияи динӣ вазифаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти давлатии дигар, муассисаҳои давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро иҷро накарда, ба фаъолияти онҳо дахолат намекунанд ва ғайра.
Дар маҷмуъ, давлати дунявӣ ин давлате мебошад, ки гуногунандешӣ ва озодии виҷдони ҳар як шахсро дар сатҳи олӣ кафолат дода, дар чунин давлатҳо ба дахолати дин ба идоракунии давлатӣ роҳ дода намешавад. Моҳияти бунёдии дунявияти давлати мо - Ҷумҳурии Тоҷикистон низ маҳз бо ҳамин нишонаҳо ифода меёбад.
Аз ин рӯ, мо бояд ба эътибор гирем, ки бунёди давлати дунявӣ шарти асосии рушди давлатдории ҳар як халқу миллат ва болоравии сатҳи ҳаёти иқтисодию иҷтимоии аҳолии ҳар як ҷомеа мебошад. Бо ҳамин сабабҳо дар Тоҷикистон низ бояд ба таҳкими пояҳои давлатдории дунявӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шавад. Барои расидан ба ин ҳадаф зарур аст, ташаккул ва рушди ҷаҳонбинии илмии аҳолӣ ва тафаккури дунявӣ дар маркази сиёсати иҷтимоии давлат ва корҳои тарғиботию ташвиқотии аҳли зиёи кишвар қарор гирад.
Хуршед ЗИЁӢ,
доктори илмҳои фалсафа, профессор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.05.2022 №: 84 Мутолиа карданд: 758