logo

иҷтимоиёт

ВАССОФИ СУЛҲУ ДӮСТӢ

 
Устод Мирзо Турсунзода,  яке аз шахсиятҳои бузурги илму адаб, ба сони оташафрӯз масири зиндагии миллатро равшан карда, ҷомеаро ба сӯйи хушбахтию саодат ҳидоят намудаанд. Дар садаи бист, ки давраи тағйироти куллии сиёсӣ, мафкуравӣ, илмӣ, фарҳангӣ, ҳунарӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ буд, чеҳраҳои таъсиргузори миллӣ, назири устодон Айнӣ, Лоҳутӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода ба арсаи таҳаввулоту таҷаддудот ворид гардиданд ва бо ҷаҳду талошҳои фаровон дар радифи шахсиятҳои ҷаҳонӣ қарор гирифтанд. Агар устодон Айнию Лоҳутӣ дар давраи нави таърихӣ чароғи маънавиётро  афрӯхта бошанд, Турсунзода он рӯшаниро қувват ва мудовимат бахшид. Ба қавли  адиби машҳури доғистонӣ Расул Ҳамзатов, «Мирзо идомадеҳи  назми бисёрасраи халқи худ дар замону шароити дигар аст. Ӯ ин корро бо шоистагии шоиронаву ватандорона ба ҷо овард». Воқеан, устод Турсунзода бо такя ба неруи фикрӣ, тавони сиёсӣ ва ҳунарӣ дар замон ва макони мушаххас тавонист, ки адабиёт ва фарҳанги тоҷикро дар миқёси байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ созад. 
Дар ин амр ба устод Турсунзода донишу маърифат, таҷриботу  андӯхтаҳо, сайру сафардидаҳо, диду боздидҳо, мулоқоту вохӯриҳояш бо намояндагони милалу халқиятҳои  гуногуни ҷаҳонӣ мусоидат намуда, ӯро то  ба дараҷаи як  шахсияти  миллӣ ва фаромиллӣ расонданд. Ногуфта намонад, ки Турсунзода дар даврони  шуравӣ аз ангуштшумор арбобони сиёсию давлатие буданд, ки дар  миқёси собиқ ИҶШС ва берун аз он нуфуз ва  эътибори баланди сиёсию  иҷтимоӣ ва адабию  фарҳангӣ  доштанд ва ҳамчун сарояндаи сулҳу дӯстӣ машҳури дунё гашта буданд. Агар ошноӣ ва дидору суҳбат бо симоҳои бузурги сиёсӣ, адабӣ, илмӣ, эҷодӣ ва мадании минтақавию ҷаҳонӣ, аз як тараф, таҷрибаи сулҳпароканӣ ва ватанпарастии ин арбоби бузурги давлатиро ғанӣ сохта бошанд, аз тарафи дигар, ӯро минҳайси шахсияти фаромиллӣ ва фароминтақавӣ муаррифӣ карданд. Устод ба сифати сафири сулҳи шуравӣ на танҳо сиёсати онро таблиғ карданд, балки фарҳанги тоҷикиро ба дуриҳои дур интиқол дода, ҳувияту ҳайсияти тоҷику тоҷикистониро ба намояндагони миллатҳои гуногуни сайёра ошно намуданд. Ба ин маъно ҳангоми сафар ва диду боздидҳо ин шахсияти бузурги миллӣ ҳувияти тоҷикиро бо худ ба ҷуғрофиёи дуру наздик бурда, миёни мардуми ҷаҳон тухми сулҳу дӯстӣ ва ҳамдилию ҳамбастагиро паҳн карданд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, тоҷику тоҷикистонӣ бо исми Турсунзода ҳамеша ифтихор мекард ва ҳар мулоқоту вохӯриҳои устод бо намояндагони қишрҳои гуногуни иҷтимоии ҷумҳурӣ бо шӯру ҳаяҷони мардумӣ ҳамоҳанг буданд. Илтифоту самимияти устод ҳар дидору мулоқотро рангину хотирмон месохтанд. 
Устод Турсунзода ҳамвора дар садри маҳофили адабӣ, сиёсӣ, илмӣ, ҳунарӣ ва маданӣ қарор гирифта, аз ҷониби шахсиятҳои овозадор тавсифу тамҷид мешуданд. Рози тамҷиду тавсифи устод, қабл аз ҳама, дар самимият ва инсонияти ӯ нуҳуфта буданд. Дӯст ва ҳамсафи Турсунзода, шоири шаҳири Покистон Файз Аҳмади Файз, ки дар роҳи сулҳу дӯстӣ солҳо бо шоир ҳамқадам ва ҳамнафас буд, дар мавриди устод фармудааст: «Мирзо Турсунзода на фақат шоири бузурги тоҷик, балки муътабартарин ва азизтарин намояндаи халқи тоҷик буд. Дар ҳама ҷо ӯро дӯст медоранд». Тамҷиди инсони заминӣ, таъини ҷойгоҳи инсонӣ дар муҳитҳои иҷтимоӣ, сарсупурдагӣ ба халқу Ватану миллат устодро байни хосу ом маҳбуб гардонда буданд. Пуштибонӣ аз аҳли адабу ҳунар ва фарҳангу маънавиёт пуштибонӣ аз давлату миллат аст. Маҳз ҳамин нуктаро адиби бузурги туркман Бердӣ Карбобоев дар шахсияти Турсунзода дарёфта: «Мирзо қаноти миллати тоҷик аст».
Турсунзода, бо он ки гирифториҳо ва масруфиятҳои зиёди расмию идорӣ, сиёсию давлатӣ ва иҷтимоию маданӣ доштанд, ҳеҷ гоҳ аз шеъру сухан дурӣ наҷустанд. Баръакс, шеърро бо шиор даромехтанд ва барои раҳоии башар аз истибдоду истисмор корбаст карданд. Он кас таҷрибаи сӯхтан ва сохтанро дар шеър омӯхта буданд ва аз ин зовия ба зиндагии иҷтимоӣ наздик мешуданд. 
Сӯхтану сохтанҳо, чи дар сиёсату мафкурасозӣ ва чи дар фарҳангу нуктапардозӣ ҷараёни омӯзиш, биниш, дониш ва таҷрибаю мушоҳидаҳои устодро таҳкиму тақвият ва ҷуръату ҷасорати сиёсию иҷтимоиашро тавсеа бахшидааст. Устод тавассути офаридани шеъри баланди иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба зиндагии мардумӣ қарин шуда, розу овози дили инсон ва дар маҷмуъ, халқро бо тарзу сабки нав манзур намуданд. Масъалаи инсон, ки дар меҳвари кори эҷодии устод Турсунзода қарор доштаанд, дар ҳамаи давру замонҳо вобаста ба имконоти фикрию ҳунарии адибон ҷилваю тобише тоза ба бар кардааст. Турсунзода таваҷҷуҳи асосиро ба инсони заминӣ ва вораста аз бандуборҳои хурофотӣ ҷалб намуда, шеърро бо эҳсос ва дарду мушкилоти рӯзафзуни ҷомеа пайванд дод. Озодии инсон, пирӯзии ӯ бар ҷаҳлу нодонӣ ва заволи истисмору истибдоди дохилию берунӣ ҳадафи фаъолиятҳои фикрӣ, сиёсӣ, идеологӣ, адабӣ, маданӣ ва иҷтимоии устод Турсунзода буда, дар ин масир то вопасин нафас гом бардоштааст. Устод рози дили худро тавъам бо асрори қалби мардумӣ ва таҷаддуди зиндагӣ донистааст:
Сурудам - ҳофизи рози дили ман,
Аниси булбуловози дили ман.
Уқоби тезпарвози дили ман,
Адиби нуктапардози дили ман.
Ба обу ранги нав овоз сар кун,
Сар овози нав аз банди ҷигар кун. 
Мирзо Турсунзода таҷрибаи устодон Айнӣ ва Лоҳутиро на танҳо идома доданд, балки таҳкиму тавсеа бахшиданд. Шеъри инқилобии устод Лоҳутӣ дар марҳилаи аввали таърихӣ ва назми шӯрангези иҷтимоии устод Турсунзода дар марҳилаи баъдӣ раванди бедории иҷтимоиро на танҳо дар маҳдудаи қаламрави давлати шуравӣ, балки фаротар аз он тақвият дод. Аз ин ҷост, ки шеър дар қаламрави адабиёту фарҳанги тоҷикӣ ба ҳунари вижа ва муҳаррики зиндагии инсонӣ табдил ёфт. Гузашта аз ин, Турсунзода бо тасмимот, ибтикороту ташаббусоти мунҳасир ба фард насли нави шоирону адибони миллиро дар симои устодон Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ ва Гулрухсор рӯйи кор оварданд, ки шеъру адабиёти тоҷикро дар марҳилаҳои баъдӣ рушду такомул дода, то замони имрӯз сиҳату солим расондаанд. 
Устод Турсунзода бо нутқи бурро, сухани гиро, чашми бино ва равони тавоно то охири умр алайҳи ҷангҷӯёну ҷангандешон, мустамликадорону мустамликахоҳон ва золимону мустабидони хориҷӣ қиём намуданд ва бо ашъору гуфтору нигоришоти арзишмандашон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳушдор дода буданд, ки аз ҷангу даргирӣ дурӣ ҷӯянд ва ба домони сулҳу дӯстӣ панаҳ бубаранд. Устод Турсунзода ҳанӯз замони зиндагӣ шароити глобалӣ ва геополитикии минтақа ва ҷаҳонро хуб дарк карда, ба ин натиҷаи мантиқӣ расида буданд, ки қудратҳои ҷаҳонӣ барои бароварда сохтани ниёзҳои сиёсию иқтисодӣ кишварҳои ҳассосро дар ҳоли даргирӣ қарор медиҳанд ва аз ин тариқ бар дороиҳои миллию мардумии минтақаҳо мусаллат мегарданд. Ташвишу изтироби мардумӣ аз ҷангу даргириҳо устод Турсунзодаро ҳам сахт нигарон сохта буданд. Дар ин замина устод рисолати аслии инсониро дар раҳоии мардум аз балоҳои азим, ки муҳимтаринаш ҷангу қудратталабӣ буда, ҷаҳону заминро ба коми нестию нобудӣ мекашад,  донистааст. Сарнавишти замин ва ҷаҳон ба кайфияти тадбирҳои судманд ва чораҷӯйиҳои муассири ҷомеаи инсонӣ бастагӣ дорад ва солҳо қабл устод Турсунзода ин масъаларо ҷиддӣ матраҳ намуда, хитобан ба насли солимақли башар таъкид карда буданд:
Ҷуз заминро ҳифз кардан аз 
балоҳои азим,
Аз барои насли инсон ҳеҷ дигар 
чора нест.
Турсунзода рамзи сулҳу дӯстӣ, иттиҳоду ҳамбастагӣ ва, билохира, маънои таърихи муосири миллию ватанӣ буда, ҳаст ва хоҳад монд. Мутолеа, таблиғу ташвиқ ва корбасти андеша, осор, ашъор ва таҷрибаи ин фарзанди барӯманди  миллати тоҷик барои насли имрӯзи Ватан тақозою зарурати замонию маконӣ аст. 
 
Нодир  НУРОВ, устоди ДДФСТ 
ба номи Мирзо Турсунзода
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.05.2022    №: 84    Мутолиа карданд: 678
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед