иҷтимоиёт
ХАТЛОН. АВЛАВИЯТ БА ВАЗЪИ БЕҲДОШТӢ
Мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон дар зарфи се моҳи соли равон баҳри муътадил нигоҳ доштани вазъи санитарию-гигиенӣ ва эпидемиологии вилоят як қатор тадбирҳои судмандро роҳандозӣ кардаанд. Дар бобати чораҳои татбиқшуда, суҳбате доштем бо сардори ин Марказ Нурулло Бояков, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем.
- Баҳри таъмини ҳифзи сиҳатӣ ва амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ 25 маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳрию ноҳиявӣ ва 2 маркази вилоятӣ дар шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб фаъолият доранд.
Давоми 3 моҳи соли 2022 таҳлилу омӯзиши вазъи эпидемиологии бемориҳои сироятӣ муайян намуд, ки дар натиҷаи гузарондани маҷмуи чорабиниҳои пешгирию ташхисӣ ва маҳдудкунонӣ бемориҳои сироятии вабо, тоун, табби хунин, домана, вараҷа, ҳорӣ, оташак, бемориҳои сироятии тавассути ваксина идорашаванда, аз ҷумла гулузиндонак, кузоз, фалаҷи ҳароммағз, ба қайд гирифта нашудааст. Бемориҳои сироятии шадиди рӯда, зарпарвини намуди “А”, оташак ва осебдидагон аз ҳайвонҳо дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2021 кам гардидааст.
Оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, риояи гигиенаи шахсӣ, истифода аз маводҳои фардии худмуҳофизатӣ чорабиниҳои таблиғотию ташвиқотӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят вусъат ёфта, мутахассисони соҳаи санитарию эпидемиологӣ тавассути телевизиону радио 12 маротиба баромад ва 6 мақола ба рӯзномаю маҷаллаҳо пешниҳод намудаанд. Ҳамзамон, аз ҷониби кормандони соҳа дар рафти гузарондани таҳлили эпидемиологӣ ва чорабиниҳои беҳдоштӣ дар манбаъҳои беморӣ ва минтақаҳои осебпазир, бо аҳолӣ оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ суҳбатҳо гузаронда шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.
Аз тарафи мутахассисони МНДСЭ-и вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳо давоми 3 моҳи ҳисоботӣ дар иншоотҳои зериназоратӣ оид ба риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ 1619 санҷиш гузаронда шудааст. Барои риоя нагардидани талаботи санитарию эпидемиологӣ ба 1029 нафар протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи умумии 209 ҳазору 970 сомонӣ ҷарима баста шудааст. Ҳамчунин, фаъолияти 102 иншоот, бо сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботи санитарию гигиенӣ муваққатан боз дошта шудааст. Бинобар сари вақт нагузаштан, аз муоинаи тиббӣ 21 корманд аз кор барканор карда шуд.
Дар рафти санҷишҳо аз дукону мағозаҳои фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ, бозорҳо ва нуқтаҳои савдои шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби мутахассисон тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.08.2012, № 890 “Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ” маҳсулотҳои хӯроквории пастсифат, аз қабили гӯштию ширӣ, қаннодӣ, тухм, равғани рустанӣ, нӯшокиҳо ва ғайраҳо, ба миқдори 3740 кг/л, ба маблағи 40684 сомонӣ маҳсулоти хӯроквории пастсифат ва муҳлати истеъмолаш гузашта, аз муомилот гирифта шудааст.
Сарфи назар аз мушкилоти мавҷуда мутахассисони соҳа баҳри таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ, дар самти пешгирии бемориҳои сироятӣ, заҳролудшавӣ аз маҳсулотҳои пастсифат ва риояи меъёрҳои санитарию гигиенӣ кӯшиш ба харҷ дода, баҳри ҳифзи сиҳатии аҳолӣ тамоми имкониятҳоро самаранок истифода бурда истодаанд.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.05.2022 №: 84 Мутолиа карданд: 742