logo

иҷтимоиёт

ИСРОФ ЗИНДАРО БИМИРОНАД

Исроф - калимаи арабӣ буда, дар луғат ба маънои сарфу хароҷоти беҳудаву зиёдатӣ  омадааст, ки бархе  ба хотири зоҳирпарастӣ ё худнамоӣ анҷом медиҳанд. Хушбахтона, баъд аз қабул ва дар амал татбиқ гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” муносибати мардум бо анъанаву маросим низ ба таври мусбат тағйир ва танзим ёфта, дар ин замина барои коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва аз байн бурдани исрофкориву зиёдаравӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шуд. Бо қабули Қонун ба хароҷот ва исрофкориҳои бемаврид хотима дода шуда, шаҳрвандон аз ҳама гуна уҳдадориҳои беасос озод гаштанд.
 
Унсурулмаолии  Кайковус зикр кардааст: “Исрофро душман дор, исроф зиндаро бимиронад”.  Яке аз мақсадҳои асосӣ аз қабули  Қонуни танзим маҳз аз байн бурдани ҳамин гуна хароҷот ва исрофкориҳои беҳудаю хурофотӣ мебошад. Дар моддаи якуми Қонуни мазкур оварда шудааст: “Мақсади Қонуни мазкур ба ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон мусоидат намуда, барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст...”.
Пайғамбари ислом Муҳаммад (с) дар мавриди исрофу исрофкорӣ дар ҳадисе гуфтаанд: “Бихӯр, бинӯш, садақа кун, бидуни тахайюлот ва исрофкорӣ барои он ки Худованд дӯст медорад, натиҷаи неъматҳояшро дар бандагонаш бинад”. Ҳамчунин,  Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ дар китобаш бо номи “Амоли мутлақа” аз Пайғамбари ислом Муҳаммад (с) ривоят мекунад, ки пайғамбар дар ҳадисе фармудаанд: “Бихӯред, садақа диҳед, либос пӯшед, бидуни тахайюлот ва исрофкорӣ”. 
Бояд қайд кард, ки Қонуни танзим аз як ҷиҳат ҳамчун санади ҳуқуқӣ меъёрҳои ҳатмиро барои ба танзим даровардани ҷашну маъракаҳо пешбинӣ намуда  бошад, аз тарафи дигар чун мушкилкушо ё василае барои аз байн бурдани хурофот ва исрофкорӣ хизмат менамояд. Чуноне ки Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  таъкид  намудаанд: “... қисме аз мардуми мо бо сабаби зоҳирпарастии беасос ва дар иҷрои маросимҳо ва маъракаороиҳо пойбанди таассубу хурофот будани худ ба амалҳое даст мезанад, ки дар ягон  гӯшаи олам ба назар намерасад”. Инчунин: «То расму оин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, ба татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем”.
Пеш аз қабули Қонуни танзим дар тӯю маъракаҳо, ҷашну маросим даҳҳо мошини сабукрав хизмат расонда, тӯй чанд шабонарӯз давом меёфт. Ин гуна тӯйҳо хароҷоти аз меъёр зиёдро талаб мекарданд ва аксарияти мардум баъди гузарондани чунин тӯйи серхарҷ ба қарз меғӯтиданд.  Қонуни танзим ин гуна хароҷоти зиёдатиро қатъиян манъ  намуда, мардумро ташвиқ кард, то тӯю маъракаҳои худро бо маблағи кам баргузор намуда, ба исрофкорӣ ва зоҳирпарастӣ, ки берун аз мазҳаби Ҳанафӣ мебошанд, даст назананд.
Дар моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” банди махсусе ворид гардид, ки дар он дар бораи камхарҷ оростани дастархони идона сухан меравад: “Дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Қурбон дастархони маънавӣ ва камхарҷи идона ороста шуда, ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ роҳ додан манъ аст”.
Мардуми мо бояд аз гузаштагони хеш тарзи маъракаороии камхарҷу самимӣ ва маънавиро омӯзанд. Қобили тазаккур ва шукр аст, ки ба қабули Қонуни саривақтии танзим қариб 15 сол сипарӣ мешаваду он боиси аз байн рафтани исрофкорӣ ва зиёдаравию зоҳирпарастии беасос гардида, барои беҳбудии сатҳи зиндагии иқтисодиву иҷтимоии мардум саҳми босазое гузошт. 
 
Саҷҷоди МУҲАММАДШАРИФЗОДА, 
корманди Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.05.2022    №: 85    Мутолиа карданд: 475
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед