logo

иҷтимоиёт

ҶБВ. САҲМИ ТОҶИКОН ДАР МУҲОРИБАИ НАЗДИ МОСКВА

Амалиёти ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ аз 30 сентябри соли 1941 то 20 апрели 1942 бо мақсади мудофиаи Москва аз қӯшунҳои фашистии немис ва торумор кардани онҳо дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ идома ёфт. Муҳорибаи назди Москва ба ду давра тақсим мешавад: ҷангҳои мудофиавӣ (30. 9 – 4.12.1941) ва ҳуҷуми ҷавобӣ (5 – 6.12.1941 – 7 – 8.1.1942), инчунин, ҳуҷуми умумии қӯшунҳои советӣ (7 – 10.1 – 20.4.1942).
 
Фармондеҳии немис нақша дошт, ки қӯшунҳои советиро дар самтҳои Вязма – Москва ва Брянск – Москва торумор, Москваро аз шимол ва ҷануб иҳота карда, шаҳрро ишғол намояд ва бо ҳамин ҷангро ба охир расонад. Гурӯҳи армияи «Марказ» (77 дивизия, аз ҷумла 14 дивизияи танкӣ ва 8 дивизияи моторикунондашуда, зиёда аз 1 млн аскар, 1,7 ҳазор танк, 14 ҳазор тӯпу миномёт, 950 самолёт) нақшаи забти Москваро бо номи рамзии «Тайфун» тартиб дод.
Ба муқобили армияҳои душман қӯшунҳои фронтҳои Ғарбӣ (фармондеҳаш генерал – полковник И. С. Конев), Брянск (фармондеҳаш генерал – полковник А. И. Ерёменко) ва Эҳтиётӣ (фармондеҳаш маршали Иттифоқи Советӣ С. М. Будённий) меистоданд (қариб 800 ҳазор аскар, 6800 тӯпу миномёт, 780 танк ва 545 самолёт).
7 ноябри соли 1941 дар Майдони Сурхи Москва паради анъанавии қӯшунҳои советӣ барпо гардид. Ҷанговарон аз парад рост ба фронт рафтанд.
Моҳи ноябри соли 1941 аз РСС Тоҷикистон ба мадади муҳофизатгарони Москва дивизияи 20 - уми савораи Байрақи Сурху ордени Лениндор омад. Барои бомуваффақият иҷро кардани супоришҳои ҳарбӣ, мардонагӣ ва шуҷоат дар муҳорибаи назди Москва 150 нафар ҷанговарон, командирон ва кормандони сиёсии дивизия, аз ҷумла, С. Улуғзода, А. Пирмуҳаммадзода, Р. Ҷалилов, Д. Кратов, В. Зубков, И. Обидов, Б. Искандаров, Ш. Аҳмадҷонов, А. Очилов, Б. Дӯстов, Р. Мавлудов, А. Пиров, А. Маслик, Г. А. Филиппов, М. Иброҳимов ва дигарон бо ордену медалҳо сазовор гардиданд. 
Бо Фармони Президиуми Совети Олии СССР аз 1 майи соли 1944 медали «Барои мудофиаи Москва» таъсис ёфт, ки зиёда аз 2 млн нафар аскарону афсарон бо он мукофотонда шуданд. Дар хусуси қаҳрамониҳои ҷанговарони дивизияи 20-уми савораи тоҷик, ки дар мудофиаи Москва иштирок карданд, дар асарҳои таърихшиносон маълумот ба назар мерасад. Яке аз дивизияҳои захираи ба мудофиаи Москва ҷалбшуда дивизияи 20-уми савораи тоҷик 17 – уми ноябри соли 1941 ба ҷанг даромад ва 20 – уми ноябри ҳамон сол ба ҳайати корпуси машҳури савораи генерал А. М. Доватор пайваст. Қисме аз дивизияи 20 – уми савораи тоҷик амалиёти ҷангиро ҳанӯз 15 – уми ноябри соли 1941 дар назди деҳаҳои Носово ва Николско шуруъ кард, ки қариб 20 соат давом ёфт. Зери ҳамлаи сахти ҳавоиву заминии фашистон онҳо мавқеи худро ба ҷониби деҳаи Теряева – Слобода тағйир доданд.
Командири эскадрони полки 103 – юми савораи Ҳисори дивизияи мазкур, афсари шуҷоъ, лейтенанти калон Мирзораҳмат Юсуфов, ки дар муҳорибаи Москва пеш– пеши полки худ ҳамлаҳои ҷасурона мебурд, бо ордени Ситораи Сурх ва медали «Барои шуҷоат» сарфароз гардид. Мавсуф 3 декабри соли 1942 пас аз муборизаи 42 – рӯзаи озод кардани Белофастовкаи минтақаи Ржев – Сичевка тири душман дар тохти асп ба замин афканд ва баъди маргаш Мирзораҳмат Юсуфовро бо ордени Ҷанги Ватании дараҷаи I қадр намуданд…
Дивизияи 20-уми савораи тоҷик дар муҳорибаи назди Москва бештар аз 5000 нафар аскару афсарони фашистро нобуд карда, зиёда аз 20 маҳали калони аҳолинишинро озод намудааст. Ҳазорҳо фиристодагони Тоҷикистон дар ин ҷо аввалин таҷрибаи ҷангиро омӯхтанд. Барои корнамоиҳо 150 нафар аскарону афсарони дивизияи мазкур бо ордену медалҳои ҷангӣ мушарраф шуданд. Лейтенанти дивизия Абдулло Нурмуҳаммадов дар яке аз задухӯрдҳо 17 немисро кушта, 1 афсарро асир гирифта, соҳиби ду орден гардид.
Танкчиёни моҳир Сангин Файзиев ва Пӯлод Қосимов барои иштироки фаъолона дар ҳуҷуми ҷавобии назди Москва ва экипажи онҳо бо ордени Ситораи Сурх мукофотонда шуданд. Инструктор – санитар Неъмат Абдуллоев дар Можайск зери борони тир ҷони худро дар хатар монда, 73 нафар одамони бегуноҳро, ки немисҳо дар таҳхонаи калон андохта, онро оташ зада буданд, наҷот дод ва барои шуҷоаташ бо медали «Барои хизмати ҷангӣ» қадр гашт.
Пулемётчӣ Малик Юсуфов (аз шаҳри Бохтар) дар яке аз набардҳо қариб 30 нафар аскар ва афсарони фашистро нобуд кард. Барои ин ҷасурӣ бо ордени Байрақи Сурх сазовор гардид…
Бонувони ватандӯсти Тоҷикистони офтобрӯя низ дар муҳорибаи назди Москва, декабри соли 1941 аз худ далериву матонат нишон доданд. Нина Алексеевна Лобковская, аз шаҳри Сталинобод (ҳозира Душанбе) яке аз занони шуҷои Ватан маҳсуб меёбад. Нина пас аз хатми мактаби занонаи снайперӣ (мерганҳо) дар муҳорибаи Москва қаҳрамонӣ нишон дода, 89 нафар аскарону афсарони фашистиро маҳв намудааст.
Дар назди Москва торумор шудани қӯшунҳои фашистӣ дар соли якуми Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ибтидои гардиши куллӣ ва аввалин мағлубияти калони фашистон дар ин ҷанг буд. Нақшаи «Барбарос»-и фашистӣ ба боди фано рафт. Ғалаба дар назди Москва руҳбаландии бузурги сиёсӣ ва меҳнатиро дар давлати шуравӣ ба амал овард.
 
Умари ШЕРХОН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.05.2022    №: 85    Мутолиа карданд: 458
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед