logo

иҷтимоиёт

“ПАЁМИ ИСТАРАВШАН”. САҲМИ ЯК РӮЗНОМА ДАР ТАЪРИХНИГОРИИ МИЛЛӢ

Агар ба гузашта назар афканем, ҷаҳду талоши сокинони ин шаҳри бостонӣ барои ободии диёр дар саҳифаҳои зардшудаи он варақгардон мегардад. Рӯзнома дар солҳои аввали ташкилёбӣ бо номҳои “Колхозчӣ”, “Роҳи сотсиализм” ва “Роҳи коммунизм” фаъолият бурдааст. Маълум мешавад, ки ҳамон солҳо низ хизмати рӯзнома барои пешравии халқу диёр шоистаи ситоиш аст. Кормандони он дар ҳар саҳифа талошҳои хастанопазири халқро барои ояндасозӣ таҷассум менамуданд. Роҳи росту хирадро ҷуста, ба мардум иттилооти тоза, хабарҳои нав ва матлабҳои  фарҳангиву иҷтимоиро интиқол медоданд. 
Дар идораи “Паёми Истаравшан”, ки барои аҳолии шаҳр, бахусус барои қаламкашони ҷавону кордида, даргоҳи муқаддас ба шумор меравад, фаъ-олияти меҳнативу эҷодии аксари адибони маъруфи Истаравшан бо ин идора сахт алоқаманд аст. Ҳамин тавр, адибон Баҳриддин Азизӣ, Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, Ноил Шерзода, Лутфӣ Обидхоҷаев, Сайфулло Қурбонӣ (Ваҳдӣ), Бақозода (Ахтарӣ), Ҳабибулло Фозилӣ, Бобоҷон Фозилов, Маҳкам Юлдошев дар рушду нумӯи матбуоти миллӣ низ саҳми сазовор гузоштанд. Навиштаҳои онҳо дар солҳои ҷангӣ ва давраи баъдиҷангӣ мардумро ба ҳимояи халқу Ватан, якдиливу инсонпарварӣ, ваҳдату осоиштагӣ, меҳнати зарбдор ва бунёдкориҳо  ҳидоят мекарданд.
Шахсиятҳои шинохта Раҳим Ҳайдаров, Абдуҳафиз Ғафуров, Ғанӣ Бобоҷонов, Норбой Рӯзиев, Неъмати Бобоҷон, Наимҷон Назирӣ, Бақо Шарофов, Субҳон Мухторов, Мирзомурод Ҳошимзода, Ҳикматуллои Насруллоҳ, Сайфулло Махкамов, Баҳром Юсуфзод, Нуриддин Ҷамол, Расул Носиров ва Қаюм Зиё дар рангин баромадани авроқи рӯзнома саҳми арзандаи хешро гузоштаанд. 
Дар замони соҳибистиқлолии кишвар низ рӯзномаи “Паёми Истаравшан” розу ниёзи худ ва мардумро дар саҳифаҳояш ҷой дода, мардум ба он ҳамчун боргоҳи умед муроҷиат мекунад. Рӯзномаи ҳамқадаму ҳамнафаси мардум аст.
Ҳоло як гурӯҳ эҷодкорони хушсалиқа, ба монанди Султонмурод Ҳоҷибоев, Илҳом Юлдошев, Раъно Мирғиёсова, Ӯктами Нурулло, Гулбаҳор Султонова ва чанде дигарон дар рӯзнома машғули эҷоданд.
Бовар дорем, ки аҳли эҷоди  “Паёми Истаравшан” ва оянда насли ҷавоне, ки ба ин даргоҳ рӯи ниёз меорад, рисолати рӯзнома ва хизмат ба низоми тафаккури ҷомеаро дуруст дарк мекунанд. Ҷаридаи 90 - солаи шаҳри бостониро, ки ба масал пири хирадро мемонад, ҳифз, парасторӣ ва тарғибу ташвиқ мекунанд. 
 
Саъдулло САЙФУЛЛОЗОДА, рӯзноманигор 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.05.2022    №: 85    Мутолиа карданд: 513
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед