Хабарҳо
НОМГУЗОРИИ ҚУЛЛАҲОИ ПОМИР БА НОМИ ШОИРОН МИРСАИД МИРШАКАР ВА МУЪМИН ҚАНОАТ
Дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандарови Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ифтихори 110 - солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар конфронси илмиву адабӣ баргузор гардид. Дар конфронс раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ, директори Институт Ҳокими Қаландариён ва аҳли зиёи вилоят иштирок ва суханронӣ доштанд.
- Мирсаид Миршакар ифтихори ҳамешагии мо буду мемонад. Барои сокинони вилоят ҳаёт, фаъолият, шеваи зиндагии устод Мирсаид Миршакар омӯзанда ва боиси истиқболи гарм аст. Ӯ аз кӯчаҳои тору танги рустоҳои кӯҳӣ то ба минбарҳои баланд, мақому мартабаи воло расид ва ба як шоири тавоно, вакили мардумӣ, сиёсатмадори дурандеш ва фаъоли ҷомеаи фарҳангии Тоҷикистон табдил ёфт, - изҳор дошт Мирзонабот Алишер Худобердӣ.
Доктори илмҳои филология Ҳокими Қаландариён пас аз шунидани маърузаҳои адибон ва пажӯҳишгарони ҷавон дар бораи нақши барҷастаи шоир Мирсаид Миршакар ҳарф зада, аз ҷумла гуфт: «Шоири маҳбуби мо на танҳо барои муаррифии адабиёти тоҷик дар байни халқҳои шуравӣ, балки дар чеҳранамоии мутафаккирони бузурге, мисли аллома Муҳаммадиқболи Лоҳурӣ дар Тоҷикистон корҳои шоиста анҷом додааст. Ҷомеаи мо бори аввал пас аз нашри китоби «Паёми Машриқ»-и Иқбол дар таҳияи Мирсаид Миршакар, бо симои ин шахсияти бузург ошно шуданд».
Бо истифода аз ҳузури раиси вилоят пешниҳод шуд, ки ду қуллаи қаторкӯҳи Помир ба номи шоирони шаҳири ин диёр Мирсаид Миршакар ва Муъмин Қаноат номугузорӣ шаванд. Ҳамчунин, бо дастгирии роҳбарияти ВМКБ куллиёти осори устодони сухан интишор ёбад.
Пешниҳоди номгузории қуллаҳоро роҳбарияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон низ дастгирӣ карда, барои иқдоми мазкур ба раиси вилоят номаи сипос фиристод. Дар он омадааст: «Ба номи қуллаҳои баланди адабиёти муосири тоҷик, дорандагони ҷоизаҳои давлатии СССР ва Тоҷикистони соҳибистиқлол - Мирсаид Миршакар ва Муъмин Қаноат номгузорӣ шудани қуллаҳои кӯҳсорони Ватан моро хеле шод кард. Мо ҳамовозу ҳаммароми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ҳастем ва анҷоми ин ибтикори нек қаламкашони мамлакатро ниҳоят хурсанд хоҳад кард».
Б. САЛИМ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 7337