logo

Хабарҳо

ӮЗБЕКИСТОН. САФИР БА ДИДОРИ МАҲБУСОН РАФТ

 
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода дар арафаи Иди саиди Фитр барои боздид ва мулоқот бо маҳбусони тоҷикистонӣ аз маҳали иҷрои ҷазои рақами 42-и марбути Сарраёсати иҷрои ҷазои назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дидан кард. 
- Бо мусоидати маъмурияти Сарраёсати иҷрои ҷазои назди ВКД Ӯзбекистон, воқеъ дар вилояти Тошканд, шароит фароҳам омад, ки бо як гурӯҳ маҳбусон дидору мулоқот анҷом диҳам. Маълум шуд, ки мутасаддиён ва кормандони он нисбат ба маҳбусон муносибати хуб мекунанд. Аз номи сафорат онҳоро бо Иди саиди Фитр табрик намуда, барояшон саломатӣ ва сабру бурдборӣ таманно намудем, - гуфт ба “Ҷумҳурият” Абдуҷаббор Раҳмонзода ва илова кард, ки фароҳам омадани шароити боздид аз маҳали маҳбусон маҳз натиҷаи тавсеаи ҳамкориҳои созандаи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва иқдоми босамари президентҳои ду кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев мебошад.
- Зимни мулоқот таъкид доштам, ки шаҳрвандони ҷумҳуриамон дар ҳар гуна вазъият бояд қонуну қоидаҳои кишвари мавриди иқоматашонро эҳтиром ва риоя намоянд ва минбаъд дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигар ҳаргиз ба корҳои хилофи қонун даст назананд,- иброз дошт сафир. 
Маҳбусони тоҷик аз Ҳукумати Тоҷикистон барои таваҷҷуҳ ва аёдати онҳо, инчунин, муносибати неку хайрхоҳона ва шароити хуб ба роҳбарияти маҳали иҷрои ҷазо миннатдорӣ баён карданд.
Сафорат ба манзури рафъи баъзе эҳтиёҷоти маҳбусони тоҷик ба сифати кумакҳои башардӯстона ба маҳали иҷрои ҷазои мазкур орд, равған, биринҷ, картошка, сабзӣ, шарбатҳои ташнашикан, шакар, ширинӣ ва дигар мавод интиқол дод. 
Қарор аст, ки маъмурияти маҳали иҷрои ҷазо аз ин ҳисоб барои маҳбусони тоҷикистонӣ чанд маротиба суфраи пурнозу неъмат фароҳам меорад. 
 
Мирасрор АҲРОРОВ,
барои “Ҷумҳурият”, 
шаҳри Тошканд
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 7329
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед