Хабарҳо
“ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”. БАРДОШТ АЗ ДАВРИ АВВАЛИ ОЗМУН ДАР КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИЯВӢ
Дар Муассисаи давлатии “Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов” даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Дар ҷамъомад маъмурият, устодону донишҷӯён ва 16 донишҷӯи фаъол, ки аз рӯйи номинатсияҳои адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик ва адабиёти ҷаҳон барои иштирок ба қайд гирифта шуда буданд, ширкат доштанд.
Дар оғози ҷамъомад директори Муассиса Салоҳиддин Раззоқзода иброз намуд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтии амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2022, №АП-15 даври аввали озмун дар Муасcисаи таълимӣ дар сатҳи баланд гузаронда мешавад.
Баромадкунандагон маҳорат ва дониши худро ба ҳакамон манзур карданд, ки аз байни онҳо Муҳаммад Қодиров, Мавлуда Раҷабова, Мадина Қодирова, Малоҳат Файзуллева, Маҳина Сафарова аз номинатсияи адабиёти муосири тоҷик, Шукрона Саматова аз номинатсияи адабиёти классикии тоҷик ва Сабринаи Ҷамолиддин, Нодира Сафарова аз номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ ба даври дуюми озмун, ки моҳи май дар сатҳи ноҳия доир мегардад, роҳ ёфтанд.
Воқеан ҳам, дар ташаккули андешаи миллӣ ва таҳкими истиқлолият нақши китоб хеле бузург аст. Аз ин рӯ, Ҳукумати кишвар барои соҳаи китобдорӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ тадбирҳои муассир меандешад. Далели ин гуфтаҳо иқдоми Пешвои миллат дар бораи баргузор кардани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошад.
Аз рӯи Низомнома маълум аст, ки Озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардондани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот, инчунин, магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва шаҳрвандони кишвар доир мегардад.
Миралӣ ВОҲИДОВ, мудири кафедраи рӯзноманигорӣ
ва китобхонашиносии Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 6939