Хабарҳо
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
CentralAsia (CA). Ба гузориши шабакаи телевизионии «CNN Turk», Реҷеп Тайип Эрдоган, Президенти Туркия, ният дорад, ки ҳафтаи равон бо ҳамтои русаш Владимир Путин гуфтугӯи телефонӣ анҷом диҳад.
Синхуа. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин аз ҷавононе, ки дар соҳаи кайҳонӣ кор мекунанд даъват кард, ки шоҳкориҳои ҷадидро анҷом диҳанд, то Чин тавонад ба сатҳи баланди мустақилият ва худтакомулӣ дар илм ва технологияи кайҳонӣ ноил гардад.
ТАСС. Марк Милли, роҳбари Кумитаи сарварони ситодҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Амрико, гуфт, ИМА нишонаҳоеро мебинад, ки гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» (дар Россия мамнуъ) ва гурӯҳҳои шабеҳ ба он барои барқарор сохтани неруҳо дар Афғонистон талош доранд, аммо то ҳол ба он муваффақ нашудаанд.
EurAsiaDaily. Раиси Шурои Аврупо Шарл Мишел имрӯз бо сафари кории якрӯза вориди Молдова мешавад. Мишел бо Майя Санду, Президенти Молдова, вохӯрда, ҳамчунин, аз маркази ҷойгиркунии паноҳандагони украинӣ дар Кишинёв боздид хоҳад кард.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 7034