Хабарҳо
Дурахши паҳлавони тоҷик дар ИМА
Самбочии тоҷик Разавӣ Навбаҳоров дар мусобиқоти кушоди US Open «USA Sambo National Championship» аз намуди самбои муҳорибавӣ мақоми аввалро гирифт.
Ба навиштаи sports.tj, ӯ шаҳри Арлинтон (иёлати Техас)-ро, ки ҳоло дар он ҷой ба сар мебарад, намояндагӣ кард.
Ёдовар мешавем, ки Разавӣ моҳи феврал дар Ҷоми Аврупо мақоми сеюмро касб намуда буд.
ЛИГАИ ОЛӢ
Бозиҳои даври панҷум бо чӣ натоиҷ хотима ёфтанд?
Зӯрозмоии марказии даври 5-уми Лигаи олии кишвар миёни дастаҳои «Хатлон» ва «Хуҷанд» мусовӣ (0:0) хотима ёфт.
Бар пояи иттилои ЛФТ, тими навкори чемпионат «Равшан» (Зафаробод) пас аз пирӯзӣ бар «Истаравшан» аввалин ғалабаашро дар Лигаи олӣ сабт намуд. Пас аз ин вохӯрӣ сармураббии эронитабори «Истаравшан» Ризо Паркас аз мақомаш сабукдӯш гардид.
Натоиҷи бозиҳои боқимонда: «Регар-ТадАЗ» – «Эсхата» – 3:1, КМВА – «Равшан» (Кӯлоб) – 1:2.
ЛА ЛИГА
Аз қаҳрамонии «Реал» то дастоварди Анчелоттию Марсело
Дастаи шоҳонаи «Реал» (Мад-рид) зери роҳбарии мутахассиси итолиёвӣ Карло Анчелотти қаҳрамони Испания дар мавсими 2021/22 гардид. Ин 35-умин пирӯзӣ дар Ла Лига мебошад.
Пас аз қаҳрамонии «Реал» Карло Анчелоттии 62-сола аввалин мураббие гашт, ки дар ТОП-5 Чемпионати Аврупо як дастаро ғолиб кардааст. Қаблан, бо роҳнамоии ӯ бошгоҳҳои «Милан»(2003/2004, Италия), «Челси» (2009/2010, Англия), «ПСЖ» (2012/2013, Фаронса), «Бавария» (2016/2017, Олмон) чемпион шуда буданд.
Ҳимоятгари «Реал»Марсело бошад, серҷоизатарин футболбоз дар таърихи тим гардид. Бозигари бразилӣ бо 24-умин ҷоиза аз Франсиско Хенто (23 ҷоиза) пеш гузашт.
«Зенит» бори 8-ум чемпиони Россия шуд
Бозигарони «Зенит»-и шаҳри Санкт-Петербург пеш аз муҳлат қаҳрамони Россия шуданд.
Бар пояи иттилои сомонаи championat.com, шогирдони Сергей Семак бори 8-ум ғолиби Премейр лигаи Россия гардиданд.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 6498