Хабарҳо
Ҳеҷ кас ва хеҷ чиз фаромӯш нашудааст!
Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шахсони бо ордену медалҳои ҳарбӣ дар ақибгоҳ сарфарозгардида, шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар ақибгоҳ дар солҳои ҶБВ кор кардаанд, маъюбони амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар (Афғонистон), маъюбони садамаи Неругоҳи барқи атомии "Чернобил" ва оилаҳое, ки саробони онҳо ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, бахшида ба солгарди 77-уми Рӯзи Ғалаба бо мукофотпулӣ сарфароз мешаванд.
Тавре шуъбаи иттилооти дастгоҳи раиси шаҳр хабар дод, тибқи қарори дахлдор, аз ҳисоби фонди захиравии раиси шаҳр барои қадргардонии иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ба ҳар кадоме ба андозаи 3000 сомонӣ, ба шахсони бо ордену медалҳои ҳарбӣ дар ақибгоҳ сарфарозгардида, шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, маъюбони амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар (Афғонистон), маъюбони садамаи Неругоҳи барқи атомии "Чернобил" ва оилаҳое, ки саробони онҳо ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, ба ҳар кадоме ба андозаи 800 сомонӣ кумак расонда мешавад.
Густариши ҳамкорӣ бо Чин
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Тзи Шумин вохӯрд, - хабар дод маркази матбуоти Вазорат.
Дар мулоқот масъалаи тақвият бахшидани ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Чин, аз ҷумла дар самти дастгирии бахши хусусӣ, бозори молиявӣ ва барориши қоғазҳои қиматнок, татбиқи барномаву лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои афзалиятнок, инчунин, ташкили курсҳои омӯзишӣ барои хизматчиёни давлатӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иҷрои 70 дарсади нақша дар 1 моҳ
Аз даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ як моҳ сипарӣ шуд. Дар ин давра иҷрои нақша дар ҷумҳурӣ наздики 70 фоизро ташкил дода, 25 шаҳру ноҳия нақшаи пешбинишударо пурра таъмин карданд, - иттилоъ дод Фаридун Маҳмадализода, сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиа.
Аввалин шуда дар ҷумҳурӣ ВМКБ аз иҷрои нақша гузориш дод. Чор навоҳии пойтахт низ нақшаро ба анҷом расонданд. Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ нақшаро беш аз 70 фоиз иҷро намуда, ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Сангвор ва Тоҷикободу Лахш аз анҷоми даъват иттилоъ доданд.
Иҷрои нақша дар вилояти Хатлон ба наздики 70 фоиз расида, ноҳияҳои Носири Хусрав, Шамсиддин Шоҳин, Фархор, Балҷувон ва Данғара уҳдадории худро ба анҷом расонданд.
Дар вилояти Суғд таъмини нақша 55 фоизро ташкил дода, шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ нақшаро иҷро карданд.
Бо амри дил ба хизмати Ватан
111 донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сафарбар гардид. Дар маросими гусели наваскарон муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдухолиқзода, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайриниссо Юсуфӣ, ректори Донишгоҳ Қобилҷон Хушвақтзода ва устодон ширкат карданд.
Сомонаи Донишгоҳ хабар дод, ки ҳудуди 100 нафар танҳо аз факултети ҳуқуқшиносӣ ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ сафарбар шуда, хатмкунандагони 18 факултети дигар низ омодаи хизмати содиқона ба Ватан мебошанд.
Ректори Донишгоҳ барои ин ҷавонон имтиёзҳо (мусоидат ба имтиҳоноти хатм ва қабули бе навбат ба магистратура)-ро муайян намуд.
Ҳушдор. Омадани сел ва рӯй додани дигар ҳодисаҳои табиӣ эҳтимол дорад
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ то 6 май дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид боқӣ монда, боронҳои шадид, раъду барқ, жола ва шамоли сахт дар назар аст.
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон шамол сахту тунд хоҳад вазид.
Боронҳои шадид дар роҳҳои кӯҳӣ хатари бештар доранд, чун метавонад аз кӯҳҳо санг резад, роҳҳоро муддате бандад, тарма лағжад ва боиси баъзе хатарҳо шавад. Одамонро лозим меояд дар чунин рӯзҳо ҳушёру омодаи муқовимат ба ҳар гуна ҳодисаҳо, бахусус омадани сел бошанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 8776