logo

сиёсат

СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНӢ

4 май суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев доир гардид.
Дар оғози суҳбат роҳбарони ду давлат ба муносибати Иди саиди Фитр бо таманниёти сулҳу некуаҳволӣ ва шукуфоӣ ба мардумони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мубодилаи табрикоти самимӣ намуданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар арсаҳои мухталифи ҳамкорӣ, аз ҷумла тиҷоративу иқтисодӣ, гуманитариву фарҳангӣ ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ карданд. Бо изҳори қаноатмандӣ ҷараёни рушди ҳамаҷонибаи онҳо таъкид гардида, ҷиҳати боз ҳам ғанӣ гардондани ҳамкориҳои дуҷониба бо муҳтавои нави амалӣ мутобиқ ба мувофиқаҳои қаблан дар сатҳи олӣ ҳосилшуда изҳори итминон карда шуд.
Дар зимн, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз Сарвари давлати мо ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба кишвари ҳамсоя дар фурсати муносиб даъват ба амал овард. Замони мушаххаси ин сафар бо роҳҳои дипломатӣ ҳамоҳанг карда мешавад.
Дар идомаи суҳбат роҳбарони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ҳамчунин, масъалаҳои алоҳидаи мубрами дорои аҳамияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, минҷумла вазъи амниятӣ дар Осиёи Марказиро мавриди муҳокима қарор доданд.
Суҳбат дар фазои барои муносибатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба таври анъанавӣ хоси ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва эътимоди мутақобила доир гардид.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.05.2022    №: 86    Мутолиа карданд: 853
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед