иҷтимоиёт
ТАҲҚИҚИ АРЗИШМАНД ОИД БА ОМӮЗИШИ МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ
(Тақриз ба китоби С. Ятимов. Хирадсолорӣ ва оини давлатдорӣ, Душанбе, “Ганҷ нашриёт”, 2019, - 208 с.)
Хирадсолорӣ ва давлатдориро агар бо чизе монанд кунем, ки онро битавонем бо чашм бубинему бо даст ламс намоем, бешак он тарозу аст. Хирадсолорӣ ва давлатдорӣ ҳамон ду паллаи тарозуянд, ки танҳо дар тавозун ва баробарии том метавонанд омили муҳими таъмини адолати иҷтимоӣ ва рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт, илму фарҳанг ва тақвияти қудрати дифоии давлат гарданд. Агар ин тавозун халалдор гашт, давлат қатъан дучори ихтилолу нобасомонӣ дар умури мазкур мегардад. Бинобар ин, дар имтидоди таърихи тамаддуни инсонӣ ҳакимону файласуфон ва сиёсатшиносону сиёсатмадорон бар зарурати ҳамроҳии хирадсолорӣ бо давлатдорӣ таъкид кардаанд.
Собиқаи давлатдории ниёгони мо, ки аз замони асотирии подшоҳони Пешдодӣ шуруъ гардида, дар силсилаи давлатҳои тотаърихии Каёниҳо, давлатҳои таърихии Ҳахоманишиҳо, Сосониён, Кӯшониён, Ашкониён, Сомониён намунаҳои беҳтарини мактабҳои давлатдориро ба вуҷуд оварда, дар ташаккули тамаддуни умумибашарӣ саҳми боризи хешро гузоштаанд, бар мабнои асли хирадсолорӣ дар умури давлатдорӣ будааст.
Дар интиҳои асри 20 ва ибтидои асри 21 барои миллати тоҷик имтиҳони дигари таърихие дар боби давлату давлатдорӣ пеш омад. Таърих давлатдории моро дар дуроҳаи ҳастӣ ё нестӣ қарор дод. Ин бор низ хиради азалии миллат дар ин имтиҳони сарнавиштсоз корагар шуд ва аз миёни мардум шахсияте по ба арсаи сиёсат гузошт, ки бо такя бар асли хирадсолорӣ кишварро аз вартаи нобудӣ наҷот ва бар шоҳроҳи рушду шукуфоӣ раҳнамун кард.
Китоби доктори илмҳои сиёсӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саймумин Ятимов “Хирадсолорӣ ва оини давлатдорӣ” таҳлили баъзе паҳлуҳои китоби “Суханони ҳикматомӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон”-ро дар бар мегирад, ки шомили назароти арзишманди муаллиф дар бораи илми давлат ва давлатдорист.
Дар муқаддимаи рисола муаллиф зимни баррасии мафҳуми давлат ҳамчун истилоҳи сиёсӣ, онро “муҳимтарин ниҳод дар системаи сиёсии ҷомеа, масъули асосии амалкарди низоми ягонаи фаъолияти дастаҷамъонаи одамон, гурӯҳҳо ва табақаҳои иҷтимоӣ” арзёбӣ намуда, “пешбурди соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, таъмин намудани тартибу низом, ҳаллу фасли масъалаҳои амниятӣ ва мудофиавиро вазифаҳои муҳимтарини давлат” мешуморад (саҳ. 8). Назари ҷолиби диққати муаллиф дар шинохти давлат ин аз нигоҳи антропологӣ дидани он аст. Яъне, “ҳар давлат мисли як фард хусусиятҳои алоҳидаи худро дорост. Тақдири он бо таърих, таҷрибаи давлатдорӣ ва сифати миллат, яъне маърифатнокӣ, хислат, ҳувият, ҷаҳонбинӣ, самтгирии ақидатӣ ва маданияти сиёсии сокинони он, урфу одатҳои миллӣ, захираҳои табиӣ, мавқеи ҷуғрофӣ, вазъ ва таносуби геополитикии мамлакат вобастагӣ дорад” (саҳ. 8 - 9).
Муҳаққиқ дар шинохти давлат нақши раҳбарии сиёсиро аз мавзуъҳои асосӣ талаққӣ намуда, онро муайянкунандаи сарнавишт ва рисолати давлатдорӣ медонад. Бинобар ин, ба хотири наздиксозии моҳияти масъала ба фаҳми хонанда зимни таҳлили паҳлуҳои зуҳуроти раҳбарии сиёсӣ дар таҷрибаи давлатдории миллии мо, ду намунаи барҷастаи онро дар мисоли бунёдгузори давлати Сомониён шоҳ Исмоили Сомонӣ ва меъмори давлати навини тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳвари қазовату баррасӣ қарор медиҳад. Сабаби аслии дар канори ҳам баррасӣ намудани фаъолияти ин ду пешвои миллии таърихиро муаллиф дар мавҷуд будани “умумиятҳои таърихии қавӣ ва муштаракоти возеҳ” дар шароити давлатсозию давлатдории шоҳ Исмоили Сомонӣ ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ менамояд.
Пеш аз ҳама, ду ваҷҳи муштарак миёни шоҳ Исмоили Сомонӣ ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба назар мерасад, ки он иборат аст аз поягузории давлатдории миллӣ ва таъмини сулҳу суботу осоиш дар ҷомеа. Муаллиф ба унвони далел бо истинод аз китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров менависад: “Исмоили Сомонӣ ба мардуми Бухоро сулҳ, оромӣ ва осоиштагӣ овард. “Ин ғалаба ба Исмоил аз он сабаб муяссар гардид, ки ӯро оммаи халқ – мардуми авом ва пешаварон дастгирӣ карданд”. Ва ӯ эълон кард: “То вақте ман зиндаам, қалъаи Бухоро ман ҳастам”” (саҳ. 12).
С. Ятимов ҳамин мавриди бисёр муҳиму тақдирсози ҳаёти шоҳ Исмоили Сомониро дар лаҳзаҳои аввали ба мақоми сарварии давлат расидани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайдо мекунад. Чунончи навиштааст: “Фарзанди бузурги халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон, ки он давра ҳамагӣ чил сол дошт, ба мардуми ранҷкашида ва аз ҷангу кашмакашҳо хаставу ноумедгашта чун Исмоили Сомонӣ эълон кард: “Ё ман дар Тоҷикистон сулҳ барқарор мекунам, ё ман дар ин роҳ ҷони худро медиҳам” (саҳ. 13).
Муҳаққиқ ба ғайр аз қисматҳои муқаддима ва хулосаи анъанавӣ мавзуи аслии таҳқиқро ба шаш бахш ё зермавзуъ тақсим намуда, ба ин васила андешаҳои хешро муфассал бо ироаи далелҳои илмию мантиқӣ баён кардааст. Ин бахшҳо иборатанд аз: “Оид ба Истиқлолияти давлатӣ”, “Худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ”, “Оид ба таърих”, “Забони модарӣ”, “Оид ба таълиму тарбия ва одобу ахлоқ” ва “Дар бораи зиёиён”.
Ба ин тартиб, муҳаққиқ дар бахши марбут ба Истиқлоли давлатӣ нахуст ба масъалаи арзиши истиқлол аз нигоҳи Пешвои миллат дахл менамояд. Муҳимияти аз ин нукта шуруъ гардидани таҳқиқ, пеш аз ҳама ба аҳамияти мавзуи мавриди таҳқиқ - хирадсолорӣ ва оини давлатдорӣ далолат мекунад. Зеро агар дидгоҳи фардии қаҳрамон нисбат ба масъалаи Истиқлоли давлатӣ мушаххас ва равшан набошад, пайгирии минбаъдаи мавзуи баррасишаванда натиҷаи чандон мантиқӣ ва ҳадафмандона нахоҳад дод. Ба таъбири дигар, хирадсолорӣ ва оини давлатдорӣ, қабл аз ҳама аз шинохти арзиши истиқлол оғоз мешавад. Муҳаққиқ зимни ковишу пажӯҳишҳо ба матнҳои суханони Сарвари давлат ба ин натиҷа мерасад, ки “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат падидаи Истиқлолияти давлатиро армуғони тақдир намешуморад. Ба ин рӯйдод аз чаҳорчӯбаи таърихи беш аз сеҳазорсолаи миллати тоҷик менигарад. Таъкид месозад, ки ормони истиқлолият аз нахустин лаҳзаҳои шаклгирии миллати тоҷик арзи ҳастӣ кардааст (саҳ. 15).
Яъне, истиқлол падида ё неъмати атошаванда нест, балки он дар марҳалаи назариву эҳсосӣ бо орзуву ормони қалбӣ ва дар марҳалаи амалӣ бо мубориза ва ҷаҳду талоши пайгирона, азхудгузаштагии инфиродиву иҷтимоии миллат ва пардохти сармояи неруҳои зеҳнию баданӣ ва моддӣ ба даст оварда мешавад. Ба таъбири содатар, истиқлол эҳдошуданӣ нест, балки гирифтанӣ аст.
Муҳаққиқ барои расидан ба умқи масъала андешаҳо ва суханрониҳои Сарвари давлатро аз дидгоҳи мантиқ ва фалсафа баррасӣ намуда, ба ин натиҷа мерасад, ки амалгароии Пешвои миллат дар қиболи суханварию назарияпардозии эшон боз ҳам сурати ду паллаи баробари тарозуро дорад: яъне бо сухан раҳнамоӣ ва бо “ҳаракат”, “ҷунбиш”, “ивазшавӣ” амалгароӣ. Воқеан, агар ин ду тараф мутавозин набошанд, муваффақ шудан дар умури давлатдорӣ чандон мақбул ба назар намерасад. С. Ятимов ҳамин “миёнгини тиллоӣ”-ро дар фаъолияти назарӣ ва амалии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дақиқ кашф карда, навиштааст: “Мафҳуми истиқлолият дар фармудаҳои Пешвои миллат маънии фароҳамсозии “имконият”-ро дорад. Имконият ба давлат, ба ҳукумат, ба зиёиён, ба табақаҳои гуногуни ҷомеа – аз хурд то бузург, ба ҳар фарде, ки зарфият, қобилияти фикрронии комил ва тафаккури солим дорад ва сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, ҷаҳонбинии сиёсӣ, мансубият ба дину мазҳаб худро соҳибватан мешуморад” (саҳ.17). Ва ба унвони шоҳиди маъноӣ ин пора аз суханони Пешвои миллат иқтибос оварда шудааст: “Истиқлолият ҳамон вақт маъниву моҳияти ҳақиқӣ пайдо мекунад, ки ҳар фарди ҷомеа, аз ҷумла аъзои ҳамаи аҳзоби сиёсӣ, ба қадри он расанд ва ин неъмати муқаддасу бебаҳоро ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ ҳифз намоянд ва таҳким бахшанд” (саҳ. 17 – 18).
Андешарониҳои С. Ятимов дар мавриди муносибати Пешвои миллат ба масъалаи гузаштаи пурифтихори миллат ва баръакси он – ифтихор аз гузаштаи миллат хеле воқеъбинона ва ибратомӯз аст. Зеро аз назари ӯ: “Дар мантиқи баёни Пешвои миллат мазҳари омӯхтан, аз худ кардани арзишмандтарин дастовардҳои моддӣ ва маънавии таърихи беш аз сеҳазорсолаи миллат ҳамеша дар мадди назар аст. Он дар амалияи сиёсии давлатдории навин бо масъулияти бузург мавриди истифода қарор мегирад. Таъкид мешавад, ки дастовард ва мероси ниёгон бояд чун сарчашмаи маънавии худшиносии миллӣ хизмат кунад. Дар ин ҳолат сабк ва оҳанги нигориши Сарвари давлат ҷанбаи ифтихорӣ мегирад ва бо сарфарозӣ моро вазифадор мекунад, ки “сарзамини куҳанбунёди хешро ба шаклу тариқаҳои муосир ба оламиён муаррифӣ намоем”” (саҳ. 18).
Дар ин бахши рисола муаллиф, ҳамчунин, ба таври гузаро ба хавфу хатарҳое ишора мекунад, ки ба Истиқлоли давлатии кишварҳо таҳдид мекунанд ва умдатарини онҳоро бозиҳои геополитикии ҷаҳони муосир меҳисобад. Зеро ҳадафи асосии ин бозиҳои геополитикии абарқудратҳо, ҳам дар шакли глобалӣ ва ҳам дар шакли минтақавӣ, пеш аз ҳама, ба ҳайси қудрати ҷаҳонӣ ё минтақавӣ нуфуз кардан дар умури сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию динии кишварҳои мавриди назар мебошад. Барои расидан ба мақсади худ онҳо, пеш аз ҳама, фазои иттилоотӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварҳои мавриди назарро ҳадафи “ҳамлаи нарм” қарор медиҳанд. Бо шеваҳои барои оммаи мардум бисёр ноаёну номаҳсус ҳамаи қишрҳои аҳолӣ, хусусан ҷавонону наврасонро, аз нангу номуси ватандорӣ, арзишҳои миллӣ, суннату анъанаҳои мардумӣ, забони модарӣ ва меҳру муҳаббати Ватан дур мекунанд. Бо равишҳои авомфиребона ба торҳои эҳсосоти миллӣ ва динию мазҳабии ҷавонон чанг мезананд, то ҷомеаро аз масири аслии рушду тараққӣ ба бероҳаи таассуботу низоъҳои нажодӣ, миллӣ ва динию мазҳабӣ бикашонанд.
Барои хонандаи огоҳ маълум аст, ки муаллиф кадом кишварҳо ва чи ҳаводисеро дар назар дорад. Зеро фоҷиаҳои инсонӣ ва миллию давлатӣ дар кишварҳои Шарқи Наздик – Ироқ, Сурия, Яман, Лубнон, Фаластин ва ҳамсоякишвари ҷангзадаи мо Афғонистон пардаро аз рӯйи таблиғоти таҳрифомез ва ҳадафҳои ниҳонии бозигарони байналмилалӣ бардошт. Қисмати дигари ин бозиҳои махуф зери пардаҳои раванди ҷаҳонишавӣ сурат мегирад. Ин нукта мусаллам аст, ки хатари пайомадҳои таҳоҷуми фарҳангӣ ва иттилоотӣ бамаротиб гаронтару фоҷиабортар аз хатари муқовиматҳои ошкори мусаллаҳона аст. Бинобар ин, С. Ятимов мавқеи равшан ва устувори Пешвои миллатро дар баробари ин хатари глобалӣ, чунин овардааст: “Истиқлолияти мо як дастоварди воқеии халқи бошарафу заҳматкаши тоҷик буда, ягон кишвар ё давлати абарқудрати хориҷӣ ҳақ надорад, ки низоми сиёсӣ, идеология ва ғаразҳои геополитикияшро ба гардани мо бор кунад” (саҳ. 26).
Муҳаққиқ дар бахши “Худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ” ба назари Пешвои миллат ба масъалаи “андешаи миллӣ” таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, онро ҳамчун омили муҳимтарини ваҳдатсоз дар авлавият қарор медиҳад. Зеро ба андешаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Андешаи миллӣ барои таҳкими ваҳдати комил ва рушди устувори давлатдорӣ нақши басо муассир мебозад. Сулолаҳо, шоҳону лашкаркашон меоянду мераванд, низомҳои сиёсиву иҷтимоӣ дигаргун мешаванд, аммо андешаи миллӣ ҳамчун ганҷи бебаҳо дар масири ин таҳаввулот торафт сайқал ёфта, боз ҳам пурмазмун ва пурҷилову тобнок мешавад” (саҳ. 28).
Таърихи башарият батакрор собит намудааст, ки миллатҳо танҳо дар меҳвари андешаи миллӣ ба ваҳдати комил мерасанд ва дар партави он роҳи рушд ояндаи хешро равшан мекунанд. Танҳо андешаи миллӣ қодир аст, ки дар дуроҳаи манфиатҳои фардӣ ва манфиатҳои миллӣ шахсро ба азхудгузаштагӣ водор намояд, то ҷое ки шахс бо ризояти қалбӣ ҷон, дороӣ ва хостаҳову орзуҳои шахсии хешро фидои манфиатҳои миллӣ мекунад. Бинобар ин, андешаи миллӣ на танҳо неруи ваҳдатсоз, балки қаҳрамонофар аст.
Аммо он чи андешаи миллиро шакл медиҳад, аз ду омили асосӣ иборат мебошад: якум таърих, забон, дин, урфу одат ва зеҳнияти миллист ва дуюм талабот ва тақозои воқеияти ҷаҳони имрӯз аст. Бе донистану фаро гирифтани омили якум, омили дуюм дар ташаккули андешаи миллӣ чандон корагар намебошад. Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат дар мактаби давлатдории хеш омӯзиши таърих, таҷлили санаҳои таърихӣ ва ҷашну маросимҳои аҷдодӣ, бузургдошти шахсиятҳои миллӣ ва ифтихор аз гузаштагони оламшумули миллиро ҳамчун омили муҳими таҳкимбахши ваҳдати миллӣ истифода намуда, бо назарошти воқеиятҳои ҷаҳони имрӯз ва таъмину бароварди ниёзҳои феълии ҷомеа давлатро идора менамоянд. Ин нуктаро муҳаққиқ бо овардани порае аз андешаҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин ба субут расондааст: “Омӯзиши таърих ва таҷрибаи дар тули асрҳо андӯхтаи миллатамон ба мо барои бунёд кардани давлати пешрафта, тараққихоҳ ва сулҳдӯст, инчунин, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи сиёсӣ ва дар қалби мардум баланд бардоштани эҳсоси гарми ватандориву ватандӯстӣ ва худогоҳиву худшиносии миллӣ мисли обу ҳаво зарур аст” (саҳ. 31-32).
Бояд гуфт, ки иқдоми дар таърихи миллат бесобиқаи Пешвои миллат дар мавриди ба ҳар хонадони мардуми Тоҷикистон туҳфа намудани шоҳасари аллома Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон” маҳз бо мақсади ташаккул ва тақвияти андешаи миллии муосирон амалӣ мегардад. С.Ятимов ин нуктаро дар рисола хеле возеҳ баён намудааст: “Сарвари давлат, ки тамоми мушкилоти давлатсозии навини тоҷиконро бо чашми дил дида, бурду бохти дунёро санҷида, аз хокистари сӯзон мулки сарсабз сохтааст, дар пешгуфтор ба китоби академик Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” таҳти унвони “Сарчашмаи худшиносии миллӣ” равшан, возеҳ ва бо қотеият мефармояд: “Агар кас гузаштаи аҷдоди худро надонад, инсони комил нест”” (саҳ. 33).
Муҳаққиқ дар бахши “Забони модарӣ” мавзуъро аз назари таҳлилӣ мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор дода, дидгоҳи Пешвои миллатро оид ба масъалаи забони модарӣ ҳаматарафаву ботафсил ба хонанда муаррифӣ менамояд. Андешаҳои Сарвари давлат оид ба забони тоҷикӣ дар мадракҳои таърихӣ, такомул ва сайри таърихии забони тоҷикӣ дар замони китобати “Авасто”, аҳди исломии рисолати забони тоҷикӣ дар хилофату мамолики минтақа, забони тоҷикӣ дар замони шуравӣ ва ҷойгоҳу рисолати он дар даврони Истиқлоли давлатӣ хеле ҷолибу омӯзанда мебошад.
Махсусан, андешаҳои эшон дар бораи хостгоҳи забони тоҷикӣ ва таъсири он дар фарҳанги минтақа ва ҷаҳон бо такя ба далелҳои раднопазири илмӣ фахровару андешапарвар аст: “Фаромӯш набояд кард, ки забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз қадимтарин забонҳои зиндаи ҷаҳон маҳз дар Мовароуннаҳру Хуросон ташаккул ёфта, ба эҳёи тафаккури миллии форсизабонон ва густариши адабиёти классикии тоҷику форс замина гузоштааст” (саҳ. 41).
Ғамхорӣ нисбат ба забони тоҷикӣ ба ҳеҷ ваҷҳ маънии танг кардани мавқеи забонҳои дигарро дар мамлакат надорад. Зеро омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ҳифзи забонҳои миллатҳои дигари сокини Тоҷикистон дар сиёсати Пешвои миллат дар авлавият қарор дошта, худ мефармояд: “Дар бораи забони давлатӣ сухан ронда, мо ҳеҷ гоҳ роҳ намедиҳем, ки ба забонҳои миллатҳои дигари ҳамватанамон беэътиноӣ сурат гирад. Баръакс, мо ба забон, фарҳанг ва мактабҳои миллатҳои бародари худ эҳтиром дорем ва ҳамеша ғамхорӣ хоҳем кард” (саҳ. 49).
Бахши дигари бисёр муҳими рисоларо масъалаи таълиму тарбия ва одобу ахлоқ ташкил медиҳад. Муҳаққиқ итминон дорад, ки ҳама гуна ҷавҳари давлатдорӣ дар вобастагии ногусастанӣ бо тарбияи инсон қарор дорад. Аз ин рӯ, ӯ самаранокӣ ва тавоноии давлатро дар “коштан”-и арзишҳои маънавӣ, маданӣ, дарки илмии ҳастии олам ба хотири таъмини рушд ва суботи ҷомеа мебинад. Воқеан, масъалаи таълиму тарбия ва одобу ахлоқ як ниёзи мубраму доимӣ дар ҳамаи ҷомеаҳои инсонӣ аз сароғози таърих то рӯзгори мо маҳсуб мешавад.
Зимни таҳлили масъала муҳаққиқ иброз медорад, ки “Тарбияи инсон дар таълимоти Пешвои миллат, ки назария ва амалияи давлатдории навини тоҷикро бунёдгузорӣ кардааст, аз мавзуъҳои марказӣ, рӯзмарра, калидӣ эълон гардидааст ва амалан пайгирӣ карда мешавад.
Сарвари давлат ба маърифатнокӣ, тахассусмандӣ, маънавиёти ба манфиатҳои миллӣ созгор, яъне дараҷаи сифатии миллат таваҷҷуҳи бузург зоҳир мекунад (саҳ. 50).
Дар замони мо ниёзи мубрам ба масъалаи таълиму тарбия ва одобу ахлоқ, пеш аз ҳама, боз дар он зоҳир мешавад, ки ба туфайли рушди босуръати технологияҳои муосири иттилоотию шабакаи интернет ва истифодаи васеи онҳо аз сӯи ҷомеа, хусусан ҷавонону наврасон, ки ҳамчун қишри осебпазир дар маърази таҳоҷуми мустақими иттилоотӣ ва фарҳангии бегона қарор мегиранд, масъулияти давлат ва ҷомеаро дар ин корзор чанд баробар афзун менамояд. Раванди ҷаҳонишавӣ дар баробари ҷанбаҳои мусбат тарафҳои манфӣ низ дорад, ки мавриди ҳадафи ҷаҳонсолорон қарор гирифтани арзишҳои миллии кишварҳо, аз қабили забони модарӣ, фарҳанг, суннат, анъана, урфу одатҳо, андеша ва зеҳнияти миллӣ, хатари бузурге ба ҳастии миллат ва бақои давлат мебошад. Бинобар ин, ягона абзори коромад ва василаи муқовимат бо ин таҳдид ин бо исрори том ба роҳ мондани таълиму тарбия ва одобу ахлоқи ҷомеа бо мақсади ҳифзи ҳувият, ваҳдати миллӣ ва бақои давлат маҳсуб мешавад.
Бо дарназардошти аҳамияти масъала С. Ятимов ин нуктаро бозгӯ мекунад: “Дар ҳидоятҳои Сарвари давлат таълим ҳамчун қисмати ҷудоинопазири тарбия тафсир мегардад. Меафзояд, ки падару модар, мактаб дар зеҳни ҷавонон ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми калонсолон, зарурати омӯзиши илму донишро ҷой кунанд.
Мувофиқи таъкиди Пешвои миллат, зарур аст, ки насли ҷавон ба омӯхтани таърих, адабиёт ва фалсафаи қадими худ фаро гирифта шавад (саҳ. 51).
Нақши зиёиён ҳамчун қишри фазосоз дар муҳити иҷтимоӣ, маърифатандӯзӣ ва зеҳниятсозии насли ҷавон, таблиғи ормонҳову арзишҳои миллию умумибашарӣ ва дар маҷмуъ, ҳидояти ҷомеа ба сӯи ояндаи равшан ва зиндагии шоиста хеле амиқу ҳалкунанда мебошад. Бо дарназардошти ҳамин воқеият муҳаққиқ бахши поёнии рисоларо “Дар бораи зиёиён” унвон кардааст.
Муаллиф баҳсро аз шарҳи вожаи “зиё” дар луғатҳои тафсирӣ шуруъ намуда, роҷеъ ба моҳият ва рисолати зиёӣ дар ҷомеа, дар афкори донишмандону ҷомеашиносони маъруфи ҷаҳон мурур карда, сипас ба таҳлили дидгоҳи Пешвои миллат ба масъалаи зиёиён мепардозад. Бардошти ӯ аз ин мавзуъ бисёр шаффофу равшан аст: “Пешвои миллат зиёиёнро “нигаҳбони арзишҳои маънавии халқ ва миллати худ” номбар карда, сиёсати фарҳангиро аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти давлатӣ эълон намудааст” (саҳ. 58).
“Сарвари давлат бар ин ақида аст, ки зиёиён равшангари роҳи миллатанд ва адабиёт муҳимтарин воситаи таъмини манфиатҳои миллӣ мебошад» (саҳ. 62).
Дар маҷмуъ, китоби С.Ятимов “Хирадсолорӣ ва оини давлатдорӣ” рисолаест, ки муҳимтарин самтҳои идеологияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ ва инъикос менамояд. Муаллиф кӯшидааст, ки бахшҳои таркибии сиёсати созандаи Пешвои миллатро ҳамчун як назарияи консепсионӣ дар ин рисола фаро гирад ва бояд гуфт, ки муҳаққиқ дар анҷоми ин вазифаи муҳим муваффақ гардидааст. Китоб аз арзиши баланди илмӣ-таҳқиқотӣ бархӯрдор буда, дастури муҳиме дар мавзуи омӯзиши мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад.
Абдухалил ҒАФУРЗОДА,
ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.05.2022 №: 86 Мутолиа карданд: 630