иқтисод
КИРМАКПАРВАРӢ. ТО КУҶО МУВАФФАҚЕМ?!
Миллати тоҷик аз давраҳои қадим ба кирмакпарварӣ ва истеҳсоли матоъҳои абрешимӣ таваҷҷуҳи хос дошт. Бахусус, сокинони шаҳри Хуҷанд ва навоҳии атрофи он, дар ин самт ном бароварда буданд. Дар шаҳрҳои бостонии мо, ба монанди Бухорову Самарқанд, санъати кирмакпарварӣ ва истеҳсоли абрешим ривоҷу равнақ дошт. Дар шаҳри Хуҷанд маҳаллаҳои бофандагон ва ресандагон аз оммавияти ин ҳунар дарак медоданд. Устоҳои дукондор бо истифодаи абрешим ва нахи пахта газворҳои хушсифат омода мекарданд.
Замони шуравӣ дар шаҳр таъсиси комбинати шоҳибофӣ бесабаб набуд. Зеро, таърихан, шаҳри Хуҷанд макони абрешимбофӣ маҳсуб меёфт. Дар колхозу совхозҳо пилла мепарвариданду ҳамчун маҳсулоти аввали хоҷагии қишлоқ ба хирмани давлат мерехт. Мутаассифона, чанд соли охир таваҷҷуҳ ба кирмакпарвариву абрешимбофӣ коҳиш ёфт. Дар Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ низ таъкид гашт, ки ба ин соҳаи хоҷагии халқ – пиллапарварӣ хатари аз байн рафтан таҳдид мекунад. Аз ин лиҳоз, Президенти мамлакат баён доштанд: «Ҷиҳати рушди соҳаи пиллапарварӣ ва шоҳиву атласу адрасбофӣ, ки барои таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави кор, бахусус барои занону бонувон, имконият медиҳад, сохтору мақомоти дахлдорро зарур аст, ки истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷударо таъмин намоянд».
Ба андешаи инҷониб, парвариши кирмаку тут, рӯёндани пиллаи хушсифат на танҳо аз лиҳози иқтисодӣ, балки аз ҷиҳати нигоҳ доштани фарҳанги кирмакпарварӣ ҳам, муҳим аст. Дар шаҳри Хуҷанд ва дигар минтақаҳои пиллапарвар тули асрҳо ривоятҳо, суннатҳо ва маросимҳои марбут ба кирмаку пилла мавҷуд буданд, ки ҳоло ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтаанд. Бовар аст, ки баробари рушди пиллапарварӣ, унсурҳои фарҳангии он низ аз нобудшавӣ эмин мемонанд.
Агар ба фарҳанги кирмакпарварии мардум назар афканем, дар шинохти баргҳои дарахти тут, бемориҳои кирмак, тарзи буридани навдаҳо, тайёр кардани барг барои кирмак, бастани даста, ғанггузорӣ ва ғайра донишҳои мардумӣ ва фолклори бузург ба вуҷуд омадаанд. Санъати парвариши дарахти тут ҳам таъриху таҷрибаи чандасра дорад. Барои мисол, дарахтҳои «Тути калон», «Тути бузург»-и мавзеи Панҷшанбеи шаҳрро мисол оварда метавонем, ки таърихи зиёда аз 800-сола доранд.
Дар робита ба парвариши дарахтони тут, дар Паёми Президент таъкид гашт: «…замини тутзорҳо ба муддати 10 сол аз пардохти андози ягонаи замин, инчунин, шахсони ҳуқуқие, ки ба коркарди пилла ва истеҳсоли матоъҳои шоҳӣ, атласу адрас ва дигар маснуоти бофандагии дастӣ машғуланд, аз пардохти андозҳо пурра озод карда шаванд».
Албатта, чунин пешниҳод барои рушди парвариши дарахти тут, ки баргҳои онро кирмак хӯрда, аз он нахи абрешимро дар намуди пилла ҳосил мекунад, зарур мебошад. Солҳои охир бо сабаби камтаваҷҷуҳӣ ба кирмакпарварӣ, ба дарахтони тут низ беэътиборӣ зоҳир мегашт ва баргу навдаи он барои парвариши чорво истифода мешуд. Гумон мекунам, ки баъд аз Паём масъулон нисбат ба ин масъала бештар мароқ зоҳир менамоянд.
Ба андешаи мо, ба санъати пиллапарварӣ ва шоҳӣ, атласу адрасбофӣ таваҷҷуҳ кардани Пешвои миллат бесабаб нест. Он ҳамчун унсури фарҳангӣ дар байни мардуми мо ҷой дошт ва ғамхорӣ нисбат ба ҳифзи он маънои онро дорад, ки Президенти муҳтарамамон ҳомӣ ва тарғибгари мероси фарҳанги ғайримоддии миллат мебошанд. Дур нест он рӯз, ки кирмакпарварӣ, матоъҳои шоҳӣ ва атласу адрас ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ҳамчун унсури фарҳанги миллӣ ба қайд гирифта шаванд.
Ислом РАҲИМОВ,
декани факултети забонҳои шарқи ДДХ
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.05.2022 №: 86 Мутолиа карданд: 1209