иҷтимоиёт
МУЪМИНОБОД. БА ШАРОФАТИ “ҶУМҲУРИЯТ” КАМБУДИҲО БАРТАРАФ ГАРДИДАНД
Чанд рӯз қабл дар мавриди техникаҳои таъмирталаб ва дар ҳолати ногувор қарор доштани КДФ “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и ноҳияи Муъминобод дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” матлабе нашр гардид. Фароҳам набудани шароити корӣ масъулонро водор карда буд, ки барои кашондани партовҳо аз ароба истифода баранд ва ин мушкили ҷиддии ниҳоди мазкур ба ҳисоб мерафт. Баъди нашри мақола, бо супориши Давлатзода Усмон Гул, директори генералии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, Ҷабборзода Хуршед Бурӣ, муовини директори генералии корхонаи зикргардида, ба ноҳияи мазкур ташриф оварда, аз вазъи кунунии муассисаи фавқуззикр дидан ва барои ҳалли камбудиҳо мусоидат ҳам, кард.
Маврид ба зикр аст, ки бо дастгирии Давлатзода Усмон Гул, директори генералии корхона, техникаҳо пурра тармим гардида, айни замон дар ҳолати корӣ қарор доранд. Ба гуфтаи мутасаддиён, корхонаи болозикр бояд бо техникаҳои кории наву замонавӣ таъмин гардад, зеро муҳлати истифодаи техникаҳои кории корхона кайҳо гузаштааст.
Табиист, ки иддае аз соҳибмансабон матлабҳои танқидиро ислоҳи камбудӣ қабул надоранд. Вале бо корбарии худи Давлатзода дар муддати ду рӯз мушкилӣ бартараф шуд. Умедворем, ки масъулон барои таъмини техникаҳои партовкашонии ҷавобгӯ ба талаботи имрӯза мусоидат менамоянд.
Суннати СОДИҚ,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.05.2022 №: 86 Мутолиа карданд: 491