Хабарҳо
Хаскаш Абдуллоев: «Мо бояд сулҳро қадр кунем»
Мир 24. Собиқадор Хаскаш Абдуллоев аз Тоҷикистон ба садсолагии худ тайёрӣ мебинад. Ӯ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар муҳорибаҳо барои Курск иштирок намуда, даҳҳо шаҳрҳои дигари Иттиҳоди Шуравиро озод кардааст, - мегӯяд хабарнигори «МИР 24» Азиза Азиззода.
Вай дар синни 17-солагӣ ба фронт рафта, ҷангҳои вазнинро то ҳол дар хотир дорад.
«Дар ҷанг ду маротиба ярадор шудам. Бори аввал аз китфи чап ва баъд аз як сол аз дастам. Дӯстонро аз даст додам. Ҳоло ту зиндаӣ ва пас аз панҷ дақиқа нестӣ. Сулҳро қадр кардан лозим аст»,- гуфт Хаскаш Абдуллоев.
Интиқоди СММ аз Амрико
Lenta.ru. Стефан Дюжаррик, намояндаи расмии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, аз Амрико барои надодани раводид ба дипломатҳои рус интиқод намуд ва муҳим будани қабули ҳамаи дипломатҳоро ба Амрико, ки корашон дастрасӣ ба қароргоҳи ин Созмонро тақозо менамояд, таъкид кард.
Хотирнишон намуд, ки ин масъала дар ҷараёни гуфтугӯ бо ҳукуматдорони Амрико ба унвони мизбон борҳо матраҳ шудааст. «Мо дар ин бора мустақиман бо онҳо суҳбат кардем ва дар гуфтугӯҳои баъдӣ баррасӣ ин мавзуъро идома хоҳем дод. Муҳим ин аст, ба ҳар касе, ки дар СММ фаъолият дорад, иҷозат дода шавад, то ба ИМА биёяд ва дар ин вохӯриҳо иштирок намояд”, - гуфт ӯ.
Котиби генералии ОПЕК: «Ҷуброни содироти нафти Россия ғайриимкон аст»
РБК. Кишварҳои содироткунандаи нафт иқтидори озод барои ҷуброни содироти ашёи хоми Россия ба миқдори беш аз 7 миллион баррел дар як шабонарӯзро надоранд, - иброз дошт Муҳаммад Баркиндо.
Котиби генералии ОПЕК Муҳаммад Баркиндо дар ҷаласаи Кумитаи муштараки техникии ОПЕК+ гуфт, ки кишварҳои дигари содироткунандаи нафт наметавонанд ҳаҷми интиқоли нафти Россияро ҷуброн намоянд. Ӯ афзуд, ки талафоти содироти Россия барои бозори сӯзишворӣ назаррас хоҳад буд.
Дар нимаи моҳи апрел, Баркиндо, аллакай, Иттиҳоди Аврупоро ҳушдор дода буд, ки таҳримҳои феълӣ ва оянда алайҳи Россия метавонанд дар бозори нафт ба далели имконнопазирии иваз кардани ҳаҷми аздастрафта таконҳои ҷиддӣ ба бор оваранд.
Макрон: «Фаронса шомил шудани Ҳиндустонро ба узвияти доимии Шурои амнияти СММ дастгирӣ мекунад»
ТАСС. Фаронса Ҳиндустонро шарики муҳими стратегӣ медонад ва аз шомил шудани он ба узвияти доимии Шурои амнияти СММ пуштибонӣ мекунад. Дар ин бора дар изҳороти муштараки Президенти Фаронса Эммануэл Макрон ва Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди, ки шоми панҷшанбе пас аз мулоқоти онҳо дар Париж нашр шуд, - гуфта мешавад.
«Фаронса дастгирии доимии худро аз дархости Ҳиндустон барои узвияти доимӣ дар Шурои амнияти СММ ва, инчунин, узвият дар гурӯҳи таъминкунандагони ҳастаӣ тасдиқ кард», - гуфта мешавад дар баёния. Париж изҳори омодагии худро барои идомаи ҳамкории зич дар доираи G20 баён менамояд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5036