Хабарҳо
ҲАНГОМАИ НАВБАТИИ «РЕАЛ». Ё ЧӢ ТАВР ТИМИ ШОҲОНА БА ФИНАЛ БАРОМАД?
«Манчестер Сити», ки дар бозии аввали даври нимниҳоии Лигаи қаҳрамонҳо «Реал» (Мадрид) - ро шикаст дода буд (4:3), дар вохӯрии ҷавобӣ (варзишгоҳи Сантяго Бернабеу, шаҳри Мадрид) ба таври ҳангомавӣ бо ҳисоби 3:1 мағлуб гардид.
Қисми аввал бидуни гол анҷом ёфт. Дар нимаи дуюм аввалин шуда, меҳмононро Рияд Марез (дақ.73) ба пеш баровард. Вале дар дақиқаи 90-ум Родриго ҳисобро баробар намуда, ҷолибиятро дар қувваозмоӣ «зинда» кард. Пас аз як дақиқаи дигар боз ӯ гол зад ва таносуб аз рӯи ду бозӣ баробар (5:5) шуд. Дар нимаи аввали вақти изофӣ бозигарони «Манчестер Сити» қоидаро дар ҷаримагоҳашон вайрон намуданд, ки довар зарбаи 11-метра таъин кард. Карим Бензема (дақ.95) зарбаро ба ҳадаф расонд ва тими шоҳона ба финал баромад.
Хосеп Гвардиола, сармураббии «Манчестер Сити», бохти тимашро чунин шарҳ дод: “Мо наздик будем, аммо дар ниҳоят ба финал роҳ наёфтаем. Ҳама чиз одист. Дар нимаи аввал мо ба қадри кофӣ бозӣ карда натавонистем, ҳарчанд мушкили ҷиддие надоштем. Баъди гол беҳтар бозӣ кардем. «Реал» 10 дақиқаи охир бо қувваи зиёд ҳамла кард ва бозигарон фишорро ҳис мекарданд ва мехостанд муваффақ шаванд, вале футбол пешгӯинашаванда аст. Шумо бояд онро қабул кунед».
Карло Анчелотти, ки баъд аз ғалабаи шогирдонаш пирӯзиро бо ашки шодӣ истиқбол намуд, таассуроташро аз бозӣ чунин гуфт: «Гуфта наметавонам, ки мо ба чунин зиндагӣ одат кардаем, аммо чизе, ки имрӯз рӯй дод, аллакай «ПСЖ» ва «Челси» «шаҳд»-и онро чашиданд. Ин ба мо чӣ хел даст медиҳад? Таърихи «Реал» ба мо кумак мекунад, ки таслим нашавем, вақте ки гӯё, аллакай бозиро бохтаем. Мо бо рақиби пурқувват бозии хуб доштем. Вақте ҳисобро баробар кардем, дар вақти иловагӣ бартарии равонӣ доштем».
Дар зӯрозмоии финалӣ «Реал» бо «Ливерпул» (28 май, варзишгоҳи «Стад де Франс», Фаронса) неру месанҷанд.
Барои сармурабии «Реал» қувваозмоӣ бо «Ливерпул» бозии қусурист, зеро дар финали мавсими 2004/2005, ки ӯ «Милан»-ро роҳбарӣ мекард аз ин тим ба таври ҳангомавӣ шикаст хӯрд.
«Ливерпул» низ ба «Реал» қасд дорад, чунки онҳо дар финали мавсими 2017/2018 аз дастаи шоҳона мағлуб гардида буд.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5251