Хабарҳо
"АМОНАТБОНК". БОВАРИ МАРДУМ ДАР ҲОЛИ АФЗОИШ АСТ
Кормандони филиали № 69-и Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ноҳияи Ванҷ, баҳри дар амал татбиқ намудани нишондодҳои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии кишвар саъю талош доранд, - иброз дошт Усмон Тӯфонов, мудири филиал.
Бояд гуфт, ки тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар низоми бонкдорӣ як қатор пешравиҳо ба мушоҳида мерасанд. Аз ҷумла, филиали «Амонатбонк» дар ноҳияи Ванҷ фаъолияти худро аз рӯйи низоми нави бонкдорӣ, истифодаи техника ва таҷҳизоти муосир ба роҳ мондааст. Ҳоло ду дастгоҳи бонкомат шабу рӯз бенуқсон кор мекунаду нарасидани пули нақд ба мушоҳида намерасад.
Дар маркази ноҳия ва ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти ба номи Муҳаммадулло Абдуллоев, Язгулом, Вотхуд, Ҷовидон, Техарв ва Рованд 7 нуқтаи хизматрасонии бонкӣ фаъолият дорад. Аз ҳама муҳимаш он аст, ки дар нуқтаҳои хизматрасонии бонкӣ бонувон ҳам, пурмаҳсул меҳнат мекунанд. Сокинони шаҳраки Рохарв ва деҳоти Ванҷи Боло, Язгулом ва Вотхуд дар вақти зарурат ба осонӣ маош ва нафақаи худро мегиранд, дигар навбатпоӣ ба мушоҳида намерасад. Хоҳишмандон, пеш аз ҳама, ҷавонон имсол аз «Амонатбонк» назар ба солиёни пеш маблағи зиёдтарро бо фоизи кам қарз гирифта метавонанд, то ки барои рушди тиҷорат истифода баранд.
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5294