Хабарҳо
Нахустин ҷаласаи як Ситоди муҳим
Таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи Ситоди доимамалкунанда аз ҳисоби роҳбарони якчанд мақомоти марказӣ ва вилояти Хатлон ҷиҳати иҷрои дастурҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар машварати корӣ бо фаъолони вилояти Хатлон 24 феврали соли 2022 баён доштанд, баргузор гашт.
Тавре аз Вазорат хабар доданд, раиси ҷаласа Раҳим Саидзода гуфт, ки дар мулоқоти Пешвои миллат тамоми паҳлуҳои соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилоят таҳлил шуда, роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳои он ва вазорату идораҳои дахлдор дастур гирифтанд, ки баҳри бартараф намудани мушкилоти мавҷуда тадбирҳои амалӣ андешанд.
Бо ин мақсад, нақшаи чорабиниҳо ба тасвиб расид, ки банди 39 он таъсиси Ситоди доимоамалкунанда аз ҳисоби роҳбарони мақомоти марказӣ ва вилоятро дар соҳаи иҷтимоӣ тақозо менамояд. Аз ҷониби муовини Сарвазир М. Сатториён ҳайати Ситод тасдиқ гардида, аъзои он вазифадор шуданд, ки соҳаи иҷтимоии вилоятро омӯхта, ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти мавҷуда тадбирҳо андешанд.
Ҷамолиддин Абдуллозода миссияи Бонки ҷаҳониро ба ҳузур пазируфт
Зимни мулоқоти вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо миссияи навбатии Бонки ҷаҳонӣ гуфта шуд, ки Бонки ҷаҳонӣ шарики боэътимоди стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, бо дастгирии Бонки мазкур дар кишвар як қатор лоиҳаҳо дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ татбиқ мешаванд.
Роҳбари дафтари намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон аз ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳавасмандии хешро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба иброз намуд.
Мулоқот бо президенти иҷлоси 76-уми Маҷмаи умумии СММ
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷуразода зимни иштирок дар мубоҳисаи “Дар марказ гузоштани соҳаи сайёҳии устувор ва пойдор ҷиҳати барқарорсозии фарогир” дар Ню-Йорк бо президенти иҷлоси 76-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Абдулло Шаҳид мулоқот кард.
Онҳо аз аҳамияти чорабинии мазкур барои баррасии мушкилиҳои соҳа дар пасманзари ҳамагирии коронавирус ва дигар чолишҳои ҷаҳони имрӯза суҳбат намуда, барқарорсозии зудтари ин соҳаро барои рушди кишварҳои рӯ ба тараққӣ амри зарурӣ хонданд.
Лоиҳаи Кодекси иттилоотӣ баррасӣ шуд
Саидмурод Фаттоҳзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, дар мулоқот бо роҳбари дафтари САҲА дар Тоҷикистон Вук Жугич гуфт, ки таҳияи лоиҳаи Кодекси иттилоот дар рушди қонунгузории Тоҷикистон иқдоми зарурӣ ба ҳисоб меравад.
Кодекс асосҳои ҳуқуқии фаъолияти иттилоотӣ, таъмини амнияти иттилоотӣ ва принсипҳои соҳаи иттилоотиро муқаррар карда, муносибатҳои иттилоотиро ба танзим дароварда, вазъи ҳуқуқии иштирокчиёни муносибатҳои иттилоотро муайян менамояд. Он ба татбиқи ҳуқуқи дастрасӣ, ҳифзи иттилоот ва муқаррар кардани реҷаҳои ҳуқуқии иттилоот равона шудааст.
«Дар раванди таҳияи лоиҳаи мазкур намояндагони ВАО, коршиносон ва мутахассисони соҳаҳои гуногун, инчунин, САҲА саҳми арзанда гузоштанд. Ин лоиҳа маҳсули фаъолияти сесолаи гурӯҳи корӣ ба шумор рафта, такмили он аз талаботи равандҳои имрӯзаи соҳа бармеояд», - гуфт С. Фаттоҳзода.
Таъкид шуд, то имрӯз вобаста ба соҳаи иттилоот дар ҷумҳурӣ 10 қонун, як консепсия ва як стратегияи давлатӣ қабул шудаанд, ки моҳияти умумии онҳо аз тавсеа ва рушди соҳа, таъмини дастрасии бештари шаҳрвандон ба иттилоот иборат мебошад.
Ҷаласаи назоратии назди раиси ВМКБ
Дар ҷаласаи назди раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ масъалаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят, супоришҳои протоколӣ, омодагӣ ба Рӯзи Ғалаба, назорати фазои иттилоотӣ, таъиноти кадрӣ дар раёсати ҷавонон ва варзиш баррасӣ гардиданд.
Аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар доданд, ки вобаста ба назорат намудани фазои иттилоотии вилоят ва ҳамкорӣ бо расонаҳои расмии ҷумҳуриявӣ ва ташвиқу тарғиби сиёсати давлат дар фазои иттилоотӣ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилоят Ғолиб Ниятбеков гузориш дод.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 6612