logo

қарорҳои ҳукумат

ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН аз 26 апрели соли 2022, № 178, шаҳри Душанбе

Дар бораи Тартиби баргардонидани маблағи барзиёд баҳисобгирифташудаи андоз аз арзиши иловашудаи нисбат ба маблағи ҳисобшудаи андоз дар давраи андозӣ
Мутобиқи моддаи 274 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби баргардонидани маблағи барзиёд баҳисобгирифташудаи андоз аз арзиши иловашудаи нисбат ба маблағи ҳисобшудаи андоз дар давраи андозӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Маблағи аз буҷети ҷумҳуриявӣ баргардонидашавандаи андоз аз арзиши иловашуда, ки Тартиби мазкур муайян менамояд, дар қисми хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли тақвимӣ пешбинӣ карда шавад.
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи андозеро, ки Тартиби мазкур муайян менамояд, аз ҳисоби андоз аз арзиши иловашудае, ки ба буҷети ҷумҳуриявӣ ворид шудааст, баргардонад. Маблағи баргардонидашудаи андоз аз арзиши иловашуда дар қисмҳои даромад ва хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ ба ҳисоб гирифта шавад.
4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2005, № 175 «Дар бораи Тартиби аз буҷети ҷумҳуриявӣ баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда» аз эътибор соқит дониста шавад.
 
Раиси Ҳукумати 
Ҷумҳурии Тоҷикистон      Эмомалӣ РАҲМОН
 
 
 
 
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2022, № 178 тасдиқ шудааст
Тартиби баргардонидани маблағи барзиёд баҳисобгирифташудаи андоз аз арзиши иловашудаи нисбат ба маблағи ҳисобшудаи андоз дар давраи андозӣ
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1.Тартиби баргардонидани маблағи барзиёд баҳисобгирифташудаи андоз аз арзиши  иловашудаи нисбат ба маблағи ҳисобшудаи андоз дар давраи андозӣ (минбаъд – Тартиб) тартиби баргардонидани маблағи барзиёд баҳисобгирифташудаи андоз аз арзиши иловашударо ба андозсупоранда муайян менамояд.
2.Баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда нисбат ба андозсупорандагони зерин тибқи тартиб амалӣ карда мешавад:
- андозсупорандагоне, ки амалиётҳои онҳо бо меъёри сифрии андоз аз арзиши иловашдуа андозбандӣ мешаванд;
- андозсупорандагоне, ки маблағи баҳисобгириф-ташудаи андоз аз арзиши иловашуда нисбат ба маблағи ҳисобкардашудаи онҳо барзиёд мебошад.
3. Баргардонидани маблағи андоз аз арзиши иловашуда бо тартиби зерин амалӣ карда мешавад:
- барзиёдии маблағи андоз аз арзиши иловашудаи баҳисобгирифташаванда нисбат ба маблағи ҳисобшудаи он дар давраи ҳисоботии андоз аз ҷониби мақомоти молия якҷо бо мақомоти андоз дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ аз лаҳзаи аз ҷониби мақомоти андоз гирифтани аризаи андозсупорандае, ки амалиётҳои он бо меъёри сифрӣ андозбандӣ мешаванд, аз буҷети дахлдор баргардонида мешавад;
- маблағи барзиёд баҳисобгирифташудаи андоз аз арзиши иловашудаи андозсупорандагоне, ки амалиётҳои бо меъёри сифрӣ андозбандишаванда надоранд, барои пӯшонидан (баҳисобгирӣ)-и уҳдадориҳои андозии шаш давраи минбаъдаи андоз аз арзиши иловашуда гузаронида мешавад. Ҳама гуна бақияи зиёдатӣ дар давоми 30 рӯзи баъд аз гузаштани шаш давраи андозӣ бо роҳи пайдарҳамии дар банди 4 ҳамин Тартиб пешбинишуда аз буҷети ҷумҳуриявӣ баргардонида мешавад.
4. Маблағи барзиёд баҳисобгирифташудаи андоз аз арзиши иловашуда ба суратҳисоби бонкии андозсупоранда пас аз иҷрои пайдарҳамии амалҳои зерин баргардонида мешавад:
- ба ҳисоб гирифтани андоз аз арзиши иловашуда ба ҳисоби пардохти андози мавҷудбудаи ин супорандаи андоз аз арзиши иловашуда аз рӯи қарзи дигар андозҳо (ба истиснои андоз аз даромади шахсони воқеӣ), аз ҷумла пӯшонидани қарзи андоз аз арзиши иловашуда барои давраҳои пешинаи андоз;
- пӯшонидани маблағи андоз аз арзиши иловашудае, ки ҳангоми воридоти молҳо пардохт карда мешавад;
- ба суратҳисоби бонкии андозсупоранда гузарондани маблағҳое, ки баъди иҷрои амалҳои пешбиникардаи сархатҳои якум ва дуюми ҳамин банд боқӣ мондаанд.
5. Дар сурати аз ҷониби мақомоти андоз ошкор гардидани ҳолатҳои ба андозсупоранда иштибоҳан барзиёд баргардонидани маблағи андоз аз арзиши иловашуда, мақомоти андоз дар доираи муҳлати даъво тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории андоз чунин маблағҳоро бозпас меситонад.
6. Андозсупоранда ҳуқуқ дорад баргардонидан ё ба ҳисоб гирифтани аблағи андоз аз арзиши иловашударо дар доираи муҳлати даъво, ки қонунгузории андоз муқаррар намудааст, талаб намояд.
7. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯйи воҳидҳои сохтории мақомоти молияро, ки амалиётҳои баргардонидани андоз аз арзиши иловашударо аз буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом медиҳанд, муайян менамояд.
2. ҲУҶҶАТҲОЕ, КИ БА МАҚОМОТИ АНДОЗ БАРОИ БАРГАРДОНИДАНИ МАБЛАҒИ БАРЗИЁД БАҲИСОБГИРИФТАШУДАИ АНДОЗ АЗ АРЗИШИ ИЛОВАШУДА ПЕШНИҲОД КАРДА МЕШАВАНД
8. Андозсупорандае, ки амалиётҳои он бо меъёри сифрӣ андозбандӣ шудааст, барои баргардонидани маблағи барзиёд баҳисобгирифташудаи андоз аз арзиши иловашуда ҳуҷҷатҳои зеринро ба мақомоти андоз пешниҳод менамояд:
1) эъломияи андоз аз арзиши иловашуда барои давраи андозӣ;
2) хулосаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар бораи тасдиқи саҳеҳияти маблағи андоз аз арзиши иловашудаи баргардондашаванда;
3) ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи содироти мол, ки дар моддаи 255 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд:
- эъломияи гумрукии бор, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда шудааст;
- шартномаи (қарордоди) таҳвили мол;
- нусхаи ҳисобнома – фактура, борхат, коносамент бо қайди мақомоти гумрукии дар гузаргоҳи сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъгардида ва дар ҳолати таҳти низоми гумрукии «Содирот» тавассути хатҳо интиқол додани қувваи барқ, инчунин санади қабул ва супоридани мол низ пешниҳод карда мешавад;
- ҳуҷҷатҳои пардохтӣ ва иқтибос аз ташкилоти қарзии молиявӣ (нусхаи иқтибос), ки воридоти воқеии даромади асъорро аз содироти мол ба суратҳисобҳои андозсупоранда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамоянд;
4) ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи содироти мол ба давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳуҷҷатҳои дар зербандҳои 1) ва 2) ҳамин банд зикргардида, инчунин  нусхаи эъломияи гумрукии бори дар кишвари воридоти мол барасмиятдаровардашуда мебошад. Мутобиқи созишномаҳои байналмилалии андоз мақоми  ваколатдори давлатӣ метавонад тартиби дигари тадиқи содироти мол ба давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро муқаррар намояд.
5) дар ҳолати амалӣ намудани содироти минбаъдаи молҳои қаблан берун аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти низоми гумрукии «Коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ» баровардашуда ё маҳсулоти коркарди онҳо, тасдиқи содирот мутобиқи зербандҳои 1) 2) ва 3) ҳамин банди Тартиб, инчунин дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин анҷом дода мешавад:
- эъломияи гумрукии бор, ки таҳти низоми гумрукии «Коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ» ба расмият дароварда шудааст;
- эъломияи гумрукии бор, ки мутобиқи он низоми гумрукии «Коркарди берун аз ҳудуди гумрукӣ» ба низоми гумрукии «Содирот» тағйир дода шудааст;
- нусхаи эъломияи гумрукии бор, ки дар ҳудуди давлати хориҷӣ таҳти низоми гумрукии «Коркард» дар ҳудуди гумрукӣ» ба расмият дароварда шудааст;
- нусхаи эъломияи гумрукии бор, ки таҳти низоми гумрукии «Содирот» ҳангоми баровардани мол ё маҳсулоти коркарди он аз ҳудуди давлати коркарди мол ба расмият дароварда шудааст ва онро мақомоти гумруки барасмиятдароварда тасдиқ кардааст.
9. Андозсупорандае, ки маблағи андоз аз арзиши иловашудаи барзиёд пардохташуда ва ситонидашуда дорад, тибқи моддаҳои 116 - 118 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргардонидан бо ариза ба мақомоти андоз муроҷиат менамояд.
10. Ҳуҷҷатҳои дар банди 8 Тартиби мазкур дарҷгардида барои тасдиқи асоснокии баргардонидан (баҳисобгирӣ) – и андоз аз арзиши иловашуда аз ҷониби шахсоне, ки дар банди 2 ҳамин Тартиб зикр шуда, баргардонидани андозро талаб менамоянд, пешниҳод карда мешаванд.
11. Мақоми ваколатдори давлатӣ асоснокии ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида оид ба баргардонидани андоз аз арзиши иловашударо баррасӣ карда, аз натиҷааш ба муроҷиаткунанда хабар медиҳад. Инчунин, дар ҳолати зарурӣ ба мақомоти молияи дахлдор оид ба баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда хулоса пешниҳод менамояд.
 
 
ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 
аз 26 апрели соли 2022, № 180, шаҳри Душанбе
Дар бораи Номгӯй ва меъёрҳои истеҳсоли нӯшокиҳои спиртдор барои истеъмоли худӣ аз ҷониби шахси воқеӣ, ки аз пардохти адози аксиз озод  мебошанд
Мутобиқи моддаи 286 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Номгӯй ва меъёрҳои истеҳсоли нӯшокиҳои спиртдор барои истеъмоли худӣ аз ҷониби шахси воқеӣ, ки аз пардохти андози аксиз озод мебошанд, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июли соли 1999, № 292 «Дар бораи муқаррар намудани лимити ба машрубот аз ангур, мева ва  буттамева, ки аз ҷониби шахси воқеӣ истеҳсол мешаванд ва барои истеъмоли худӣ истифода шуда, андозбандӣ намегардад» аз эътибор соқит дониста шавад.
 
Раиси Ҳукумати 
Ҷумҳурии Тоҷикистон      Эмомалӣ РАҲМОН
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.05.2022    №: 87    Мутолиа карданд: 4622
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед