иҷтимоиёт
ДИЛОВАРОН. РӮЗГОРИ ИБРАТОМӮЗИ СЕ БАРОДАРЕ, КИ ЯКЕ ДАР ҶАНГ ҲАЛОК ШУД
Се бародари ҳамтан, аз як падару модар, дар Истаравшан таваллуд шуда, зиндагӣ мекарданд. Додоҷон Бойматов, солҳои сиюми қарни гузашта, аз байни бародарон нахустин шуда, ҳамчун муҳоҷир ба водии Вахш омада, дар азхудкунии заминҳои лабташна иштирок ва баҳри зиёд намудани истеҳсоли маҳсулот, аз ҷумла пахта саҳми арзанда гузоштааст. Соли 1944 аз модараш нома гирифт. Модар бо сӯзу гудоз навиштааст, ки додараш Шароф соли 1942 ба ҷанги зидди фашистон сафарбар шуда буд, мардонавор меҷангид, вале дар яке аз муҳорибаҳои хунин бедарак гаштааст. Додоҷон ихтиёрӣ ба фронт рафт. Каландро бо камон иваз намуд. Бо чандин ордену медалҳо ва бо Ғалаба баргашт, вале аз додараш Шароф дигар хабаре нарасид, ҳатто хати сиёҳаш ҳам наомад.
Асат Бойматов, яъне бародари сеюм, аз зодгоҳаш соли 1943 ба ҳимояи Модар – Ватан даъват гардида, баъди гузаштани дарсҳои омӯзишӣ дар шаҳри Тошканд, дар ҳайати полки 17-уми тирандозӣ дар торумор кардани душман дар шаҳру ноҳияҳои Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Беларус иштирок дошт. Дар озод намудани шаҳру ноҳияҳо аз фашистони истилогар саҳми босазо гузоштааст. Дар муҳорибаҳои зиёде ба муқобили фашистони истилогар ҷангид.
Дар яке аз муҳорибаҳо, ҳангоми озод намудани шаҳри Кенигсберг, аз тири душман маҷруҳ шуда, дар госпитали Витебск табобат мегирад. Баъди шифо ёфтан ва Ғалаба бар фашизм боз як сол дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмати ҳарбиро идома дода, дар барқарору бунёди роҳу пулҳо, иншооти Ҷумҳурии Беларус ҳисса гузоштааст.
Корнамоиҳои ҷангӣ ва меҳнатии ӯ бо орденҳои Нишони фахрӣ, Ҷанги Бузурги Ватанӣ дараҷаи 1, медалҳои Барои ҷасорат, Барои Ғалаба бар Германия, Барои озод намудани Кенигсберг, медалҳои 20, 40 ва 50-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945, Барои меҳнати шоён Бахшида ба 100-солагии рӯзи таваллуди Владимир Илич Ленин, медалҳои Жуков, Собиқадори меҳнат, инчунин, чандин сипосномаҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ ва роҳбарони ҳарбӣ қадр шудаанд. Соли 1946 ба ноҳияи Вахш омад, зеро модару дигар пайвандонаш ин водии зархезро ҷойи зист интихоб намуда буданд. Солиёни зиёд баҳри ободии ин водӣ саҳми созгоре гузоштааст.
Дар водии Вахш корнамоиҳои меҳнатии ин абармарди шуҷоъ, дар азхудкунии заминҳои бекорхобидаю туғайзор вирди забонҳост. Соли 1961 вакили Шурои депутатҳои халқи Ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш интихоб мегардад. То соли 1980 ба ҳайси колхозчӣ фаъолият намуда, сипас ба нафақа мебарояд. Фидокории Асат Бойматов на танҳо боиси ифтихори пайвандон ва хешу ақрабо аст, балки корномаи ӯ барои насли имрӯзаю оянда рӯзгори ибратомӯзист.
Дар арафаи Рӯзи Ғалаба ёдовар шудан аз корнамоиҳои бародарон дар тарбияи насли наврас дар руҳияи ватанпарварию хештаншиносӣ ва меҳнатдӯстию ободкорӣ аҳамияти хосса дорад. Дар ҳақиқат, корномаи инсонҳои сарсупурдаю ҷонфидо, ки барои осоиштагии инсонҳо ҷон дар хатар гузоштаанд ва дар ин роҳ бисёриҳо ҷони азизи худро аз даст додаанд, аз хотираи таърих ва халқ фаромӯш намегардад.
Музаффар МУРОДОВ,
бойгоншиноси дастгоҳи раиси вилояти Хатлон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 06.05.2022 №: 87 Мутолиа карданд: 498