logo

фарҳанг

«ЭДИП» - ЧЕМПИОНИ ҶАҲОН» АРМУҒОНИ КАМОЛОТИ ҲОШИМ ГАДО

Артисти халқии СССР, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаву унвонҳои олии ватаниву хориҷӣ Ҳошим Гадо ҷилди 604-уми осори худро бо номи «Эдип» - чемпион мира» («Эдип» - пештози ҷаҳон») ба чоп расонд.
Ин китоб бештар ва пештар дар бораи нақши мондагори ҳунарманд – образи Шоҳ Эдип нақл мекунад. Бештари мунаққидон ва коршиносони ҳунари театрӣ аз байни садҳо образҳои офаридаи Ҳошим Гадо Эдипро бо ибораи «инқилоби Ҳошим Гадо» ситоиш кардаанд.
Директори вақти театри Дӯстии халқҳои шаҳри Москва Михаил Чигир ба ин намоиш чунин баҳо додааст: «Аз тамошои намоиши «Эдип», ки коргардон ва офарандаи нақши асосияш – шоҳ Эдип Ҳошим Гадоев мебошад, ончунон ба ваҷд омадам, ки қудрати баёнаш надорам. Дар Ҷопон ба актёр унвон ё орден намедиҳанд. Актёрони бузурги онҳо сарвати миллӣ маҳсуб меёбанд. Ҳошим Гадоев актёри бузург ва сарвати халқи тоҷик мебошад. Агар намояндагони ин халқи шариф, ки ҳоло дар толор нишас-таанд, розӣ бошанд, пешниҳод мекунам, ки Ҳошим Гадоев сарвати халқи рус низ эълон карда шавад».
«Эдип» қуллаи эҷоду кофтуков ва аз нодиртарин бозёфти Ҳошим Гадост. Муҳаррири масъули китоб Л. Жданова дар оғози «Эдип» - пештози ҷаҳон» аз суханони Павел Чхеидзе, журналисти номвар иқтибос овардааст: «Ҳошим Гадо як ҷаҳони кулл, як падидаи номафҳум, мушкилмаърифат ва пур аз тазод аст. Гоҳо ӯро дар симои як шахсияти муассир ва мағрур бинем, дар ҳолати дигар кӯдаки якраву маъсум дармеёбем».
Асари зикршуда бори аввал дар соли 1987 дар Москва намоиш дода шуда,   мардуми нуқтасанҷи русро водошт то ба шукӯҳи ҳунари як тоҷик ангушти ҳайрат бигазанд. Бори дувум намоиш ба Рӯзҳои фарҳанги пойтахти Тоҷикистон дар пойтахти Россия – Москва (1997) рост омад ва он сол ҳамзамон театр 850-солагии худро таҷлил мекард. Дар он замон, ки на танҳо баъзе кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, балки худи Россияро низ инқилобҳои сурх фаро гирифта, мардум ниёзмандии шадидро ба ахлоқ эҳсос мекараданд, «Эдип» барои тарғиби маънавият, покизагии ботин ва бозгӯии бисёр масъалаҳои ҳассос ёрдам кард.
Бештари ҳунаршиносон барои он ба нақши офаридаи қаҳрамони мо имон овардаанд, ки бозидани он барои актёрҳо хеле сангин аст, дар ҳоле ки Ҳошим Гадо бештар аз 100 бор ин нақшро дар саҳнаҳои Душанбеву Москва офарид. Ба як овоз таъкид кардаанд, ки Эдип яке аз образҳои душворфаҳму пуртазод ва аз назари психологӣ хеле мушкили осори Софокл аст. Такрор ба такрор бозидани ин нақш ба асаби ҳунарманд бетаъсир намемонад.
Дар китоб шеъри «Актёр»-и шоири маъруф Мастон Шералӣ оварда шуда, аз ин боб қисса мекунад:
Зи номи дигаре гуфтор кардан,
Ба хулқи рафтае рафтор кардан.
Набошад кори осон рӯи саҳна
Гузаштадаврае такрор кардан.
 
Китоби ёдшуда, ки аз 134 саҳифа иборат аст, ҳазорон иқтибосу навишта ва гуфтаҳои мунаққидони бузурги театри синамо, журналистон, адибон ва мухлисонро фаро мегирад. 
Ёдовар шудан бамаврид аст, ки дар остонаи ҷашни камоли Ҳошим Гадо филми мустанад дар бораи ҳаёту фаъ-олияти воқеии ӯ – «Ман» рӯи экранҳо омад. Тамошои ин филм барои бештар шинохтани ин симои беназири санъати театр ва синамо хеле муфид аст.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.05.2022    №: 88    Мутолиа карданд: 1665
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед