logo

иҷтимоиёт

ФОРИШ. МЕҲР ДАР ЧАШМ АСТ

Фориш яке аз ноҳияҳои қадимтарин ва калонтарини Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ҳисоб меравад. Дар ноҳияи мазкур баробари миллату халқиятҳои дигар, ӯзбекон ва тоҷикон низ, аз қадим дӯстонаву аҳлона зиндагӣ менамоянд. Деҳаҳои тоҷикнишини Порашт, Ӯхм, Моҷарм, Арсаф, Андагин ва Ҳаёт аз рустоҳои қадимтарини ноҳия маҳсуб мегарданд, ки дар осори таърихӣ ба таърихи беш аз дуву нимҳазорсолаи онҳо ишора шудааст.
Дар 5 муассисаи таълимии деҳаҳои мазкур аз ибтидои таъсисашон таълим пурра ба забони тоҷикист. Ҷонибеки Қувноқ, Пайванди Гулмурод, Расул Шарифов,  Қироншоҳ Шарифзода, Ҳотам Муртазоев, Холназар Ӯролов барин дастпарварони мактабҳои мазкур дар пешрафти илму маориф ва журналистикаи ҳам Ӯзбекистону  ҳам Тоҷикистон саҳми босазо доранд.
Табиати деҳаҳои мазкур, ки дар оғӯши кӯҳҳои сарбафалаки Нурато мавқеъ гирифтаанд, зебову дилкаш буда, сокинонаш расму оинҳои ба худ хосро тули садсолаҳо ҳифз кардаанду гиромӣ медоранд. 
Барои тамошои табиати зебою нотакрори ин мавзеъҳо, тасвирҳои рӯисангӣ (петроглифҳо), набототу ҳайвонот, бахусус ғурмҳои Мамнуъгоҳи Нурато, дарахти арчаи сеҳазорсола сайёҳони дохилию хориҷӣ мунтазам ташриф меоранд. Ба хотири рушди сайёҳӣ, соҳибкорони ин деҳаҳо бо дастгирии ҳукумат даҳҳо меҳмонхонаҳо бунёд карда, инчунин, дар доманаи кӯли Айдар – Арнасой, ки дар поёни деҳаҳои мазкур ҷойгир аст, даҳҳо меҳмонхонаҳои замонавӣ, бошгоҳҳо барои автотуристҳо ва тарабхонаҳо сохта, қабул ва хизматрасонии сайёҳонро ба таври намунавӣ ба роҳ мондаанд.
Дар ҳудуди ноҳия мавзеъҳои дорои аҳамияти таърихӣ низ кам нестанд. Сарбанди таърихии асри X дар наздикии шаҳри Хонбандӣ яке аз онҳост. Бино ба маълумотҳо, сарбанд бо фармони амирони Сомонӣ сохта шудааст. Аз ин ҷост, ки Хонбандӣ ном дорад.
Ё арчаи сеҳазорсолаи деҳаи Моҷарм яке аз бузургтарин дарахтони сӯзанбарг дар ҷаҳон аст. Ин арчаи азим дар назди харобаҳои масҷиди бостонӣ дар ҳудуди мамнуъгоҳи давлатии «Нурато» сабзида, бо қутри қариб 24 - мет-ра, баландии 20-метра таваҷҷуҳи сайёҳонро ба худ ҷалб месозад. Мегӯянд, ки садсолаҳо пеш, ковокии танаи арча барои кӯдакони деҳа ҳамчун мактаб хидмат кардааст. Сафи сайёҳони дохиливу хориҷӣ барои дидани ин муъҷизаи табиат рӯз ба рӯз меафзояд.
- Ман солҳо боз ба сайёҳон хизмат мерасонам, – мегӯяд роҳбари Маркази экотуризми оилавии “Ҳаёт” Нарзулло Мӯсоев,  – хонаи мо дар доманаи кӯҳҳо, дар сарҳади мамнуъгоҳи “Нурато” воқеъ аст. Дар паҳлуи мо «парваришгоҳи ғурмҳо» (як навъи бузи кӯҳӣ) мавқеъ дорад. Ба мо бештар сайёҳони хориҷӣ аз Англия, Олмон, Фаронса, Италия, Малайзия, Русия меоянд. Онҳо ба тамошои манзараҳои нотакрори кӯҳистон, ғурмҳои кӯҳӣ ва расмҳои петроглифҳои рӯи харсангҳо бештар шавқ доранд. Савори асп ё хару шутур сайр кардан, бо тарзи зиндагии мардуми деҳот шинос шуданро дӯст медоранд. Меҳмонони хориҷӣ баробари аз манзараҳои кӯҳсор дидан кардан, имконияти аз муъҷизаҳои табиати Айдаркӯл низ баҳраманд шудану аз таъми моҳиҳои нодири он лаззат бурданро доранд.
Аз он шодам, ки ба наздикӣ сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода дар доираи сафарашон ба деҳаҳои тоҷикнишини қаторкӯҳҳои Нурато, як шаб меҳмони мо шуданд. Мехостам дар баробари сайёҳони хориҷӣ сафи сайёҳони тоҷикистонӣ низ зиёд бошад.  
Дар ҳақиқат, имрӯз бо саъю кӯшиши роҳбарони муҳтарами ду давлати дӯсту бародар Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои дӯстона ва накуҳамсоягӣ, робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангии халқҳои тоҷику ӯзбек ба зинаи сифатан нав баромад. Муҳимтар аз ҳама, сарҳадҳо боз гардида, рафтуомади шаҳрвандони ҳар ду кишвар барқарор шуд. Бо сабаби коронавирус як муддат мусофират қатъ гардид, вале ҳамакнун марзҳо боз, имкони рафтуомади мардумони ба дидори якдигар муштоқ бештар гардид. 
Боздид аз шаҳрҳои таърихии Ӯзбекистон, тамошои масканҳои таърихӣ, табиати нотакрор, набототу ҳайвоноти нодири деҳаҳои Фориш моро ба ёди гузаштагон, сайри таъриху тамаддуни бостон ва илму адаби оламгирамон хоҳад бурд.
 
Раҳимшоҳ  ШАРИФЗОДА,
вилояти  Ҷиззахи  Ҷумҳурии  Ӯзбекистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.05.2022    №: 88    Мутолиа карданд: 476
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед