logo

иҷтимоиёт

ЯЗГУЛОМ. ФАРДО АЗ ИМРӮЗ ШУКУФОНТАР МЕШАВАД

- Пеш аз Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамоати деҳоти Язгулом аз ҷиҳати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ яке аз мавзеъҳои қафомондаи ноҳияи Ванҷ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шумор мерафт, - гуфт дар суҳбат  котиби Ҷамоати деҳот Зуҳро Шошоева.- Ҳамаи  роҳу пулҳо дар ҳолати  вайронӣ ва садамавӣ қарор доштанд. Мардум борҳоро харакӣ ва пуштора ба деҳаҳои дурдаст ва баландкӯҳи Андарбак, Жамаг ва Зайч мекашонданд.  Сокинони  8 деҳаи  Ҷамоати деҳот  аз норасоии қувваи барқ танқисӣ доштанд. Киштзорон ва боғҳои деҳаҳои Вишхарву  Андарбак ва Дашти Язгулом аз беобӣ хушк мегардиданд.  Биноҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, асосӣ ва ибтидоии деҳаҳои Мотравн, Шавуд, Будун,  Вишхарв, Андарбак ва Жамаг, ки  ҳанӯз солҳои панҷоҳум ва шастуми асри  XX сохта шуда буданд, дар ҳолати садамавӣ қарор  доштанд.
Баъди сафарҳои кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалҳои ободонӣ, бунёдкорӣ ва созандагӣ оғоз гардида, мушкилоти мардум аз миён бардошта шуданд. Дар аввали солҳои соҳибистиқлолӣ бо иштироки Роҳбари давлат Неругоҳи барқи обии «Андарбак» бо тавоноии 450 киловатт - соат сохта, мавриди истифода қарор гирифт, хати баландшиддати барқии 35- киловолтаи Вомар -  Шидз- Деҳ- Шпад- Язгулом аз ҷониби ширкати «Помир энерҷӣ» кашида шуд. Ҳоло сокинони Ҷамоати деҳоти Язгулом 24 соат аз неруи барқ истифода мебаранд.
Файзу баракати даврони истиқлол ба он мусоидат намуд, ки роҳи мошингард то охирин деҳаи водӣ – деҳаи  Зайч аз ҷониби коргарони Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди  ноҳияи Ванҷ бо дастгирии Вазорати нақлиёт ва ёрии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёд гардид. Дар нахустин солҳои соҳибистиқлолӣ пули мошингузар дар мавзеи Шавуд - Будун аз болои дарёи Язгуломоб сохта шуд. Ҳамчунин, бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд аҳолии ҳамаи деҳаҳо бо оби ошомиданӣ ва киштзорону боғоти деҳаҳои Мотравн, Дашти Язгулом, Андарбак ва Вишхарв бо оби полизӣ таъмин шуда, биноҳои муассисаҳои таълимии ҳудуди ҷамоат навсозӣ ва таъмиру таҷдид гардиданд. Бинои дуошёнаи маъмурии ҷамоати деҳот, беморхонаи минтақавӣ, ду маркази саломатӣ ва се бунгоҳи тиббӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.
Аҳолии деҳоти водии Язгулом аз он шоданд, ки дар доираи сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чор пули мошингузар дар мавзеъҳои Андарбак, Вишхарв ва Жамаг бунёд меёбад ва мошинҳо то охирин деҳаҳои  кӯҳистон борҳои заруриро дар чор фасли сол  мекашонанд. 
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.05.2022    №: 88    Мутолиа карданд: 315
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед