Хабарҳо
“ИСТИҚЛОЛ” – БАРАНДАИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2022
Тими “Истиқлол” бо шикаст додани “Хуҷанд” (1:0, муаллифи гол Рустам Соиров) бори 11-ум ғолиби Суперҷоми Тоҷикистон шуд.
Қаблан, «Истиқлол» суперҷомро солҳои 2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016, 2018, 2019, 2020 ва 2021 ба даст оварда буд.
МУСОБИҚАИ РУШДИ УЕФА
Наврасони тоҷик зинаи дуюмро гирифтанд
Мунтахаби Тоҷикистон (U-16) таҳти роҳбарии Зайниддин Раҳимов дар мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА (Македонияи Шимолӣ) бо 5 хол мақоми дуюмро касб кард.
Бар пояи иттилои ФФТ, наврасони тоҷик Гондурасро (3:1) шикаст дода, аз тимҳои Македонияи Шимолӣ (вақти асосӣ – 3:3, дар пеналти – 4:5) ва Косово (вақти асосӣ – 0:0, аз рӯи пеналти – 3:4) мағлуб шуданд.
«Порту» қаҳрамони 30-каратаи Португалия
Дастаи футболи «Порту» пеш аз муҳлат қаҳрамонии Португалия шуда, 30-юмин чемпиониашро дар таърихи тим сабт намуд.
Ҳамакнун дар мавсими нав дар ЛЧ Португалияро дастаҳои «Порту» ва «Спортинг» намояндагӣ мекунанд. Тими «Бенфика» дар Лигаи Аврупо ҳунарнамоӣ менамояд.
Медали биринҷии Фирӯз аз мусобиқаи байналмилалӣ
Паҳлавони тоҷик Фирӯз Мирзораҷабов дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштии юнонӣ-римӣ ба хотираи Жаксилик Ушкемпиров миёни ҷавонони то 20-сола (Нур-Султон, Қазоқистон) медали нуқра гирифт.
Фирӯз дар вазни 60кг бар се ҳарифаш пирӯз омада, дар финал аз варзишгари мизбон мағлуб гардид
ҶИЛОИ СИТОРАИ НАВ ДАР ҶАҲОНИ ТЕННИС
Теннисбози 19-солаи испанӣ Карлос Алкарас ба таври ҳангомавӣ ғолиби мусобиқоти «Мастерс-1000» (Мадрид) гардид. Ӯ дар вохӯрии ҳалкунанда Андрей Зверевро (Олмон) ноком кард.
Теннисбози ҷавон то роҳ ёфтан ба финал ракеткаи якуми ҷаҳон Новак Ҷокович ва Рафаел Надалро шикаст дод.
Маҳмуд БАҲРОМ,
шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2574