фарҳанг
МИСЛИ РУСТАМ ВА СУҲРОБ ҚАҲРАМОНӢ КАРД
Абдушукур Пирмуҳаммадзода драматург, тарҷумон ва луғатнигори номвари тоҷик буда, соли 1912 дар деҳаи Боғи Майдони Самарқанд ба дунё омад. Дар 18 - солагӣ бо тавсияи устод Садриддин Айнӣ ба шуъбаи самарқандии Нашриёти давлатии Тоҷикистон ба симати тарҷумон ва муҳаррир ба кор омад.
Ин ҷавони донишёр чунон чусту чолок ва хушзеҳн будааст, ки ҳатто ӯро барои танзими аввалин луғати русӣ -тоҷикии Кумитаи тоҷикшиносии Вазорати маорифи Тоҷикистон давъат мекунанд.
Абдушукур Пирмуҳаммадзода соли 1934 ба Душанбе омада, дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон фаъолият ва дар Донишкадаи педагогии пойтахт таҳсил мекард. Тарҷумонӣ дар кори эҷодии ӯ бо пажӯҳиш якҷо идома меёфт. Дар баробари тарҷумаи як силсила асарҳо барои кӯдакон, ҳамчунин, дар мавриди осори Тарас Шевченко, Шота Руставели ва Владимир Маяковский мақолаҳо менависад. Адабиётшиноси хушсалиқа Абдухолиқ Набавӣ ӯро аз аввалин ноқидони адабиёти кӯдак медонад.
Ба драматургия низ завқи зиёд дошт. Соли 1935 дар меҳвари «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ ва дар ҳаммуаллифӣ бо Ғанӣ Абдулло намоишномаи «Рустам ва Суҳроб»-ро навишт. Соли 1940 омодагиҳо ба Даҳаи санъати тоҷик дар шаҳри Москва оғоз ёфта, «Рустам ва Суҳроб» аз нав ба маркази таваҷҷуҳ оварда шуд. Абдушукур Пирмуҳаммадзода ин бор бо намоишноманависи рус В. Волкенштейн ҳамкорӣ карда, асари мазкурро пурра таҳрир ва такмил дод.
Худи ҳамон сол Абдушукур бо тавсияи масъулин дар шуъбаи сенаристии Институти умумииттифоқии кинематографияи шаҳри Москва пайи таҳсил шуд.
Намоиш дар даҳа баҳои баланд гирифт. Пас аз тамошои он, дар маросими ҷамъбасти даҳа (соли 1941) Сталин тоҷиконро ситоиш карда, ворисони Фирдавсӣ будани ин миллатро махсус таъкид намуд. Яъне, муаллифи намоишнома дар баробари дигарон барои муаррифии санъат, ҳунар ва адабиёти тоҷик саҳми арзанда гирифт.
Азбаски бо кино ва театр робитаи мустақим дошт, дар ин росто чанд мақолаи хубе навишт, ки барои нақди ҳунари намоишӣ замина гардид.
Соли 1941, соле, ки шукуфтани истеъдод ва нубуғи қаҳрамони мо оғоз меёфт, фашистон ба Иттиҳоди Шуравӣ бо аҳдшиканӣ ҳамла оварданд ва Пирмуҳаммадзода бо ихтиёри худ ба майдони набард рафт.
Номаҳои аз фронт ба унвони бародараш – Абдусалом Деҳотӣ навиштаи ӯ, ки дар маҷаллаи «Шарқи Сурх» (имрӯза «Садои Шарқ») соли 1964 ба чоп расидаанд, хеле хонданиянд ва як ҷаҳон дарду ормон ва орзуҳои дили бедори қаҳрамони моро бозгӯ мекунанд.
Дар муҳорибаҳои сангини давраи аввалин ҷанг иштирок намуд ва сад дареғ, ки соли 1942 дар наздики Москва шаҳид шуд. Ёду ёдгораш барои ҳамеша назди наслҳои имрӯзу оянда азиз хоҳад буд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.05.2022 №: 88 Мутолиа карданд: 1710