иҷтимоиёт
КҲФ. 520 ҲОДИСА ЗИЁДА АЗ 4 МИЛЛИОН СОМОНӢ ХИСОРОТ ОВАРД
Давоми се моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 520 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулода ба қайд гирифта шуда, дар 19 ҳолат ба иқтисодиёти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зарар расондааст. Маблағи умумии хисорот 4 миллиону 235 ҳазору 400 сомониро ташкил дод. Инчунин, дар 3 ҳолат 5 шаҳрванди ҷумҳурӣ ба ҳалокат расид. Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва сохторҳои он 23 шаҳрванди дигарро наҷот доданд.
Тавре Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумита, иттилоъ дод, ки ҳамзамон, ҳангоми гузарондани корҳои наҷотдиҳӣ 200 нафар ба ҷойҳои бехавф кӯчонда шуд. Мутахассисони кумита оид ба муоинаи иншооти муҳандисӣ (роҳҳо, хатҳои барқ, алоқа, қубурҳои обгузар ва ғайра), иншооти муҳофизатӣ (сарбандҳо, заҳбурҳо, наҳрҳо ва соҳилбандӣ), иншооти муҳофизатии мудофиаи гражданӣ (паноҳгоҳҳо, паноҳгоҳҳои зиддирадиатсионӣ, таҳхонаҳою зертаҳхонаҳо) ва назорати омода сохтани онҳо дар ҳолатҳои фавқулода корҳои зиёди муфидро ба сомон расондаанд.
Тибқи маълумот то имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷиҳати гузарондани корҳои соҳилбандӣ, рехтани тахтасангҳои оҳану бетонӣ, сохтани пулҳо бо мақсади пешгирии офатҳои табиат, захиракунии семент дар ноҳияҳои Вахш, Панҷ, Кӯшониён, Абдураҳмони Ҷомӣ, Восеъ, Темурмалик, Шамсиддин Шоҳин, Балҷувон, Фархор, Муъминобод, Хуросон анҷом ёфтанд. Инчунин, дар ҳудуди вилоят 2233 тахтасанги оҳану бетонӣ, аз ҷумла дар ноҳияҳои Кӯшониён 175, Панҷ 772, Фархор 496, Темурмалик 85, Восеъ 97 ва дар қисми ҳарбии 45085-и Кумита 608 адад захира гардид. Дар иншооти обтакшинкунӣ дар мавзеи Чубеки ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бошад, 8000 тахтасанг захира шудааст.
Бо мақсади ба роҳ мондани корҳои пешгирикунанда аз офатҳои табиӣ ва таъмини корҳои соҳилбандӣ ҷиҳати рехтани тахтасангҳои оҳану бетонӣ ва бофтани симтӯрҳо аз ҳисоби Барномаи рушди СММ масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили 660 тонна семент, арматура ва сим барои бунёди 15 қолаб ҷиҳати рехтани тахтасангҳои як метри мукааб ба Кумита дастрас гашт.
Дар робита ба ин, аз ҷониби Кумита дар як қисми ҳарбӣ коргоҳи рехтани тахтасангҳои оҳану бетонӣ ва симтӯрбофӣ ташкил шуд. Аз ҳисоби сементи захирашуда бо дархости Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат 5 тонна, шаҳри Норак 4 тонна, ноҳияи Файзобод 5 тонна ва ноҳияи Шуғнон 15 тонна барои соҳилбандӣ ҷудо гардид.
Тибқи дархостҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Балҷувон, Восеъ, Данғара ва шаҳри Кӯлоб барои гузарондани корҳои соҳилбандӣ 500 метри мукааб симтӯр ба ҳар як ноҳия ва шаҳр дастрас шуд.
Илова бар ин, тибқи қарорҳои раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ «Дар бораи тасдиқ намудани нақшаи пешгирикунандаи ҳолатҳои фавқулода бо мақсади пешгирии эҳтимолияти сар задании офатҳои табиат дар мавсими баҳору тобистони соли 2022 оид ба андешидани чораҳо ҷиҳати тайёрӣ ба офатҳои табиӣ» ба тасвиб расида, корҳо дар ин самт марҳила ба марҳила идома доранд.
Нигина РАҲМОН, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.05.2022 №: 88 Мутолиа карданд: 332