сиёсат
ТЕРРОРИЗМ. МАВҚЕИ ДУРУСТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШИНОХТИ ТАҲДИДҲО
7 майи дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои гуногуни дохиливу хориҷӣ партоби мушак аз қаламрави Афғонистон ба марзи Тоҷикистон ба як ҳодисаи хабарсоз табдил ёфт. То нашри ахбори расмӣ (8 май, 12:49) расонаҳои кишвар дар такя ба манобеи худ қазияро гуногун шарҳ медоданд.
ТИРҲО ТАСОДУФАН БА ҲУДУДИ КИШВАР ГУЗАШТААНД
Дар робита ба ин ҳодиса АМИТ «Ховар» бо истинод ба хабари маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон навишт: «Тибқи ахбори расмии намояндаи неруҳои марзбонии «Толибон» дар минтақаи Хоҷа Ғори вилояти Тахори Афғонистон, дар рӯбарӯи дидбонгоҳи сарҳадии № 12-и Отряди сарҳадии «Панҷ», 7 майи соли ҷорӣ, соати 11:45 миёни қувваҳои «Толибон» ва гурӯҳи мусаллаҳи аъзоёни ташкилоти байналмилалии террористии «Давлати исломӣ» задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифта, яку ним соат идома ёфтааст. Минтақаҳои мазкур дар наздикии сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, тирҳои болозикр тасодуфан ба ҳудуди кишвар гузаштаанд. Хисороти моливу ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст».
Дар баёния гуфта мешавад, ки ҳоло аз ҷониби сохторҳои марбутаи «Толибон» дар минтақаи Хоҷа Ғори вилояти Тахор барои муайян ва безарар гардондани гурӯҳҳои террористӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда истодаанд.
Ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ ба ҳолати омодабошии пурраи ҷангӣ гузаронда шудаанд. Ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон тамоми имконият ва тавоноии ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатиро доранд.
Вазъият дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон муътадил арзёбӣ гардида, таҳти назорати марзбонони тоҷик қарор дорад.
ДИИШ МАСЪУЛИЯТРО БАР ДӮШ ГИРИФТ
Бар пояи навиштаи расонаҳои Афғонистон, «Толибон» ин ҳамларо кори дасти ДИИШ ва сокинони маҳал, кори дасти Ҷамоати Ансоруллоҳӣ арзёбӣ кардаанд. Пас аз як рӯзи воқеа пойгоҳи SITE, ки фаъолиятҳои гурӯҳҳои ифротию террористиро дар саросари ҷаҳон пайгирӣ мекунад, баёнияи ДИИШ (шохаи он дар Хуросон)-ро нашр кард, ки дар он ин гурӯҳи тундрав масъулияти партоби мушакҳоро ба уҳда гирифтааст.
Бори дуюм аст, ки дар як моҳи охир аз Афғонистон ба марзи кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамлаи мушакӣ сурат мегирад. 18 апрел ва ахиран панҷуми май низ марзи Ӯзбекистон аз вулусволии Шӯртеппаи вилояти Балх мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор гирифта буд.,
Масъулияти онро гурӯҳи террористии ДИИШ бар дӯш гирифта буд.
МАВҚЕИ ДУРУСТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШИНОХТИ ТАҲДИДҲО АЗ АФҒОНИСТОН
Пеш аз воқеаи Тоҷикистон 29 апрел нашрияи маъруфи амрикоӣ “The Diplomat” мақолаи “Islamic State in Afghanistan Looks to Recruit Regional Tajiks, Inflict Violence Against Tajikistan” (Давлати исломӣ дар Афғонистон кӯшиши ҷалби тоҷикони минтақа ва анҷоми хушунат ба муқобили Тоҷикистонро дорад)-ро чоп кард, ки дар он чунин гуфта мешавад: «ДИИШ-Хуросон таблиғоти худро миёни мардуми минтақаи Осиёи Марказӣ дар Афғонистон ва берун аз он роҳандозӣ кардааст. Дар фазои иттилоотӣ ин гурӯҳи ифротӣ кампейни (таблиғот) васееро барои ҷалби тоҷикон ҷиҳати анҷоми хушунат бар муқобили Тоҷикистон ба роҳ мондааст».
Зикр мегардад, ки, агар пештар мақомоти таблиғотии ДИИШ-Хуросон бо забонҳои пашту ва урду мавод нашр мекард, акнун ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва ғайра матлабҳо дар каналҳои Telegram паҳн мекунад. Ҳамзамон, китобҳо бо ҳуруфи кириллик ва маводи аудиоӣ низ ба забони тоҷикӣ нашр намуда, канали вижаро дар TikTok барои аудиторияи ҷавон роҳандозӣ намудааст.
Ба таъкиди Лукас Уэббер ва Рикардо Валле, муаллифони матлаб, ин гурӯҳи тундгаро кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, то мушкилро миёни «Толибон» ва кишварҳои ҳамҷавор ба вуҷуд оварда, қаламрави Афғонистонро барои анҷоми ҳамла ба ҳамсояҳо, бахусус ба Тоҷикистон, истифода кунанд. Амалиётҳои ахири ДИИШ-Хуросон дар Қундуз, Тахор ва Балх бозгӯкунандаи фаъол гардидани ин гурӯҳи террористӣ дар минтақаҳои марзӣ аст ва мушкилоти воқеиро барои Душанбе ба вуҷуд оварда метавонад.
Шералӣ Ризоён, сиёсатшиноси тоҷик, иброз дошт, ки пойгоҳҳои таҳлилӣ ва нашрияҳои машҳури ҷаҳон 10 соли ахир Тоҷикистонро аз ҳуҷумҳои эҳтимолии гурӯҳҳои ифротӣ «тарс» медоданд.
- Шароити нави шаклгиранда дар Афғонистон талаб мекунад, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ барои таъмини амнияту субот дар минтақа ва муқовимат бо таблиғи ДИИШ-Хуросон иқдомҳои муштаракро рӯи даст гиранд. Чун агар якҷоя шаванд, зарфияти бештарро нисбат ба таҳдиду хатарҳои эҳтимолӣ ва воқеӣ доро мегарданд, ки ба манфиати тамоми минтақа аст, - гуфт коршиноси тоҷик. - Нашри мақола дар “The Diplomat” ҳадсу гумонро зиёд мекунад, вале бори дигар собит менамояд, ки мавқеи Душанбе дар шинохти таҳдиду хатарҳо аз Афғонистон воқеӣ ва асосноканд. Дар ин бора аз ҷониби роҳбарияти сиёсии мамлакат дар нишастҳои байналмилалӣ ҳамеша таъкид мешавад.
Ҳаводиси ахир дар Афғонистон нишон дод, ки «Толибон» дар муқовимат бо ДИИШ ҳеҷ коре аз дасташон намеояд. Аз ин нуқтаи назар, масъала таҳдиди нооромиҳо аз Афғонистон то рафт нигаронанда мешаванд.
Маҳмуд МИРЗОЁН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.05.2022 №: 88 Мутолиа карданд: 859