Хабарҳо
КӮЛОБ. ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҒАЛАБА
Дар шаҳри Кӯлоб ба ифтихори 77- солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 чорабинии идона бо иштироки раиси шаҳр Бахтиёр Назарзода, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, собиқадорони ҷангу меҳнат ва дигар шахсони фаъол баргузор гардид. Нахуст, барои поси хотираи шаҳидони ҷанг маросими гулчанбаргузорӣ сурат гирифт.
Чорабиниро раиси шаҳр ифтитоҳ намуда, собиқадорони ҷангу меҳнат ва кулли сокинонро ба ин санаи фархунда табрик намуда, иброз дошт, ки Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои насли ҷавони имрӯза ва ояндаи кишвар дарси матонату ҷавонмардӣ буда, то абад гиромӣ дошта мешавад. Зеро он нишонаи олии ватандӯстиву фидокорӣ ва сабақи бузурги шуҷоату мардонагӣ ба хотири ҳимояи Ватан ба ҳисоб меравад. Боиси ифтихори мост, ки беш аз 260 ҳазор нафар ҷавонмардони далери Ватани мо низ дар набардҳои шадиди ин ҷанг шуҷоати бемисл нишон доданд. Зиёда аз 92 ҳазор нафари онҳо дар ҷанг ҳалок шуданд. Номи нек ва корнамоиҳои онҳо дар сафҳаи таърих бо хатҳои заррин сабт гардида, ҳеҷ гоҳ хизматҳои онҳо фаромӯш намешаванд.
Зикр гардид, ки гиромӣ доштани хотираи таърихӣ аз Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дар ин росто ҳимояи манфиатҳои ҷомеа, ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт кардани сулҳу субот ва амнияти давлат ин қарзи имониву виҷдонии ҳар яки мо мебошад. Аз ин лиҳоз, месазад, ки наслҳои имрӯзаро дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, ободкориву созандагӣ ва сулҳпарварию башардӯстӣ тарбия намоем.
Дар чорабинӣ, инчунин, сардори раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақаи Кӯлоб Раҳмон Давлатзода, раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнат дар минтақаи Кӯлоб Сайдмурод Исмоилзода ва иҷрокунандаи вазифаи раиси кумитаи кор бо ҷанговарони башардӯсти шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб Бахтиёр Раҳмонов ва дигарон бо маърузаҳои худ баромад карда, иброз доштанд, ки сокинони сарбаланди Тоҷикистон, ки даҳшати ҷангро ҳатто дар дохили мамлакат дидаанд, ба қадри сулҳу оромӣ мерасанд ва ҳамеша шукр аз он мекунанд, ки имрӯз дар Ватани ором ва фазои сулҳу суботи пойдор умр ба сар бурда истодаанд.
Дар ин рӯз як қатор собиқадорони меҳнат ва дигар шахсони фаъол бо сипоснома, ифтихорнома ва дигар туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадр гардиданд. Дар охир барномаи театрикунондашудаи бахши фарҳанги шаҳр пешкаши меҳмонон гардид.
Далер ШАРИФОВ, мудири бахши матбуоти МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2905