Хабарҳо
ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. ЖУРНАЛИСТОН БАРОИ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ДАСТ БА ДАСТИ ҲАМ ДОДАНД
Дар шаҳри Тошканд миёни Иттиҳодияи эҷодии журналистони Ӯзбекистон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Зери санад раиси ИЭЖӮ Олимҷон Ӯсаров ва раиси ИЖТ Зинатуллоҳ Исмоилзода имзо гузоштанд.
- Ин аввалин созишномаи ҳамкорӣ миёни иттиҳодияҳои журналистони ду кишвар пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатии ҷумҳуриҳост. Ин ҳуҷҷат шароит фароҳам меоварад, ки рӯзноманигорони ду мамлакати дӯсту бародар минбаъд доираи ҳамкориҳоро дар ин самт беш аз пеш вусъат бахшанд,- гуфтанд Зинатуллоҳ Исмоилзода ва Олимҷон Ӯсаров.
Дар ҷараёни имзои созишнома сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода суханронӣ карда, гуфт, ки ба сифати намояндаи ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар ба тавсеаи ҳамкориҳои миёни журналистон мусоидат хоҳад кард. Сафир аз раиси Иттиҳодияи эҷодии журналистони Ӯзбекистон даъват ба амал овард, ки панҷ журналисти кишвараш метавонанд ройгон дар осоишгоҳи «Баҳористон», воқеъ дар соҳили «Баҳри тоҷик» ба истироҳат фаро гирифта шаванд.
Дар маросим журналист ва нависандаи ӯзбектабори Тоҷикистон Ӯринбой Усмон, ки барои силсиламақолаҳояш дар бораи Ӯзбекистон ва тараннуми дӯстии халқҳо бо мукофоти «Қалами тиллоӣ»-и ИЭЖӮ қадр гардида буд, ба узвияти ин иттиҳодия пазируфта шуд.
Инчунин, журналистони тоҷиктабори муқими Ӯзбекистон Шарофат Эрматова (муаллиф ва ровии барномаи тоҷикии «Рангинкамон»-и шабакаи аввали телевизиони Ӯзбекистон), Матлуба Одинаева (муҷрии барномаи тоҷикии «Паёми рӯз»-и телевизиони вилояти Бухоро), Олимҷон Панҷизода (сардабири ҳафтаномаи хусусии «Ховар») ва Шоқаҳор Салимов узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон гаштанд.
Мирасрор АҲРОРОВ, “Ҷумҳурият”, шаҳри Тошканд
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2961