иқтисод
ЭНЕРГИЯИ ОФТОБӢ. НЕЪМАТИ ТАБИИИ ИҚТИСОДСОЗ АСТ!
Соли 2007 дар мамлакат «Барномаи комплексии мақсадноки истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007- 2015» қабул гардид. Гурӯҳи олимон бо роҳбарии собиқ саркотиби илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои кимиё Ҳаким Аҳмадов, номзади илмҳои техникӣ Қурбон Кабутов ва дигарон бо мақсади тарғиби истифодаи неруи Офтоб конфронс ва чорабиниҳои тарғиботӣ доир намуданд. Дар доираи барнома чанд обгармкунак ва неругоҳҳои офтобӣ дар минтақаҳои гуногуни мамлакат насб гардиданд. Мутаассифона, бинобар баланд будани нархи таҷҳизоти офтобӣ на ҳама имкони насбу истифодаи онҳоро доштанд.
Соли 2007 дар мамлакат «Барномаи комплексии мақсадноки истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007- 2015» қабул гардид. Гурӯҳи олимон бо роҳбарии собиқ саркотиби илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои кимиё Ҳаким Аҳмадов, номзади илмҳои техникӣ Қурбон Кабутов ва дигарон бо мақсади тарғиби истифодаи неруи Офтоб конфронс ва чорабиниҳои тарғиботӣ доир намуданд. Дар доираи барнома чанд обгармкунак ва неругоҳҳои офтобӣ дар минтақаҳои гуногуни мамлакат насб гардиданд. Мутаассифона, бинобар баланд будани нархи таҷҳизоти офтобӣ на ҳама имкони насбу истифодаи онҳоро доштанд.
Бо ташаббуси Ассотсиатсияи энергияи барқароршавандаи Тоҷикистон ва дастгирии Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 амалишавии лоиҳаи «Пешгирии ифлосшавии ҳаво ва об тавассути энергияи барқароршаванда» оғоз ёфт. Дар доираи татбиқи лоиҳа дар як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат маҷмуи таҷҳизоти энергияи офтобӣ насб гардид.
Чунончи, дар дукони кулолгарии сокини шаҳраки Шаҳринави ноҳияи Шаҳринав Фозил Носирӣ дар доираи татбиқи лоиҳа обгармкунаки офтобӣ насб карда шуд. Як соли охир дукони ӯ 24 соат бо оби гарм таъмин аст.
- Қаблан мо аз нарасидани оби гарм, махсусан дар фасли зимистон, азият мекашидем. Инак, як сол мешавад, ки баъди насби обгармкунаки офтобӣ ин мушкилӣ аз миён рафт. Ҳамеша захираи оби гарм дорем. Ҳангоми бебарқӣ ба баъзе ҳамсояҳо, ки кӯдакони хурдсол доранд, оби гарм медиҳем. Бисёриҳо ба ин восита дар бораи обгармкунаки офтобӣ маълумот гирифтанд,- мегӯяд Фозил Носирӣ.
Сокини деҳоти Сабои ноҳияи Шаҳринав Сироҷиддин Тошев бошад, дар доираи татбиқи лоиҳа соҳиби радиои «офтобӣ» шуд. Радиои мазкур тавассути панелчаи офтобӣ неруи барқро захира намуда, 2-3 шабонарӯз беист кор мекунад. Ба воситаи он телефон низ неру мегирад. Радиои «офтобӣ» чароғак (фонарик) ҳам дорад, ки рӯшноияш то дурии 80 – 100 метр мерасад. Ҳамчунин, фурӯзонаки каммасрафро барои як ҳуҷра метавон равшан кард.
- Радиои «офтобӣ», махсусан барои чӯпонон, геологҳо, занбӯриасалпарварон, кормандони хоҷагии ҷангал ва сокинони деҳот, ки дар боғу саҳро кор мекунанд, дастёри беминнат аст,- тавсия медиҳад Сироҷиддин Тошев.
Сокини деҳоти Деҳқонободи шаҳри Ҳисор Мавлуда Аҳмадова ҳам аз обгармкунак, панел ва дегдони офтобӣ истифода менамояд. Дегдони офтобӣ 2 литр обро давоми 5 - 10 дақиқа меҷӯшонад. Дар он бе истифодаи ҳезуму неруи барқ таом пухтан ё об ҷӯшондан мумкин аст.
Ҳамин гуна таҷҳизот дар ноҳияҳои Дарвоз, Шамсиддин Шоҳин, Рӯдакӣ, Дӯстӣ ва Мастчоҳи Кӯҳӣ низ насб шуда, истифодабарандагон аз кори обгармкунак, панел ва дегдончаҳои офтобӣ қаноатманданд. Зеро ба шарофати таҷҳизоти мазкур ҳар як оила баробари бо неруи барқу оби гарм таъмин шудан дар кам намудани харҷи барқи обӣ дар ҷумҳурӣ саҳм гузошта, сарфи маблағи оилаи худро кам намуданд.
Ба гуфтаи Фаррух Қосимов, мушовири Ассотсиатсияи энергияи барқароршавандаи Тоҷикистон, дар сурати оммавӣ шудани таҷҳизоти офтобӣ сифати зиндагии сокинони мамлакат беҳтар гардида, имкони ба хориҷи кишвар содирот намудани неруи барқи сарфашуда фароҳам меояд. Таҷҳизоти офтобӣ дар 3-4 сол хароҷоташро пӯшонда, 20- 25 сол хизмат мекунад.
Иҷрокунандаи вазифаи директори Ассотсиатсияи энергияи барқароршавандаи Тоҷикистон Диловар Маъмуров иброз намуд, ки обгармкунаки офтобӣ дар рӯзҳои беабри зимистон, ҳатто дар сурати 10 дараҷа сард будани ҳаво низ обро то 60 дараҷа гарм мекунад. Яъне, барои чунин таҷҳизот муҳимаш мавҷуд будани нури ростхаттаи Офтоб аст.
Шамс Назаров, доктори илмҳои кимиё, изҳор намуд, ки интенсивнокии радиатсияи Офтоб дар кишвари мо дар 1 метри мураббаъ 1000 ваттро ташкил медиҳад. Нишондиҳандаи мазкур дар муқоиса бо кишварҳои аврупоӣ, ки ҳоло таҷҳизоти офтобиро фаровон истифода мебаранд, хеле зиёд аст. Бо васеъ истифода бурдан аз неруи Офтоб ҷумҳурии мо метавонад 20 дарсади талабот ба энергияашро қонеъ намояд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ривоҷу равнақ додани энергияи алтернативӣ таъкид намуда, чунин гуфтаанд: «Таҷрибаи кишварҳои мутараққӣ нишон медиҳад, ки тавассути истифодаи энергияи Офтоб арзиши гармкунии об ва манзилро то 70 дарсад кам кардан мумкин аст. Аз ин рӯ, имрӯз дар хонаҳои шахсӣ, иморатҳои баландошёна, мактабу беморхона ва корхонаҳои саноатии кишварҳои пешрафтаи дунё барои гарм кардани об аз коллекторҳои офтобӣ истифода мебаранд».
Тавре аз таҷрибаҳо бармеояд, насби таҷҳизоти офтобӣ некуаҳволии сокинони мамлакатро беҳтар намуда, оянда боиси сарфаи маблағ ва ғанишавии буҷаи оилаҳо хоҳад шуд.
Сайфиддин СУННАТӢ,
рӯзноманигор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.05.2022 №: 89 Мутолиа карданд: 1082